logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "ҲИФЗИ БОЭЪТИМОДИ САРҲАД ОМОДАГИИ ДОИМИРО ТАЛАБ МЕКУНАД"

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ зоҳир гардид.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, “ҳифзи боэътимод аз марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад”.
Дар робита ба таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз тавсеаи ифротгароӣ таъкид гардид, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа, доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.
Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, истифодаи сарфакорона ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои моддию техникӣ ҳам дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2016    №: 29    Мутолиа карданд: 452

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед