logo

иқтисод

ДАНҒАРА. 100 ГЕКТАР БОҒИ ИНТЕНСИВӢ БУНЁД МЕШАВАД

Данғара дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи намоён касб мекунад. Меҳнаткашони ноҳия тайи солҳои охир майдони боғотро васеъ намуда, дар таъмини бозори ҷумҳурӣ бо меваи хушсифат саҳми назаррас мегузоранд. Заминҳои ин ноҳия барои бунёди боғ мусоид буда, аз хоки зархезаш меваҳои шаҳдбор мерӯянд.

Майдони умумии боғу токзор дар ноҳияи агросаноатӣ 5832 гектарро фаро мегирад. Боғдорони ноҳия танҳо соли 2015 дар майдони зиёда аз 200 гектар боғи нав бунёд кардаанд, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст. Ҳамчунин дар ин давра 37 гектар боғ ва 20 га токзори куҳна барқарор гардидааст. Ин иқдом на танҳо ба афзун шудани неъматҳои моддӣ, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба масъалаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд: «Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон аз 27 – уми августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловалӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014» дар майдони 50000 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардид.
Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст», - омадааст дар Паём.
Сокинони ганҷофари ноҳияи Данғара дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, дар ҳар гӯшаи бекорхобида боғ бунёд мекунанд, то маҳсулоти бозоргирро фаровон созанд.
Тибқи иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Кароматулло Назаров, соли 2015 зиёда аз 2200 тонна меваи хушсифат содирот карда шудааст, ки аз нақша зиёд аст.
Ба қавли мавсуф, қисми зиёди меваҳои истеҳсолшуда, аз ҷумла себ, ангур, шафтолу ва гелос, асосан ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон ва шаҳри Новосибирски Русия фурӯхта шудаанд.
Боғдорони ноҳия нақша доранд, ки соли 2016 ба бунёди беш аз 150 гектар боғ камари ҳиммат банданд. Мувофиқи дурнамои барномаи рушди боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020 дар ноҳия бунёди 775 гектар боғ пешбинӣ шудааст.
 Танҳо соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара зиёда аз 100 гектар боғи интенсивӣ бояд бунёд  шавад. Хоҷагии боғдории «Сомонҷон» аввалин шуда, ба бунёди боғҳои интенсивӣ оғоз намуд.
 Сокинони ганҷофари Данғара бо азму иродаи матин ва меҳнати софдилона заминҳои бекорхобидаро ба боғистон табдил дода, ба ин васила ҳам сатҳи зиндагии худро баланд менамоянд ва ҳам содироти меваи хушсифатро ба хориҷи кишвар афзун месозанд.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2016    №: 30    Мутолиа карданд: 511

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед