logo

иқтисод

НИҲОЛШИНОНӢ. ҶАРАЁНИ ОН ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ, ЧАРО?

Масъулони раёсати ҳифзи муҳити зист аз ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон қаноатманд нестанд.
Солҳои қаблӣ ниҳолшинонӣ дар ноҳияҳои иқлимашон гарми ин вилоят аз охири моҳи ноябр шурӯъ шуда, то охири март идома меёфт. Аммо, азбаски зимистони имсол гарм омад ва барфи кам борид, коршиносони соҳа хавф доранд, ки агар маъракаи ниҳолшинонӣ тӯл кашад, аксари ниҳолҳо носабзида, ба  чӯби хушк мубаддал мегарданд.       
- Агар дарахтон аз ҳолати карахтӣ баромада, пеш аз муҳлат ба сабзиш оянд, он гоҳ аз кабудизоркунӣ ҳеҷ суд нест. Дар чунин ҳолат ниҳол реша давонда наметавонад, - гуфт Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори раёсат.
Ба иттилои мавсуф, то 31-уми моҳи январ ин тадбири аз ҷиҳати экологӣ муҳим дар вилоят дар маҷмӯъ 36 дарсад иҷро гардидаасту халос.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо барои таъмини сабзиши ниҳолҳо ба сохти биологии онҳо бояд таваҷҷуҳ дода шавад, муайян гардад, ки оё ниҳол ба иқлими мо мувофиқ аст ё не, барои он ки дарахтон аз гази нақлиёт ва аз тафсу гармии асфалту ҳаво хушк нашаванд, онҳоро аз роҳ  дуртар бояд шинонд, дар канори роҳҳо дарахтоне шинонда шаванд, ки газу чанги нақлиётро фурӯ бурда, ҳаворо тоза нигоҳ медоранд. 
Масъалаи дигаре, ки Ҳабибулло Қодиров аз он изҳори нигаронӣ кард, ин бепарвоӣ нисбат ба аз байн бурдани ниҳолҳои шинондашуда  мебошад. Барои мисол, соли 2015 дар робита ба расондани зарар нисбат ба 533 шахси масъул ба маблағи 96 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардида, дар 130 ҳолат барои қонуншиканӣ 251 ҳазор сомонӣ товони зарар рӯёнда шуд, ки ин хеле шигифтангез аст. Охир, агар яке ниҳол шинонаду дигаре онро беоб монад, шиканад, бурад, зарар даҳчанд хоҳад расид. Яъне, ҳам маблағу меҳнати сарфшуда ба боди фано меравад, ҳам манзараи риққатоваре чашмҳоро мехарошад. Сабзкорию ободонӣ бояд кори ҳамагонӣ бошад. Ниҳолшинонӣ ба хотири намоишкории яклаҳзаина не, балки бояд манфиатовар бошад.
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2016    №: 30    Мутолиа карданд: 428

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед