logo

ҳуқуқ

ҲАБСИ АВҒОНОВ

СОҲИБКОРОН САРИ ИН МАСЪАЛА БОЯД АНДЕША КУНАНД

Солҳои охир дастгирии соҳибкорон дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, баҳри амалӣ намудани ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуда, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт. Тибқи он бартариҳои зиёд, ба монанди шумораи андозҳо бо роҳи аз кодекс хориҷ намудан ва дар низомҳо муттаҳид кардани андозҳои ба ҳам алоқаманд ҷорӣ шуд. Номгӯи андозҳо аз 21 ба 10 намуд, яъне шумораи эъломияҳои андоз то 41 дарсад, теъдоди ҳисоботҳои андоз то 86 дарсад ва шумораи умумии пардохтҳои андоз то 43 дарсад кам гардид.

Бо вуҷуди ин, на ҳамаи соҳибкорон ин дастгириҳои давлату Ҳукумати ҷумҳуриро дарк карда, дар фазои озоди соҳибкорӣ уҳдадориҳои худро ба таври зарурӣ таъмин менамоянд. Чунончи шаҳрванд Сафаралӣ Авғонов аз 31 марти соли 2013 ҶДММ “Дилшод Авғонов”-и шаҳри Сарбандро таъсис дода, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешавад. Вале бо роҳи пешниҳод накардани эъломияҳои андоз оид ба даромаду хароҷоти маҳсулоти воридкардааш ё дигар ҳисоботҳои андоз манбаъҳои андозбандишавандаро ба миқдори калон пинҳон доштааст. Номбурда ба ин тартиб аз супурдани андозҳо аз шахси ҳуқуқӣ саркашӣ намуда, даст ба ҷиноят задааст.
Сафаралӣ Авғонов дар давраи моҳи январ то моҳи июни соли 2015 ба фаъолияти иқтисодӣ - хориҷӣ машғул гашта, аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути гумруки “Панҷи Поён” миқдори зиёди маводи хӯрока ва дигар маҳсулотро ворид намуда, бархилофи талаботи қонунгузории андоз эъломияҳои андозро пешниҳод накарда, манбаъҳои андозбандишавандаро пинҳон доштааст. Соҳибкор дар натиҷа ба маблағи 511426 сомонӣ аз пардохти андозҳо аз шахси ҳуқуқӣ, саркашӣ намуда, бо назардошти фоизҳо ба маблағи 677868 сомонӣ ба пинҳонкунии андозҳо роҳ додааст.
Ҳамчунин, номбурда ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи  суди иқтисодии вилоятро аз 14 июли соли 2014 дар бораи рӯёнидани  маблағи 366466 сомонӣ қарзҳои андози ҶДММ “Дилшод Авғонов” - и шаҳри Сарбанд қасдан иҷро накардааст. Дар натиҷаи таъмин накардани уҳдадориҳояш қарзи андозҳои ҶДММ “Дилшод Авғонов” дар назди буҷети давлат 496439 сомонӣ расидааст. Авғонов Сафаралӣ аз пардохти маблағи қарзи андозҳо низ саркашӣ намуда, бо ин ҳаракатҳояш ба маблағи умумии 1174307 сомонӣ ба давлат зарари калони иқтисодӣ расондааст.  
Бинобар ин, 18 августи соли 2015 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Авғонов Сафаралӣ Субҳонович бо моддаҳои 292 қисми 1 ва 363 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, пас аз итмоми тафтишоти пешакӣ парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Тибқи ҳукми суди шаҳри Сарбанд аз 29 январи соли 2016 Сафаралӣ Авғонов барои саркашӣ аз супурдани андозҳо аз шахси ҳуқуқӣ ва барқасдона иҷро накардани ҳалномаи судӣ гунаҳкор дониста шуда, бо назардошти ҳолатҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ ва судӣ аз ҷониби номбурда барқарор накардани маблағи зарари расида, се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Бояд дигар андозсупорандагон ё соҳибкорон аз амалҳои худсаронаи Сафаралӣ Авғонов, ки барои саркашӣ аз супурдани андоз ва барқасдона иҷро накардани қарори судӣ паси панҷара рафт, хулосаи зарурӣ бароварда аз чунин кирдори ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.

С. Х. БОБОЗОДА, сардори шуъбаи
назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт
ва гумруки прокуратураи вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2016    №: 32    Мутолиа карданд: 869
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед