logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо Айналишоев, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фарҳод Тоиров, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Рафиқам аз ман қарз гирифт, вале дар муҳлати муқарраршуда барнагардонд ва аз пардохт саркашӣ карда истодааст. Ӯ бар ивази қарз ба ман ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигиеро пешниҳод кардааст. Метавонам, ки бар ивази қарз қитъаи замини наздиҳавлигии ба номи қарздор ҷудошударо ҳамчун гарав қабул намоям?
Д. Сафаров, шаҳри Сарбанд

- Дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад, ки қитъаи замини худро бидуни тағйир додани таъйиноташ истифода барад ва инчунин онро ба гарав гузорад. Аз ин хотир, ба шумо зарур аст, ки шартномаи гарави қитъаи заминро ҳамчун кафолати иҷрои саривақтии уҳдадории қарзӣ тавассути идораҳои нотариалӣ ба расмият дароред. Дар ҳолати саркашӣ кардани қарздор аз барасмиятдарории аҳд метавонед, ба суд оид ба басташуда эътироф кардани шартномаи гарави қитъаи замин бо даъво муроҷиат намоед. Зеро мутобиқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҳар шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад, баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ бо даъво ба суд муроҷиат намояд.

* * *
- Аз воситаҳои ахбори омма хабардор шудам, ки андозаи боҷи давлатиро барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо иваз намудаанд, мехостам, ки мафҳуми онро бифаҳмам?
Ҳ. Асанбеков, шаҳри Хоруғ

- Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ ” тағйирот ворид шуд. Сархати сеюми банди 13, қисми 8, моддаи 4 қонуни мазкур қаблан чунин мазмун дошт: “барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат”. Баъди ворид намудани тағйирот дар таҳрири зайли ифода мешавад: “барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқӣ истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо – ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”. Яъне, аввал қонунгузор тарзи ҳисобкунии боҷи давлатиро иваз намудааст (ҳадди ақали музди меҳнатро ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва дувум миқдори онро барои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (рондан) ва ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо (фурӯхтан, иҷора додан, ба гарав мондан ва ғ.) алоҳида муайян кардааст, ки дар гузашта миқдорашон баробар буд. Айни ҳол, бар асоси тағйирот боҷи давлатӣ барои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 80 сомонӣ ва барои ҳуқуқи ихтиёрдорӣ 600 сомониро ташкил медиҳад. Ёдрас мекунем, ки айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 40 сомонӣ аст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2016    №: 32    Мутолиа карданд: 620
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед