logo

фарҳанг

КӮЛОБ: СОҲИБҲУНАРОНРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

Дар суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумат доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ чунин қайд намуданд: «Кор дар самти ташкили корҳои хонагӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, косибӣ ва монандӣ инҳо, ки солҳои охир ба таври доимӣ таъкид мегардад, ғайриқаноатбахш буда, баъзе чорабинӣ ва тадбирҳои андешидашуда намоишкорона ба роҳ монда мешавад. Бояд корро тарзе ба роҳ монд, ки корҳои хонагӣ ба яке аз воситаҳои асосии даромад ва бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинони шаҳру ноҳияҳо табдил ёбанд».
Ин суханони Пешвои миллатро, бахусус занони хонашин, вале соҳибҳунари Кӯлоби бостонӣ бо дилгармии беандоза ҷонибдорӣ намуданд. Бонувони чирадаст - Кенҷамоҳ Назарова ва Гулбутта Сангинова дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома баён доштанд, ки шурӯъ аз соли 2008 дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ҳамвора машғули ҳунармандианд. Ба ин васила ҳам ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамоянд, ҳам ба иқтисодиёти оила кумак расонда, як гӯшаи рӯзгори худро пеш мебаранд. Вақте вориди хонаи Гулбутта Сангинова шудем, гулдӯзиву чаканиҳои камназир ва курпаву болиштҳои бо санъати нотакрори миллӣ орододашуда хеле ва хеле диданӣ буданд. Г. Сангинова мегӯяд, ки талабот ба дастранҷҳои мардумӣ зиёд аст ва аз фурӯши он даромади хуб ба даст меоранд.
Мутаассифона, на ҳама дар мақомоти маҳал ба ин тарзи ҳунармандӣ, ки ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, диққати зарурӣ зоҳир менамоянд. Дар аксар ҳолат чунин соҳибҳунарон хеле кам аз дастгириву ҳамкориҳо бархӯрдоранд, ки фикр мекунам, яке аз сабабҳои асосии ба таври бояду шояд рушд наёфтани ҳунарҳои мардумист.
Бино ба гуфтаи ӯ, барои маҳсулоти дастии онҳо як дукон кифоя аст, ки ҳам дар тарғибу ташвиқи ҳунармандиашон мусоидат кунад ва ҳам фаъолияти ҳаррӯзаи худро таҳкиму тавсеа бахшанд. Ин боис мешавад, ки боз чанд нафар занони хонашин ба кори доимӣ ҷалб гарданд.
Боварӣ дорем, ки баъди дастуру супоришҳои Пешвои миллат назари роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ба мо - ҳунармандон ба таври мусбат тағйир меёбад, - мегӯяд Гулбутта Сангинова.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
донишҷӯи факултети
журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2016    №: 31    Мутолиа карданд: 544

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед