logo

ҳуқуқ

ОИЛАДОРӢ ЧАРО ХУШУНАТУ ҶУДОӢ ҲАМОНО МАВЗӮИ БАҲС АСТ?

Ҳодисаҳои азҳампошии оилаҳо ва афзоиши хушунати оилавӣ дар чанд соли охир мавзӯи пурбаҳс аст. Ин раванди ҷомеа, бахсусус сохторҳои марбутаи давлатиро то ҷое ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, барои танзими вазъ дар ин самт тадбирҳои судманд рӯи даст гирифта шудаанд. Бо вуҷуди коҳиши чашмраси пошхӯрии оилаҳо, ҳамоно мушкил боқист. Инро сабаб чист ва то куҷо омилҳои равониву иҷтимоӣ ба ин масъала таъсиргузоранд?
Бино ба андешаи равоншинос, Дилбар Умарова, тайёр набудани ҷавонон  ба зиндагии мустақилона, надоштани касбу кори муайяни ҳамсарон, таҳаммулнопазирии тарафайн ва монанди инҳо сабабҳои бештари ҷудошавии оилаҳо гардида метавонанд.
- Соли 2015 дар Тоҷикистон 77 ҳазору 20 ақди никоҳ расман сабт шудааст. Дар ин давра шумораи пошхӯрии оилаҳо 8356 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 -ум 776 ҳолат кам аст. Дар робита ба шумораи оилаҳо ва ё талоқҳои бидуни сабти ном омори дақиқе мавҷуд нест, - изҳор намуд Маҳбуба Азимова, мудири бахши иттиллоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бунёди оила масъулияти танҳо ду нафар нест. Вақте духтару писар оила барпо мекунанд, бояд дониста бошанд, ки минбаъд барои тарбияи фарзанд ва ояндаи ӯ низ масъулу ҷавобгар ҳастанд. Оиларо беҳуда ба ҷомеаи хурд монанд намекунанд. Агар дар оилае  пайваста ҷангу моҷаро ҳукмфармо бошаду модари муштипару заиф пеши назари фарзандон мавриди латукӯб қарор гирад, чӣ муҳити тарбиявие барои кӯдакон муҳайё мешавад? Муҳити носолиму хушунатбор.
Солҳои охир даст ба амалҳои худкушӣ задани бонувон низ масъалаи печидаву нигаронкунанда аст. Мувофиқи маълумоти расмии Кумитаи кор бо занон ва оила соли 2015 аз тарафи занон 270 ҳолати худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 17 ҳолат зиёд шудааст.
Дилбар Умарова, сабабҳои ба худкушӣ даст задани занонро чунин баён намуд: «Занон аз сустиродагӣ, надонистани ҳуқуқҳои худ, тоб наовардан ба зиндагии хонаи шавҳар ва чанд омили дигар, бештар худро қурбон мекунанд».
Новобаста ба  ҳар гуна вазъ зан бояд хираду маърифаташро дар солим нигоҳ доштани ҳаёти оилавӣ бештар ба кор барад, то ҳамеша оташи шуълавари хонадонро поянда нигоҳ дорад. Аксари коршиносон зуҳури ин ҳодиса, яъне худкушиву сӯиқасд ба ҷони худро дар паст будани сатҳи маърифат ва маънавиёти ҷомеа мебинанд.
Ба андешаи мо, ба ҷуз аз омилҳои дар боло зикршуда сабуру таҳаммулпазир будани зан дар оила низ бисёр муҳим аст. Солҳои охир барои бо таҳсил фаро гирифтани духтарон тамоми чораву тадбирҳо андешида мешаванд. Масалан, тариқи Квотаи президентӣ ҳар сол садҳо духтари минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ ҷалб гардида, бад-ин восита мавқеи занонро на танҳо дар оила, балки дар ҷомеа низ таҳким мебахшад.
Дар робита ба баррасии мавзӯи мавриди назар, хулоса ин аст, ки агар навхонадорон саводи кофӣ, ҷаҳонбинии диниву дунявӣ дошта бошанд ва ба арзишҳои рӯзгордорию ҳаётӣ эҳтиром гузоранд, ҳаргиз хушунату зӯроварӣ ва пошхӯрии оилаҳо зуҳур намекунад.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2016    №: 32    Мутолиа карданд: 481

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед