logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ «КОМБИНАТИ ШИРИ ДУШАНБЕ» ТАБИИСТ

Имрӯз дар мағозаҳо ва дӯконҳои сайёри пойтахт шаҳрвандон маҳсулоти нави ширии истеҳсолгарони ватаниро дида, хушнуд мегарданд. Инҳо номгӯйи маводи ғизоӣ барои кӯдакону бачагон - творожок, панири қандӣ, батончаҳои творогии йоднокшуда, йогурт, биоактив, чудо – фруктик, шири шоколадӣ, актимилк ва ғайра мебошанд.
Дар назди биноҳо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ мошинҳои ширрасон ба мардум хизмат мерасонанд. Аз хизматрасониҳои онҳо сокинон хушнуданд. Ба сифати шири ин мошинҳо низ баҳои хуб додаанд. Аз ин рӯ, талабгорони шири ба меъёри тозагӣ ҷавобгӯ афзудааст. Чуноне ба назар мерасад, сафи нафарони ба фурӯши шири ғайристандартӣ машғулбуда кам гаштааст. Бисёр хуб аст, ки дар фасли гармо одамон ташнагиашонро бо дӯғи тоҷикии бегаз ва дӯғоби газнок шикаста метавонанд. Ин ҳама аз он далолат медиҳад, ки технологияи истеҳсолоти маҳсулоти ширӣ дар ҷумҳурӣ, хусусан, тавассути фаъолияти густурдаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» пешрав гардидааст. Ин ҳама муваффақиятҳоро «Комбинати шири Душанбе» бо сарпарастии соҳибкор – Наврӯз Комилов соҳиб шудааст. Соли 2014 дар «Комбинати шири Душанбе» коргоҳҳои нави истеҳсоли панир ва маска, инчунин, маҳсулоти кӯдакона бунёд шуданд. Баъд аз кушодашавии ин коргоҳҳо истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба зиёда аз 80 намуд расид. То ин вақт кефир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, кефирҳои мевагӣ, творог ва ғайра истеҳсол мегашт. Имрӯз бошад, намудҳои гуногуни панир ва маска ба фурӯш бароварда мешаванд ва аллакай харидорони зиёд пайдо кардаанд.
Бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии комбинат коркарди шир рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Хоҷагиҳои ёрирасон комбинатро бо ашёи хоми баландсифат таъмин менамоянд.
Назармоҳ Назарбекова, сардори озмоишгоҳи марказии «Комбинати шири Душанбе», оид ба хосиятҳои безараргардонии ашёи хом чунин гуфт:
- Вақти қабул мо сифати ашёи хомро аз рӯи нишондодҳои тозагии бактериологӣ ва эмин будани чорво аз касалиҳои сироятии брутселёз ва сил муайян месозем. Ҳамчунин, сифати ашёи хомро аз рӯи нишондодҳои туршнокӣ, зичӣ ва ҳарорат месанҷем. Баъди муайян намудани сифати ашёи хом ба коркарди он иҷозат дода мешавад. Пас аз ворид шудани маҳсулоти тайёр ба анбори корхона дар озмоишгоҳи марказии комбинат онро бори дигар аз санҷиш мегузаронанд. Дар охир ҳар як бахши маҳсулот сертификати сифатро мегирад.
Соли 2014 «Комбинати шири Душанбе» аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯй сертификати стандарти байналмилалии ИСО – 9001 ва НАССР – ро гирифт.
Фикр мекунам, бурди мо низ ҳамин аст, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аз моддаҳои кимиёвӣ истифода намебарем, маҳсулоти ширии истеҳсолкардаи мо табиианд, - мегӯяд Наврӯз Комилов.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2016    №: 32    Мутолиа карданд: 760

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед