logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Абдураҳмони ҶОМӢ
ҲИКОЯТ
Мӯреро диданд ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:
- Ин мӯрро бубинед, ки бо ин нотавоноӣ бореро бо ин гаронӣ чун мекашад!
Мӯр чун ин сухан бишунид, бихандиду гуфт:
- Мардон борро ба неруи ҳиммат ва бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати тан ва захомати (танумандӣ) бадан.

Қитъа
Боре, ки осмону замин сар кашад аз он,
Мушкил тавон ба ёварии ҷисму ҷон кашид.
Ҳиммат қавӣ кун аз мадади раҳравони ишқ,
К-он борро ба қуввати ҳиммат тавон кашид.

 

ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО - МУЪҶИЗАИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон сарзамини муъҷизаофар аст. Табиати биҳиштосо ва обҳои мусаффои он мардуми гӯшаҳои гуногуни ҷаҳонро ба ваҷд овардаанд. Дар кӯҳҳои мамлакат қариби 8,5 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки ин 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳад.

Пиряхи Федченкоро метавон яке аз муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон ба қалам дод. Дарозии пирях 77 километр, паҳноиаш аз 1,7 то 3,1 километр ва ғафсии он то 1000 метр буда, масоҳаташ  700 километри мураббаъ мебошад.
Пиряхи Федченко ҳарчанд аз ҷиҳати масоҳат пас аз пиряхҳои Сиачен (дарозӣ 76 километр, масоҳат 750 километри мураббаъ) ва Балторо (дарозӣ 62 километр, масоҳат 750 километри мураббаъ) ҷой гирифта бошад ҳам, дарозтарин пиряхи олам ба ҳисоб меравад. 
Қисмати поёнии пирях соли 1878 аз ҷониби олими рус, тадқиқотчии Осиёи Миёна Василий Фёдорович Ошанин, қисмати мобайнӣ ва болоии он соли 1928  аз тарафи Экспедитсияи Помир кашф мегарданд.
Василий Ошанин ҳамчун аввалин кашшофи ин пирях онро ба номи дӯсташ – Федченко мегузорад. Ба гуфтаи ӯ,  ин арзи эҳтиром ба олими бузург Алексей Павлович Федченко мебошад, ки ба бисёр масъалаҳои баҳсноки география ва таърихи Осиёи Миёна рӯшанӣ андохтааст.
Алексей Федченко соли 1873 ҳангоми фатҳи қуллаи Монблан (дар ҳудуди сарҳади Фаронса ва Италия) ба ҳалокат мерасад.
Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ     

 


ДАР ОШЁНИ ОФТОБ
Ғоиб Сафарзода ҳамагӣ 32 сол (солҳои 1940-1972) зиндагӣ кард, вале бо эҷоди пурмуҳтавову навоваронааш ин ҳуқуқро пайдо намуд, ки дар мавриди худ бо боварӣ ва ҷиддияти том бигӯяд: «сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо».
Воқеан, марг  ин неруро пайдо карда натавонист,  то ному маҳсули кори ӯро дар ин 44 соле, ки ҷисман дар миёни мо нест, маҳв бисозаду ба дасти фаромӯшӣ бисупорад. Бо сипарӣ гардидани ҳар сол маҳбубияти ӯ дар миёни ҳаводорони асили каломи бадеъ беш аз пеш меафзояд. Ва ин ҳақиқат бори дигар собит мегардад, ки сухани созанда чун чароғи ҳамеша фурӯзон мебошаду дилҳоро мунаввар мегардонад.
«Корвони орзу», «Ошёни офтоб», «Мероси ҷавонӣ», «Ҷавонӣ», «Мунтахабот», «Чашмаи меҳр» китобҳои ин эҷодкори фарзона аст, ки дар замони зиндагияш ва пас аз падрудаш бо дунё нашр гардиданд.
Мавсуф дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (он замон «Тоҷикистони советӣ» чун рӯзноманигори шинохтаву маъруф фаъолияти пурсамару чашмрас дошт.

Гаҳвораи сангин
Кишвари ман кӯҳсори пурсахост,
Ҳеҷ гоҳаш дар сахо ҳамранг нест.
Кӯҳсораш пур зи ганҷи бебаҳост,
Кишваре бо кишварам ҳамсанг нест.

Пешпо бар сангҳо хурдам басе,
Борҳо афтодаму бархестам.
Дил нидо дардод: аз раҳ пас нагард,
Бим аз садҳои сангин нестам.

Хонае, ки ман ба дунё омадам,
Бому девораш ҳама будаст санг.
Дар ҳамин ҷо, дар вуҷудам ноаён,
Бурдборӣ, сабр афзудаст санг.

Гоҳ ҳангоми дарав, ҳангоми ҷуфт,
Санги хоро болинам гардидааст.
Дар сукути сангини кӯҳи баланд,
Рӯзу шаб гаҳвораам ҷунбидааст.
  Соли 1971

 


ФИЛҲОИ ҶАНГӢ АЗ ЧӢ МЕТАРСИДАНД?
Чунин мепиндоранд, ки нахуст филҳои ҷангиро дар Ҳиндустон истифода бурдаанд. Ин дар аҳди қадим, шояд дар ҳазорсолаи 1 – уми пеш аз милод рӯй дода бошад. Филҳоро асосан бар зидди артиши савора рӯ ба рӯ мегузоштанд, зеро асп аз фил метарсиду худро ба чапу рост зада, аз итоати савора мебаромад.
Филҳои ҷангиро махаут – ромкунанда идора мекард ва ҷояш дар гардани фил буд, дар тахтапушти васеи ҷонвар аз ду то чор нафар камонвар мавқеъ гирифта, ба тарафи душман тир мезаданд. Ҳар як камонвар барои ҳифзи худ сипаре ҳам дошт. Вале яроқи асосӣ худи фил ба ҳисоб мерафт. Вай бо ҷуссаи бузургаш ҳама чизи аз пеш баромадаро зеру забар мекард, ба дили хасм тарсу ҳарос ҷой менамуд. Дар ҷангалҳо чун танк роҳ мекушод, борҳои вазнинро мекашонд. Бо хартумаш шамшерро дошта дар ҳаво алвонҷ медод. Ҳарчанд душманро бо шамшер накушад ҳам, аз дидани ин ҳолат ба дили аду тарс ҷой мекард.
Филҳоро агар хасм рӯ ба гурез орад, ҳамаро ба хок яксон мекарданд, вале душман ба фишори филҳо тоб оварда, чанди онро захми мудҳиш расонда тавонад, он гоҳ ин ҳайвонҳои бузургҷусса қафо гурехта артиши худро зери по мекарданд. Умуман, дар давраҳои қадим филҳо дар артиш нақши азим мебозиданд, зеро як фил то 600 кило борро бардошта метавонист. Душворӣ танҳо дар хӯрондани онҳо буд, чунки пайдо намудани алаф мушкилиҳо дошт.
Аврупоиҳо бо филҳои ҷангӣ тахминан 23 аср қабл аз ин вохӯрдаанд. Дар соли 331 то милод шоҳи форс Дорои III бар зидди артиши Александри Мақдунӣ 15 филро ба пеш ронд. Ҳарчанд филҳо ғалабаро таъмин накарданд, дар аввал юнониҳо хеле тарсиданд. Мақдуниҳо дар Ҳиндустон бо шумораи зиёди филҳои ҷангӣ ба ҳарб даромаданд. Филҳо қариб Александри Мақдуниро шикаст медоданд. Вале юнониҳо нотарсона худро ба зери фил партофта, бо шамшеру шашпар ба яке аз пойҳояш зарба мезаданд. Фил ҷонварест, ки бо се пой наметавонад зуд ҳаракат намояд. Баъдтар юнониҳо то 200 – 300 филро дар муҳорибаҳо истифода мебурданд.
Ба гуфтаи нависандаи соҳибэҳтиром Элиан филҳои ҷангӣ аз гурозҳо метарсидаанд. Вақте ки лашкаркаши мақдунӣ Антипатр шаҳри Мегари юнониҳоро ба муҳосира гирифт, ба зери деворҳои муҳофизатии шаҳр филҳои зиёдеро овард. Мегариҳо роҳи ҳилларо пеш гирифтанд. Онҳо хукҳои зиёдеро қатрон молидаву оташ зада ба тарафи урдуи душман ронданд. Аз чирроси гӯшхароши хукҳо филҳо рамида, рӯ ба гурез ниҳоданд. Шаккокон, албатта, таъкид месозанд, ки филҳо на аз садои хукҳо, балки аз оташ тарсида гурехтаанд.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ

 

ЛАТИФАҲОИ  ФАЛСАФӢ
Дуредгари пир мурд ва дар он дунё бо фариштаҳо вохӯрд.
- Ту кистӣ? – пурсид яке аз онҳо аз ӯ.
- Ман як дуредгари фартути ношиносам, аммо писари ман маъруфи ҷаҳон аст. 
- Ӯ магар Папаи Рим аст? – хитоб мекунад фаришта.
- Не, Буратино, - ҳайратзада мегӯяд дуредгар.
* * *
Зане Суқротро вақте мебинад, ки кашкашон ба зиндон, ба ҷойи қатл мебаранд. Гириста истода хитоб мекунад:
- Эҳ, марг ба сари ман! Онҳо мехоҳанд туро бикушанд, ҳарчанд гуноҳе накардаӣ!
Суқрот ба ӯ посух медиҳад:
- Эй, бехирад! Наход ту бихоҳӣ, ки ман ҷинояте содир бисозаму муъҷиби қатл гардам ва чун ҷинояткор кушта шавам!
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ

 

ДАР БАРИ РАИС
Ашӯр Сафар ба зиёфате меравад. Вақте ки ба хона медарояд, ҳама аз ҷо мехезанду аз рӯи эҳтиром ба боло таклиф мекунанд ӯро.
- Не, ман ҳамин ҷо мешинам. - Боло ҳамон ҷост, ки раис бошад! - мегӯяд ӯ ва аз поён, дар бари раиси колхоз ҷо мегирад.
 Ҳама сухани ӯро ҳазл пиндошта механдиданд. Вале вақте ки беҳтарин хӯрданиҳоро пеши ӯву раис  мегузоранд, ҳозирон пай мебаранд, ки шоир шухӣ накарда будааст.

 

ВАСИЯТИ ВАЛИЗОДА
Миралӣ Маҳмадалиев аз Ашӯр Сафар мепурсад:
- Ту то дами вопасин болои сари Вализода будӣ, ягон чиз бахшид ба ту ё не? Чӣ васият кард?
- Васият кард, ки – ҷавоб медиҳад Ашӯр Сафар, - ҳар чизе, ки раисони колхоз ба ман медоданд, акнун гӯй, ки ба ту диҳанд.
Гурез САФАР

 


Барои фатҳи қуллаи Эверест (баландтарин қуллаи ҷаҳон) 200 кӯҳнавард ҷон додааст. Барои ҳар кадоми қурбоншуда дар роҳи ба қулла баромадан пайкара гузошта шудааст.

 

Назари дигар
ОЛИМОН: ҚАҲВА МАҒЗИ САРРО ХАРОБ МЕКУНАД
«Нӯшокии рӯҳафзо пайвасттагиҳои байни моторӣ (таҳрик) ва соматосенсории  шабакаи майнаи сарро заиф мегардонад.

Ғизлати баланди кофеин дар организм боиси сустшавии пайвастагиҳо байни шабакаҳои таҳрикӣ ва соматосенсории мағзи сар мешавад. Ба ин хулоса мутахассисиони донишгоҳи Стэнфордск омадаанд», - иттилоъ додааст портали «МедМегаНюс».
Олимон муддати ним сол бо гурӯҳи одамоне, ки мунтазам каҳва истеъмол менамоянд, таҳқиқот гузарондаанд. Дар натиҷаи назорати давра ба давраи ҳамаи иштирокдорони санҷиш таҳқиқгарон ин вобастагиро муайян намуданд.
Доираи соматосенсорӣ ба муайянсозии вижагиҳои ангезандаҳои берунӣ ҷавоб мегӯяд. Маҳз ба шарофати он инсон дард ва ҳароратро ҳис мекунад. Тавассути шабакаи таҳрикии мағзи сар кашидашавии мушакҳо идора мешаванд, ки ҳаракатҳои гуногуни латиф, аз қабили гуфтор, навишт, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва ғайраро имконпазир мегардонад. 
Бо вуҷуди ин, коршиносон аз Стенфорд ба суоли он ки истеъмоли қаҳва зараровар аст ё фоидаовар ҷавоби якмаънои манфӣ ё мусбат дода натавонистанд. Вақтҳои наздик табибон ният доранд, ки тадқиқотро дар беморони аз харобии асаб азияткашанда ва вайроншавии пайвастагиҳои байни мавзеъҳои гуногуни мағзи сар идома бахшанд.
(Давом дорад)
 Таҳия ва тарҷума аз русӣ,
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

ХИСЛАТҲОИ АҶИБИ ОДАМОНИ ШИНОХТА
Файласуф Шопенгауэр мисли дигар шахсони шинохта худро хеле дӯст медошт ва ба шахсияти худ эҳтиром мегузошт. Аз ҳар касе, ки исм ва насбашро хато ба забон меовард сахт хафа мешуд. Аз ҷумла, ҳангоми будубош дар меҳмонхонаҳо, агар  насабашро бо ду ҳарфи «п» менавиштанд, ҷанҷол бардошта, аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ даст мекашид.
Фаромушхотириро ҳамчун табиати хислати физик Ампер низ хотирнишон намудаанд. Боре ӯ паси коре баромада рафтанӣ шуда, пушти дараш навиштаҷотро барои интизор накардани дӯстон насб менамояд. Корҳояшро ба сомон расонда ба хона баргаштан замон чашмаш ба навиштаи пушти дар меафтад: «Паси корҳои худ рафтаам, бегоҳӣ мешавам!» Навиштаро хонда ӯ маҷбур мешавад, баргардад, чунки соҳибхона танҳо бегоҳ мешудааст. Бечора фаромӯш карда буд, ки хатро худаш навиштаву соҳибхона худи ӯст.
Воқеаи ба ҳамин монанд бо Эйнштейн низ рух медиҳад. Боре ӯ рафиқи ҳамфикрашро ба хона даъват намуда, мегӯяд: «Бегоҳ ба хона биёед, профессор Стимсон низ меояд. Якҷоя суҳбат мекунем». Рафиқи ҳайратзадааш ҷавоб медиҳад, ки «Охир, Стимсон худи ман ҳастам!» Эйнштейн гӯё ҳеҷ воқеа рух надода бошад, посух медиҳад: «Боке не, шумо ҳам омадан гиред».
Дар эҷод аз ҳама мушкил ташкили тарзи кор мебошад. Адиб ва рӯзноманигор Умари Шерхон барои нагурезондани илҳом ҳамеша коғазу қаламро зери даст нигоҳ медорад. Вале ин ба ӯ барои суҳбати озод бо меҳмонон ва аҳли хонавода мушкил эҷод намекунад. Муҳим барои ӯ таки даст нигоҳ доштани коғази сафед ва хушнавис мебошад.
Эдгар По бошад, соатҳо ба коғази сафед нигоҳ карда меистод, то илҳом ба суроғаш ояд. 
Жорж Санд ҳар рӯз то соати 11.00 эҷод мекард. Агар, мабодо, романи навбатиашро дар соати 10.30 ба итмом расонад, ҳатман дар ним соати дигар романи навро оғоз мекард. Хеле аҷиб менамояд, вале ӯ ба соат нигоҳ накарда, расо 11.00 корро анҷом медод. Пас аз он, дигар худро маҷбур созад ҳам, кор карда наметавонист.
(Давом дорад)

Таҳияи М. ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"

 

Андарз
МОДАР ВА ҲАФТ ДУХТАР
Модар ҳафт духтар дошт. Рӯзе ба аёдати писараш рафт, ки дар шаҳри дигар мезист. Пас аз ҳафтае баргашт. Чун ба хона даромад, духтаронаш яке паси дигар лаб ба чӣ сон варо ёд карданашон кушоданд.
- Ман туро чун  лолахасак марғзори офтобиро ёд кардам, - гуфт духтари якум.
- Ман туро чун замини лабташна қатраи обро интизорӣ мекашидам, - изҳор кард духтари дуюм.
- Ман ба ёдат чун чӯҷаи паранда барои очааш мегиристам, - пичиррос зад сеюмӣ.
- Ман туро дар хоб чун садбарг қатраи шабнамро медидам, - баён дошт чорумӣ.
- Бароям бе ту чун ба занбӯри асал бе гул душвор буд, - арз кард панҷум.
- Ман аз пасат чун боғи олуболу аз паси булбул менигаристам, - роз кушод шашумӣ.
Аммо духтари ҳафтумро лаб во нашуд. Нигоҳи пурмеҳре сӯйи модар афканду пойафзолаш кашид ва дар тағора барои шустани пояш об овард.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 


50 дарсади кӯҳҳои осмонбӯс дар Осиё мебошанд. Аз ҷумла, қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

 

АНДАРЗҲО АЗ «ҲАЗОР СУХАН» - И  МУҲАММАДИ  ҲИҶОЗӢ
Мансаби баланд одами пастро  боло намебарад, аммо  одами паст ҷоҳи (мансаб) баландро  поин  меоварад.
х х х
Мояи ранҷу шармсорӣ ин аст, ки худро қобилтар аз он чи ҳастем, бинамоем ва мояи таассуф ин ки қобилияти  худро нишон надиҳем.
х  х  х      
Ранҷе, ки аз тасаввури  хатар мебарем, ҳамеша аз хатар  бузургтар аст.
х х х
Агар  ростӣ   аз хатар метарсем, бархезем ва коре бикунем, вагарна тарси беамал моро кучаку хатарро бузург мекунад.
х х х       
Ман намедонам аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, аммо медонам, ки  бояд дар ин ҷо дар осоиши худам ва дигарон бикӯшам.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»

 

“АВАТАР” – МУВАФФАҚТАРИН ФИЛМИ ТИҶОРАТИИ АСРИ ХХI
Филми фантастикии «Аватар», ки муваффақтарин филми тиҷоратии муосир ба ҳисоб меравад,  аз ҷониби коргардони маъруфи Ҳолливуд Ҷеймс Кэмерон (коргардони филмҳои машҳури “Терминатор: растохез” ва “Титаник”) ба навор гирифта шудааст.
Ҷеймс Кэмерон  сенарияи филмро  ҳанӯз миёнаҳои солҳои 90 - ум навишт. Ӯ нақша дошт, ки онро соли 1997 ба  навор гирифта,  соли 1999 ба намоиш гузорад. Аммо  ба гуфтаи худи муаллиф  дар он вақт  технологияҳои мувофиқе мавҷуд набуд, ки эффектҳои визуалиро таҷассум карда тавонад.  Бинобар он, танҳо тобистони соли  2005 ба ӯ муяссар гашт, ки  банаворгирии “Аватар”- ро оғоз намояд.
Муаррифии филм 10-уми декабри соли 2009 дар Лондон баргузор гашт. 17 ва 18- уми декабр бошад, филм ба намоиши ҷаҳонӣ гузошта шуд.
Буҷети филми “Аватар” 237 миллион доллари ИМА буда, бар замми ин барои тарғибу ташвиқи он 150 миллион доллари дигар харҷ гардидааст.
Филми “Аватар” дорандаи 2 ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” ( “Беҳтарин филм” ва “Беҳтарин когардон”) ва 3 ҷоизаи Академияи кино ва санъати ИМА “Оскар” (“Беҳтарин эффектҳои визуалӣ”, “Беҳтарин оператор” ва “Беҳтарин рассом”) мебошад.
Далели ҷолиб ин аст, ки маблағи ҷамъовардаи филми “Аватар” дар таърихи кино бесобиқа буда, он 2 миллиарду 782 миллиону 275 ҳазору 172 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (сомонаи www.kinopoisk.ru).

Нигина УСМОНОВА, “Ҷумҳурият”, тарҷума аз русӣ

 

Баландтарин санавбари дунё, ки 46,6 метр ва 214 сол дорад, дар Эстония месабзад.


САТРҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Амалиёти Берлин (1945) бузургтарин муҳориба дар таърих буда, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт шудааст. Дар ин ҷанг аз ҳар ду тараф 3,5 миллион нафар бо 7750 танк ва 11 ҳазор самолёт иштирок кардаанд.

* * *
Дар артиши шӯравӣ пулемиётчие бо номи Семён Константинович Гитлер хизмат мекард. Ӯро барои гирифтани медал бо номи Гитлев пешниҳод мекунанд. Медалро гирифт, лекин барояш муаммо монд, ки номашро махсус чунин навиштаанд ё ин ки саҳв шудааст.
* * *
Фашистон кӯдакони зиёди шӯравиро бо худ бурда буданд. Баъди ҷанг ҳамагӣ 2-3 дарсади он ба Ватан баргашт. Боқимонда худро то охир олмонӣ меҳисобиданд, шояд баъзеаш аз гузаштаи худ хабар ҳам надошт.
* * *
Солҳои 40-ум Тоҷикистон 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дошт. Аз 290 ҳазор нафари ба ҷанг рафта, зиёда аз 90 ҳазорашон дигар барнагаштанд. Аз ин миён 58 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ қадрдонӣ шудаанд.

* * *
Панҷ нафар мактаббача унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ гирифтанд.
* * *
80 ҳазор афсари шӯравӣ занҳо буданд.
* * *
Гитлер барои сари Левитан 250 ҳазор марка ваъда карда буд.
* * *
Дар ин ҷанг зиёда аз 60 ҳазор саг хизмат кардааст.
* * *
Дар Украина 334 деҳаро бо аҳолиаш оташ заданд.
* * *
Қариб 400 ҳазор медалу мукофот ба собиқадорони ҷанг носупурда монд.

Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

 

Дунёи варзиш
ТАЪРИХИ ПЕНАЛТИ
Тавре таърих гувоҳӣ медиҳад, пеналти чун зарбаи 11 метра соли 1891 ба миён омад. Доварон ва бозигарон рӯи ин масъала фикр намуданд, то онҳоеро, ки ҳангоми бозӣ ба қоидавайронкунӣ роҳ медоданд, муҷозот намоянд.
Аввалин касе, ки зарбаи пеналтиро пешниҳод намуд, Уилям Маккрам – дарвозабони ҳаваскор аз Ирландияи Шимолӣ буд. Ин пешниҳодро дар мавсими солҳои 1891/92 Ассотсиатсияи футболи Британияи Кабир ҷонибдорӣ намуд.
Нахустин пеналтиро Билли Хит аз дастаи Вулверхемптон 14 сентябри соли 1891 ба дарвозаи тими Аккрингтон зад.
Системаи зарбаҳои 11 метраро пас аз анҷоми вақти асосии бозӣ оғози солҳои 70-уми асри ХХ довари олмонӣ Карл Валд Вплот пешниҳод кард. Ин ҳолат то ба имрӯз ҳангоми мусовӣ анҷом ёфтани вохӯриҳои ниҳоӣ, такрорӣ ва ҳалкунанда истифода мегардад. То роҳандозии ҷаримаи 11 – метра дастаҳо такроран бо ҳам зӯр меозмуданд ва ё тақдири бозӣ бо партофтани танга (қуръапартоӣ) ҳал мешуд.
Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, "Ҷумҳурият"

 

Дар Ирландия 29 феврал занҳо ҳақ доранд марди дилхоҳашонро шавҳар интихоб кунанд. Агар марде рад кунад, ҷарима месупорад. Ин анъана аз асри 11 ба ҳукми қонун даромадааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2016    №: 31    Мутолиа карданд: 830

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед