logo

ҳуқуқ

ОШТИНОПАЗИРӢ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ БОЯД ФАРҲАНГИ БУНЁДИИ ҶОМЕА БОШАД

«Вақте ба ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт: «Магар хурдӣ, фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?».
Чи хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафгану пилтан:
«Гар аз аҳди хурдит ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман,
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пиразан».
Ва модаре чунин дилафгор ба ҷустуҷӯи ҷигарбанди хеш аз сад бодияи махӯф гузашта ба давлати  ба ном исломӣ омад. Ба ҳукми он ки:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Омад, ки дидори  фарзанди  ҷонпайванд бубинад, чанг аз тану рӯяш биафшонад, мабодо  ҷароҳате бардошта, мабодо пояш лат хӯрда бошад…
Ҳайҳот! Ба ҷойи сипосгузорӣ, ба ҷойи ин муштипари зори дар роҳи дароз хастаю афгоршударо дилдорӣ намудан, фарзанди нохалафи кӯрдил –террористи манқурти мағзшуста модарро, ки баъди Худо муқаддастарин арзиш барои бани башар (ва Расули Акрам (с) биҳиштро зери пои ӯ фармуда) аст, мӯкашон кашола  карда, ба назди издиҳоми ваҳшӣ оварду гулӯяшро бурид.
Ин хабари даҳшатфикан кулли соҳибақли башарро ба ғазаб  овард. Терроризм симои манфури  худро аз даричаи нафратбори дигар фош сохт. Террористон бори дигар собит  намуданд, ки ба масобаи  издиҳоми ақлбохтаю ваҳшисират ҳеҷ гуна гуфтугузорро нашоянд. Ба онҳо чӣ насиҳати пирони хирад, чи  номаи саркушодаи уламои  исломӣ, ҳатто «Қуръон» - у «Ҳадис» корагар нестанд. Онҳо  ба дини  мубини ислом алоқамандие надоранд, ҷуз ин ки онро бадном мекунанд.
Ва ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки дар Паёми имсолаи худ гуфт, «…аз амалҳои нангини онҳо қабл аз ҳама мусулмонони олам зарар мебинанд».
Модар дар байни тамоми мардуми олам, сарфи назар аз эътиқод, дину мазҳаб, миллат, фарҳанг, саводу  дороӣ ва  вазъи иҷтимоӣ, мақому манзалати бузург дорад.
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз хоки модарон бошад,
 ё
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
-  фармудаанд бузургони олами  ислому адаб.
Фақат барои ифротиёни мағзшӯишуда модар, Ватан, фарҳанг, рушд ва арзишҳои дирӯзу имрӯз қадре надоранд. Фирорию бехонумон ва дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон  нафар, аз гуруснагӣ ҷон додани кӯдакони  бегуноҳ, қатли оммавию даҳшатбори  ҳазорон  модарон, пирон, тифлон,  зинда таги хок кардану сӯзондани одамон, ба куштани фарзанд маҷбур намудани волидон, таҷовузи гурӯҳ – гурӯҳ ба номуси  духтарон, ки модарони ояндаанд, мисли каниз барои бароварда сохтани  нафси шаҳвонию ҳайвонӣ даст ба даст гардондани онҳо, мусоидат ба хуруҷи гуруснагию бемориҳои сироятӣ ва садҳо ҷиноятҳои даҳшатзои дигар, ки ифротиён дар қаламрави ғасбнамудаашон содир месозанд, - чунин аст «фарҳанг» - и террористони ҳайвонсиришт. Ҷиноятҳои мудҳиши гӯшношуниди террористони ба ном «Давлати исломӣ» дили мардуми ҷаҳонро  ба дард овардаанд. Амалҳои онҳо ғайриинсонианд. Ҳатто ҳайвон зояндаи худро  намекушад.
 Модар ба тақозои табиати    азалӣ ва фариштаниҳодӣ омода аст барои фарзанд ба обу оташ дарояд, барои ҳимояи фарзанд аз чанголи шеру дами шамшер  бок надорад. Ҳаким Унсурмаолии Кайковус дар насиҳати фарзанд мегӯяд:
«Музоиди шаафи (ғояти шодмонии – муаллиф) занон (модарон – муаллиф) аст, ки аз баҳри ту хештанро ба куштан  диҳанд. Ва камтар ҳурмати модару падар он аст, ки ҳар ду воситаанд миёни ту ва Офаридгори (Парвардигори – муаллиф) ту… Ва Худои таъоло ҳамегӯяд дар  каломи маҷиди хеш, ки «Атиъуллоҳа ва атиъу ар - расула ва авло ал – амри минкум». Ин оятро тафсир кардаанд аз чанд рӯй. Ва як ривоят чунин хондаам, ки «Аввалуламр модару падаранд». Ва зинҳор, эй писар, ранҷи падару модар надорӣ, ки  Офаридгор ба ранҷи дили модару падар бисёр уқубат кунад ва Худои  таъоло  ҳамегӯяд: «Ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон бо икром сухан бигӯй». Пас, ҳаққи падару модар агар аз рӯи дин  нанигарӣ, аз рӯи хираду мардумӣ бингар, ки  падару модар манбати некиву асли парвариши нафси туанд. Чун ту дар ҳаққи эшон муқассир (гунаҳгор – муаллиф) бошӣ, чунон бувад, ки ту сазои ҳеҷ некӣ набошӣ…»
Мутаассифона, дар сафи ин тӯдаи харобкору беватан, ғоратгару таҷовузкор ва даҳшатафкан ҷавонони тоҷик низ  ҳастанд. Тавре пажӯҳишҳои  сохторҳои гуногуни кишвар шаҳодат  медиҳанд, аксари  онҳо ҷавонони заифиродаанд, ки на саводи комили  дунявӣ ва на динӣ доранд, аз мактаб, таълиму тарбия ва оила дур монда, зери таъсири гурӯҳҳои ифротгаро афтодаанд. Яъне, маҳз бепарвоӣ ба тақдири  фарзанд, шогирд, ҳамдарс, ҳамкор, ҳамсоя… сабаб шудааст, ки ин тоифа ба дину мазҳаб ва модару Ватани худ хиёнат варзиданд. Онҳо асли хешро намешиносанд, чи расад ба асли мақсади дигарон.
Устод Маҳмадулло Давлатов, доктори илмҳои  равоншиносӣ, бар ин  назар аст, ки падару модарон масъуланд дар тинати фарзанд аз хурдӣ меҳри модар, падар, наздикон, инсон, хона, Ватан, забон, ваҳдат, дӯстӣ, илму ҳунар, адаб, эҳтироми калонсолон, занон ва  арзишҳои дигари умумибашарию миллиро ҷой диҳанд, ӯро дар рӯҳияи  оштинопазирӣ ба бераҳмию зӯроварӣ тарбия намоянд. Минбаъд тарбия бояд дар боғчаю мактаб, ҳунаристону донишкада ва ҷойи кор идома ва тақвият  ёбад. Падару модарон аз таълиму тарбияи фарзанд набояд лаҳзае фориғ бошанд, бо боғчаю мактаб, ҳатто донишкада дар бахши  таълиму тарбия  ҳамеша ва  сидқан ҳамкорӣ кунанд. Дар пасманзари густариш пайдо кардани  зуҳуроти хатарбори терроризму ифротгароӣ аҳамияти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дучанд меафзояд.
 Ба андешаи ман, ҳиссагузорӣ дар мубориза алайҳи  терроризму ифротгароӣ аз оила оғоз ёбад ҳам,  вазифаи ҷонии тамоми ҷомеаи  шаҳрвандист. Журналистон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон бояд аз рӯйи ифротгароён, ки қобили эҷоди амалҳои  нангини даҳшатафканианд, ниқоб баркашанд, асли манфуру расвоии табиати  зиддибашарии  онҳоро ба ҷаҳониён фош созанд, олимон, бахусус равоншиносон, омилҳои асосии гаравиш ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротиро таҳқиқ намоянд. Афкори ҷамъиятие бояд ба вуҷуд оварда шавад, ки ба терроризм, зӯроварӣ ва  харобкорӣ қатъан оштинопазир бошад. Шуури ҷамъиятӣ маҳз аз  афкори ҷамъиятӣ ғизо мегирад. Шуури ҷамъиятии оштинопазир ба терроризм силоҳи муҳимтарини  мубориза бар зидди он аст.
Ҷанбаи зиддибашарии табиати «Давлати исломӣ» ба Олмони фашистӣ монанд  бошад ҳам, аз рӯйи иқтидор онҳо  баробар нестанд. Дар ҳамбастагӣ мубориза бо терроризм назар ба маҳви  фашизм осонтар мебуд. Аммо ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Паёми имсола иброз дошт:
«Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият  хатари на камтар аз силоҳи  ядроиро  ба миён овардааст. «Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш  дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро  боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар  ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Террористон барои амалисозии  ҳадафҳои нопоку сангин аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд, домҳои тазвир мегузоранд, ҷавонони  ноогоҳро мағзшӯӣ мекунанд. Ҷавонони тоҷик дар ин вазъи  ҳассос бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, то  сайди содаю гумроҳи найрангҳои  ифротгароён нашаванд. Барои ин онҳо бояд қабл аз ҳама  илм омӯзанд, зеро:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Ва ҳунарҳои замонавиро  аз худ кунанд. Абармарди ҷаҳони адаб  Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» - и  безавол оварда, ки :
«Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омӯзед. Ҳунар чашмаест зоянда ва давлатест поянда. Ҳунарманд ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад».
Ҳаким Унсурмаолии Кайковус мегӯяд, «мардуми беҳунар доим бесуд (бефоида) бошад, чун хори муғелон, … на худро суд кунад, на ғайрро».
Пас, омӯзиши илму ҳунар, тарбияи  дурусти фарзанд, шароити мусоид  муҳайё намудан барои интихоби роҳи дурусти зиндагӣ низ мубориза бо терроризм аст. Мо бояд ба вазъи  Афғонистони ҳамсоя, Сурия, Ироқ Либия, Яман ва мамлакатҳои дигар, ки аз шумии қадами ифротгароён ба харобазор  мубаддал гаштаанду мардумонаш зору бехонумон ба чашми ақл нигарем, бо шукрона аз сулҳу ваҳдату субот барои пойдории оромӣ ва шукуфоии Ватани азизи  худ Тоҷикистон талош варзем.  Барои ин бояд қабл аз ҳама ба ифротгароию терроризм ва ҳама гуна моҷароҷӯӣ оштинопазир бошем ва ҳамин фарҳангро дар ниҳоди фарзандон тарбия намоем. Оштинопазирӣ ба терроризму ифротгароӣ  бояд ҳамчун фарҳанги бунёдии шаҳрвандӣ  сар аз кӯдакӣ дар сиришти мо  павариш ва такомул ёбад.

Ҳ. ҲОҶИЗОДА,
сокини шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2016    №: 30-31    Мутолиа карданд: 424

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед