logo

иқтисод

ФАЙЗОБОД. ОБ, ОБ, ОБ…

Бетаъмир мондани  канали  «50 – солагии Тоҷикистон» - манбаи асосии оби кишоварзон муҷиби камҳосилӣ ва бекорхобии заминҳои корами ноҳия гардидааст.

Обу ободӣ мегӯянд. Об аст, ки табиат ҷомаи сабз ба бар мекунад ва инсон биёбонро ба гулистон табдил медиҳад. Ҳарчанд баҳри нашъунамои хуби рустаниҳо ва боғу токзор  кишоварзон  кӯшанд,  замини ҳосилхез дошта бошанд ва  доруҳои минералӣ пошанд, вале бо рӯ задани норасоии об ҳамаи заҳматҳо барабас мераванд. 
Бо назардошти аҳамияти об дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ Пешвои миллат - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат ҳамеша барқарорсозии шабакаҳои обёрии мавҷуда ва сохтани каналҳои навро таъкид мекунанд. Роҳбари давлат соли 2014 ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод навсозии шабакаи обёрии «50 – солагии Тоҷикистон»  - ро, ки аз дарёи Кофарниҳон ба майдонҳои кишти ноҳия об мерасонад, барқарорсозии силсилачоҳҳо  ва ба 1000 гектар расондани заминҳои кишти картошкаро ба масъулон дастур дода буданд. Аммо 2 сол мегузараду канал ҳанӯз барқарор нагардидааст.   Бо  сабаби  камобӣ  майдони кишти картошка ба 800 гектар ҳам нарасидааст. 
 Миралӣ Раҷабзода, раиси ноҳия, изҳор дошт, ки барқарорсозии қисматҳои фарсудаи шабакаи обёрии номбурда  идома дорад. Соли гузашта  ба воситаи он  наздик ба 60 гектар замини кишт бо об таъмин гардид. Вале ин натиҷа хеле паст аст. Чунки канали «50 – солагии Тоҷикистон»   манбаи асосии оби полезии ноҳия буда, дар сурати комилан барқарор сохтани он наздик ба 50 дарсади заминҳои кишти ноҳия   бо об  пурра таъмин мешаванд.
Сайдалӣ Шамсов, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, гуфт, ки    аз заминҳои киште,  ки дучори норасоии об гардидаанд,  обёрии қариб  1700 гектари онҳо  ба канали «50 – солагии Тоҷикистон»  рост меояд. Агар шабакаи обёрии номбурда пурра барқарор гардад, ҳаҷми майдони кишти картошка низ меафзояд. Айни замон, беобӣ муҷиби камҳосилӣ  ва бекор мондани заминҳои корам гардидааст. Инчунин, хатҳои  обе, ки шаҳрвандон худсарона кашидаанд, боиси камчинии об дар қитъаҳои дигар мебошад. Чунки дар як мавзеъ сокинон бо истифодаи лӯлаҳои қутрашон 200 милиметр об мегиранд, дар қитъаҳои дигар кишоварзон аз беобӣ танқисӣ мекашанд. Пас, тасаввур кунед, ки ҳол чӣ гуна  аст.
Ба гуфтаи Нусрат Саймуродов, сардори агентии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия,  сабаби кашол ёфтани таъмири канал ва чоҳҳо сари вақт ҷудо нашудани  маблағи даркорӣ буда, айни замон мушкилии мазкур ба пардохти  маоши коргарон  низ таъсир расондааст.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки навсозии канали номбурда ҳамчун манбаи оби заминҳои корами ноҳияи Файзобод  аҳамияти калон дорад. Вале масъулони вазорату идораҳои марбута  дар кори барқарорсозии  саривақтии шабакаи обёрӣ ва чоҳҳои амудӣ ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Агар таъмиру барқарорсозии  қисматҳои харобшудаи канал ва ба кор даровардани муҳаррикони обкаши он сари вақт анҷом меёфт, зиёда аз 1,6 ҳазор  гекар замин бо оби даркорӣ таъмин ва ҳазорҳо нафар соҳиби ҷойи кору даромад мешуданд. Мутаассифона,  ҳоло низ маълум нест, ки имсол хоҷагидорони кишоварзии ноҳияи Файзобод аз оби канали «50 – солагии Тоҷикистон» баҳраманд мешаванд  ё  на? 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2016    №: 32    Мутолиа карданд: 589

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед