logo

иқтисод

2 МИЛЛИОН БЕХ НИҲОЛ ДАР ХАТЛОН ИНТИЗОРИ ХАРИДОР АСТ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф» - и шаҳри Қӯрғонтеппа намоиш - фурӯши ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Кормандони беш аз 100 хоҷагии махсус аз 12 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа ва  ниҳолпарварону гулпарварони инфиродӣ тухмию сабзкӯчак, қаламчаю буттаи навъҳои зиёди гулҳои бисёрсолаю мавсимӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ ва тухмии зироатҳои ба иқлими ҷумҳурӣ мувофиқи дорои шаҳодатномаи сифатро манзури харидорон ва тамошобинон намуданд.  
– Маслиҳат ин аст, ки ниҳолпарвару гулкорон маҳсулоти тайёркардаашонро навъ ба навъ дар сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дар расонаҳо таблиғ кунанд, то дар дохилу хориҷи кишвар харидору ҳамкор пайдо намоянд, - тавсия дод раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ.
– Ҳоло дар муассисаҳои кишоварзӣ 1 миллиону 807 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда, 340 ҳазор бех ниҳоли ороишию ҷангалӣ ва наздики 1 миллион дона гулҳои гуногуни аз ҷиҳати сифат ҷавобгӯйи меъёр барои фурӯш омода аст. Инчунин, ба ҷойи 9 ҳазору 600 тонна 13 ҳазору 200 тонна чигити тухмӣ захира гардидааст. Аз ин ҳисоб ду сол аст, ки чигити тухмиро ворид не, балки ба дигар минтақаҳои кишвар содир менамоем. Барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 123 нуқтаи фурӯши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 13 мағоза, таъсис ёфтааст, - иттилоъ дод Меҳнатулло Сироҷов, сардори шуъбаи Бозрасии назорати давлатии тухмии вилояти Хатлон.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2016    №: 30    Мутолиа карданд: 460

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед