logo

сиёсат

ЧУН ФОЛИ АДОЛАТ ЗАДА БАР НОМИ РАИЯТ

 ё давлатдорӣ ва мудирияти сиёсӣ кори осон нест
Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ) на танҳо фазои сиёсию иҷтимоӣ, шаҳрдорӣ, балки муҳити музофотии минтақаҳо ҳам, вазъи буҳрониро аз сар гузаронд ва ин навъ буҳронҳо, мутаассифона, дар шароити феълӣ низ бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ ва ташаннуҷи бархӯрдҳои тамаддунӣ идома доранд.
Дар замоне, ки тавассути афкори ғаразноки сиёсӣ ва динию мазҳабӣ (замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ) Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои хашини идеологию сиёсӣ табдил ёфта, бозичаи дасти абарқудратон гардида буд, аксари намояндагони сиёсат ва фарҳанги ҷомеа мавқеи бетарафӣ ихтиёр карданд. Бархеи дигар, ноогоҳона аз тамоюлоти сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар баробари дарки сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ба ин ё он тарафи гурӯҳҳои даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташаннуҷи вазъи куллӣ гаштанд. Хушбахтона, дар он вазъияти ҳассос, дар кишвар сиёсатмадору фарҳангиёни баномус ёфт мешуданд, ки ҷиҳати эътидоли вазъи буҳронӣ ва танзими муносиботи мутақобила саъю талоши фаровон ба харҷ медоданд. Маҳз хидмати беғаразонаи чунин шахсиятҳои тақдирсоз вазъро дар манотиқи буҳронӣ муътадил сохта, ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳангӣ ва сиёсӣ сабаб гардид. Яке аз чунин чеҳраҳои мондагор бешубҳа Эмомалӣ Раҳмон аст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки бар асари даргириҳои бемаънӣ тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ, билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хашини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти зиёда аз бист сол  хобу хаёли мардуми Тоҷикистонро тарк накардааст. Дар чунин вазъи фоҷиабор, ки ҳатто аз бародар ҳам умедворӣ доштан ғайриимкон буд, Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардид  ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардошт. Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идорӣ кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад. Нобоварӣ аз ҳамдигар, тарсу ҳароси ҳамешагӣ, камтаҷрибагӣ дар бархӯрд бо шароит, хиёнату бадбинӣ миёни мардуми маҳаллу минтақаҳои гуногун, ноустувории муносиботи тарафҳо, қатлу куштор дар манотиқи даргир, бесуботии сиёсию иҷтимоӣ,  авҷи нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткор, дахолати бевоситаи  роҳзанону дуздон ва созмонҳои ҷиноятӣ дар умури мақомоти расмӣ, дуздии саросарии амволи давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ба сифр баробар шудани касри буҷети кишвар, ривоҷи маҳалгароиву кӯтоҳандешӣ дар фазои мамлакат, суст шудан ва ба ҳошия рафтани  фаъолияти маданӣ-равшаннамоӣ як навъ дилсардию бетафовутиро дар миёни ниҳодҳои гуногуни иҷтимоию давлатӣ ба вуҷуд оварда буд.
Ҳангоми баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ аз назари синну соли Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чиҳилсола буд. Қатъи назар аз он, ки дар ҳавзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон шахси навкор буд, на танҳо наҳаросид, балки бо номуси ватандорӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ба бунёди давлати фалаҷгардида остин барзад. Эмомалӣ Раҳмон бар мабнои сифоти ҳасанаи шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, шарофат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат дар як муддати кӯтоҳ муҳимтарин дастоварди башарӣ - сулҳу ваҳдат ва оромиши мардумро аз нав эҳё кард.
Мусаллам аст, ки сохтор ва дастгоҳи фалаҷшудаи давлатӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 ба Эмомалӣ Раҳмон мерос монд, на тармим, балки бозсозиро талаб мекард. Пеш аз ҳама, зеҳни Сарвари давлатро оромиши иҷтимоӣ, суботу амнияти сиёсӣ ва баргардондани гурезагон аз хоки Афғонистон банд карда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардуми Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президентро интихоб ва Конститутсияро қабул намуд. Раъйи мардум сӯи мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият гироиш пайдо намуд ва ин роҳи муваффақ то имрӯз Тоҷикистонро ҳамсафар аст. 
Дар муддати кӯтоҳ шикастани халои ақидатӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ имкон дод, ки решаҳои ҷангу низоъҳои дохилӣ барканда шаванд, фазои муътадили корӣ дар пойтахт ва манотиқи даргир ҳукмфармо гардад. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ дар берун аз хоки Ватан, ҳамоно, идома дошт. Дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ, тибқи маълумотҳо беш аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардид. Тақрибан ҳафтяки сокинон иҷборан тарки хонаю Ватан намуда, ба мамолики Афғонистон, Покистон, Русия ва дигар кишварҳои ИДМ паноҳанда шуданд (Ҳаролд Ҳ. Сандерс. Раванди сулҳи ҷамъиятӣ. – Душанбе, 2002. – С.181). Хисороти ҳангуфти молию пулӣ бар сари ҳукумати вақт мусибати дигареро зам намуда, раванди эътидоли молиявӣ ва иқтисодии кишварро сусту заиф  месохт. Ҳамзамон баргардондани муҳоҷирон аз ибтидои соли 1993 оғоз ёфта, гуфтушунидҳо дар ин замина идома доштанд. Сиёсати дуруст ва муваффақонаи Сарвари давлат буд, ки муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан бозгардонда шуданд.
Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷа дод ва дар мамлакат марҳилаи ваҳдати миллӣ фаро расид. Агар кӯшишҳои мудаввоми Эмомалӣ Раҳмон ва муборизаҳояш намебуд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки Тоҷикистон мисли Афғонистон майдони тохтутозҳои худхоҳону бегонагон мешуд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли муноқишоту мунозироти миллию мардумӣ ва динию сиёсӣ дар ҳар шакле омӯзанда аст. Танҳо як иқдоми пайгиронаи Сарвари давлат, ки ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намуд, басанда аст, то номаш дар таърихи кишвар абадан сабт гардад. Ба ин масъала ояндагон низ баҳои воқеӣ хоҳанд дод.
Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз  аз оғози фаъолияти роҳбарӣ бо дарки масъулияти амиқ  аз  самтҳои муҳими сиёсати минтақа ва ҷаҳон огоҳ гардида, доираи донишҳои мактаби сиёсию давлатдории башариро фаро гирифт. Ин аст, ки бар пояи таҷриба ва дониши сиёсӣ, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мафкуравии сиёсати давлатиро дар мизони манофеи миллӣ андозагирӣ менамояд.
Албатта, дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва мушкилоти ба он марбут ҳарф мезанем, аммо набояд фаромӯш кард, ки ибтидои солҳои навадуми садаи бистум бархӯрд бо мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ, иҷтимоию маданӣ ва дар маҷмӯъ, инсониро аз байн бурда буданд, фарди огоҳу боинсофро ба ҳолати карахтии равонию ҷисмонӣ мувоҷеҳ мекард. Чи тавре ки болотар ишора шуд, вазъи номусоиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ табақаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷикиро ба гирдоби ноумедию дилсардӣ гирифтор карда буд. Аз ин рӯ, ҳар кас дар он вазъи харобу валангор масъулияти раҳбариро бар уҳда намегирифт. Имрӯз аст, ки баъзе шаҳрвандони кӯтоҳандеши мо мансабталоширо дар «сатҳи баланд» ба намоиш мегузоранд ва аз доду адолат, арзишҳои инсонӣ, қонунмандиву демократия ҳамчун василаи расидан ба қудрати сиёсӣ суистифода мекунанд. Дар он замон бошад, аз тарси авбошону ҷинояткорон, ки мақомоти навтаъсиси давлатиро мавриди фишору таҳдид қарор медоданд, ёрои ҳарф задан ва ба намоиш гузоштани симои худро надоштанд. Роҳбарӣ ва мудирияти сиёсиро саҳлу осон мепиндоранд, бехабар аз  қавли Ҳофиз, ки фармуда:
На ҳар  кӣ тарҳи кулаҳ  каҷ ниҳоду тунд  нишаст,
Кулаҳдорию ойини сарварӣ донад.
Давлатдорӣ кори осон нест, чуноне ки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷӣ мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёсӣ расидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулодаро тақозо мекунад. Раҳондани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми бозигарони сиёсии аҷнабиён, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли варшикастагӣ ва нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва побарҷо кардани сиёсати миллӣ ва соири иқдоме, ки Эмомалӣ Раҳмон тӯли роҳбарӣ анҷом додааст, унвони «лидери сиёсӣ» - ро ба ӯ ато фармуд. Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. 
Ҳамеша бо мардум будан, ба дилу дидаҳо роҳ ёфтан, ба ятимону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан, аз аҳволи бепарасторон огоҳ будан, ба сиёсати давлатӣ дар бахши илму маориф афзалият додан, амният ва манофеи миллиро ҳифз кардан Эмомалӣ Раҳмонро  байни хосу ом азизу соҳибэҳтиром гардондааст. Сарвари давлат ба ҳамаи минтақаҳои кишвар сафар карда, бо  ҷараёни зиндагии мардум аз наздик шинос мешавад. Чун яқин медонад, ки рисолаташ, қабл аз ҳама, хидмат ба мардум ва амнияту осоиштагии ҷомеа аст.
Ба шарофати сиёсати мардумсолории Сарвари давлат дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологии кишвар таҳаввулоти куллӣ ба назар мерасад. Ин таҳаввулотро, ки пояҳои ҳамбастагии иҷтимоӣ ва мардумиро таҳким мебахшад, дар аксари кишварҳои Шарқ наметавон мушоҳида кард. Аз ҳама муҳим, оромиш, субот ва амнияте, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармост, далели он аст, ки давлат маҳз бо пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва муҳити хуби иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст. Бидуни тардид, метавон гуфт, ки сайругашти озоди шабонарӯзӣ, адами таҳдиду таарруз, муносибатҳои муътадили мардум гувоҳи онанд, ки мо фазои орому зиндагии обод дорем ва онро набояд бо андешаҳои бебунёд мағшуш сохта, ноамниро заминагузорӣ кунем.
Рисолати пешвои сиёсӣ дар ҳамаи давру замон раҳондани мардум аз бунбастҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ талаққӣ шудааст ва бар мабнои он, Эмомалӣ Раҳмон барои мардум ва миллати тоҷик сулҳу субот, амнияту оромишро ба сифати хушбахтии миллӣ ҳадя  намуд.
Фазо ва муҳити муосири глобалӣ аз ниҳодҳои сиёсию фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеа тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина,  неруманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд. Ҳаводиси ноҷӯр ва ҳалокатбори кишварҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Яман, Тунис, Лубнон ва амсоли инҳо баёнгари онанд, ки қудратҳои бузург, бо истифода аз неруҳои ифротгаро ва тундрави динию мазҳабӣ дар манотиқи мавриди назар ҷангу низоъҳоро зина ба зина тарҳрезӣ ва дар сояи  террорҳои динӣ ба манофеи сиёсӣ ва иқтисодӣ даст меёбанд.
Дар чунин вазъи ногувори ташаннуҷи бозиҳои геополитикӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдошти тамомияти арзӣ ва ҳувияти миллӣ атрофи пешвои сиёсӣ ва миллӣ сарҷамъ шудан, амрест ногузир. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълӣ ниёз дорад ва таҳти раҳбарии ӯ фазои сулҳу амният ва ваҳдату якпорчагии миллиро барои имрӯзиёну ояндагон ҳифз менамояд.
Зафарҷон СУЛТОНОВ, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2016    №: 30-31    Мутолиа карданд: 398

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед