logo

иқтисод

УСУЛИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ БАРҚ БО "ВОДОКАМЕРА"

Ба диққати вазоратҳои энергетика ва захираҳои об,
саноат ва технологияҳои нав ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ


Хонандаи гиромии рӯзномаи “Ҷумҳурият” Озодқул Маматқулов, сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан, солҳои тӯлонӣ дар соҳаи омор фаъолият намуда, ба масъалаҳои рӯзмарра ва доғи кишвар мароқ зоҳир менамуд. Маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон, таваҷҷуҳи ӯро мудом ҷалб менамуд. Масъалаи маҳдудияти интиқоли барқ боис гашт, ки барои рафъи он дар деҳот роҳу тадбирҳо ҷӯяд. Ба ин мақсад китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои зиёдро мутолиа намуд. Ба қарибӣ ба рӯзнома пешниҳоди худро фиристода, хоҳиш намудааст, ки баъди чопи он олимону мутахассисон ва масъулони соҳа фикру андешаҳояшонро навишта, дар бобати татбиқи ин пешниҳоди муҳим саҳм гузоранд.

1. БАРОИ ҲОСИЛ ШУДАНИ ФИШОРИ ОБ
Маълум аст, ки иқтидори НБО - и амалкунанда аз рӯи ду омил ташхис мешавад. Якум аз миқдори обе, ки як агрегатро ба кор медарорад ва дуюм аз рӯи фишори оби аз баландӣ ба агрегат воридшуда. Яъне фишори об чӣ қадар баланд бошад, иқтидори неругоҳ ҳамон қадар меафзояд. Масалан, баландии оби сарбанди НБО - и Норак 300 метр буда, иқтидори солонаи неругоҳ 11,2 млрд кВт/соат аст. Барои фаъолсозии неругоҳи Бойғозӣ фишори об аз 70 метр баландӣ таъсир карда, тавоноияш 2,7 миллион кВ мебошад. Ҳамаи ин неругоҳҳо бо як миқдор оби дарёи Вахш кор мекунанд. Агар фишори об афзуда шавад, харҷи иловагӣ кардан лозим меояд. Сарбанди нодири НБО - и Норак аз сангу шағалу хок бунёд ёфтааст, аз он фақат 217 метраш барои фишори обро баланд бардоштан хизмат мекунад. Дар НБО - и Роғун бошад, 330 метри сарбанд барои доимӣ нигоҳ доштани фишори об пешбинӣ шудааст.
Косаи обанбор қисми бузурги оби захирашударо нигоҳ медорад, ки барои истеҳсоли қувваи барқ истифода намешавад. Дар маҷаллаи «Энергомашэкспорт» - и Федератсияи Русия соли 1990 навиштаанд: “Дар неругоҳи Норак мавсими обҷамъсозӣ баландии об то 290 метр мерасад ва аз 10 млрд метри мукааб оби он танҳо 4 млрд барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мешавад”. Гуфтаҳои болоро ба инобат гирифта, тӯли даҳсолаҳо мутахассисон кӯшиш мекарданд, ки барои баланд бардоштани фишори об роҳҳои дигар (алтернативӣ) - ро ёбанд. Бо харҷи камтару безарар неругоҳ созанд.
Чанд сол аст, ман дар ҳамин фикр мебошам ва ғояе пайдо шуд, ки агар оби дарё ё шабакаро (ҷӯйбор ё каналро) тавассути сарбанд 80 - 100 метр баланд бардошта, аз боло тавассути ускуна поён партофта шавад, на як неругоҳ, балки чанд то ба кор медарояд. Бояд қисмати болои ускуна обдарои васеъ дошта бошаду тарафи поён (обпартояш) чанд баробар танг бошад. Қисми поёнии ускунаро чун қиф ҳам танг сохтан мумкин. Мақсад аз ин аз ҳисоби вазни об дуруст истифода бурдан мебошад. Дар қонуни Нютон гуфта шудааст: “Ҳар як ҷисме, ки аз 10 метр боло ба поён партофта мешавад, ба замин бо вазни 9,8 баробар зиёд омада мерасад” . Барои амалӣ сохтани ин мақсад ман як ускуна (ба лоиҳаи он нигаред) сохта, ба он муваққатан «Водокамера» ном гузоштам. Сохтани «Водокамера» ниҳоят сода буда, баландиаш ба ҷойи интихобкардаи неругоҳ баробар, аз 50 то 100 метр буда метавонад. Онро тахмин 10х20, 10х25 ва 10х30 метр бунёд кардан мумкин аст. Бояд қисми поёнии «Водокамера» - ро аз филиз сохта, болояш аз оҳану бетони ғафсии деворҳояш 1,0 - 1,2 метр буда мустаҳкам намудан лозим. Ин имкон медиҳад, ки ускуна ба заминҷунбӣ тобовар бошад. Агар он бо сарбанди обанбор яклухт сохта шавад, мустаҳкамиаш меафзояд.
Акнун рақамҳои шартӣ қабул карда, «Водокамера» - ро муаррифӣ мекунем. Фарз кардем, ки баландии ҷойи интихоби неругоҳ 100 метр бошад, иншооти бунёдкарда (водокамера) - ро ҳам дар баландии 100 метр ва қаду бараш 10х30 метр сохтан лозим. Ҳаҷми даруни ускуна 100х10х30 бошад, ба 30000 м3 баробар мешавад. Вазни оби истифодамешуда 30000 тоннаро ташкил хоҳад дод. Тавассути "Водокамера" агар обро ба боло 150 м3/сония партоем ва даричаи поёнии обро, ки ченакаш 4 м3 аст, кушоем, дар дохили "Водокамера" фишори (атмосфераи) калон ба вуҷуд омада, аз даричаи поёнии оббаро бо тезии 37,5 м3 /сония хориҷ мегардад.
Аз таҷрибаи неругоҳи Норак истифода мебарем. Ба ҳар агрегати неругоҳ аз баландии 230 метр дар як сония 150 м3 об мешорад. Об аз боло ба поён бо фишори баланд ҷорӣ гашта, тавассути нақби обгузар аз дарбанди куррашакл гузашта, чархаи кориро ба ҳаракат дароварда, барқ истеҳсол мекунад. "Водокамера" фишори обро баланд бардошта, генератор ва турбогенераторҳои неругоҳро ба кор медарорад ва бо истифодаи ҳаҷми ками об қувваи зиёди барқ истеҳсол кардан мумкин аст.
Хулосаи санҷиши мо ин аст, ки тезии об ҳам дар НБО - и Норак, ҳам дар "Водокамера" баъд аз гузаштан аз нуқтаи баландтарини дарбанди куррашакл як хел аст, яъне 37,5 метр/сония. Иқтидори неругоҳҳо баробар набошад ҳам, агар бо коэффитсиенти 1 - 0,9, 1 - 08 кор кунанд, аз бунёди НБО - ҳои серхароҷот дида, неругоҳро бо "Водокамера" ҳам арзон (аз 10 то 12 маротиба камхарҷ), ҳам бехатар ва ҳам дар муҳлати кӯтоҳ сохтан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Барои бунёди НБО якҷоя бо "Водокамера" интихоби ҷойи он муҳим аст. Бояд 20-30 метри "Водокамера" - ро дар замини тахту ҳамвор ҷойгир карда, 15-20 метрашро аз оҳану бетон сохта шуда, ба тарафи пушташ бо қуму шағалу хок пур карда шавад. Тарҳи дигари сохтмони неругоҳ (якҷоя бо "Водокамера") чунин бояд шавад: обро ба воситаи шабака ба теппачаҳои дар атрофи дарё мавҷуд буда бароварда, дар паҳлуи теппа барои ҷойгир кардани "Водокамера" ҷоеро тахту ҳамвор намуда, "Водокамера" сохта, ба болои он оби ба ёрдами шабака бударо партофтан лозим. Ҳамин тавр обро такрору ба такрор истифода бурда, неругоҳро якҷоя бо "Водокамера" ба таври силсилавӣ истифода бурдан мумкин аст.
Азбаски неругоҳи водокамерадор обанбор надорад, бо мақсади бо об таъмин кардани неругоҳ (ё неругоҳҳо) дар қисми болоии дарё ё дарёчаҳо обтақсимкунакҳо сохта, неругоҳро дар давоми сол ба таври муътадил бо об таъмин кардан мумкин аст.

2. СОХТАНИ ОБТАНЗИМКУНАКҲО
Обтанзимкунак  дар қисми болоии дарёҳо ё шохоби дарёчаҳо бунёд карда мешавад, ки ба мардум ё муҳити зист зарар наорад. Дар дохили қаторкӯҳҳо чунин ҷойҳо бисёранд, ки ҳамагӣ 50-80 метр  сарбанд бардошта, 1,5 - 2 млрд м3 обро захира кардан мумкин  аст. Сохтмони сарбанди обтанзимкунак кори мутахассисон буда, дар қисмати аз ҳама поёни он дари оббаро сохта мешавад. Ченаки дари оббароро ба миқдори оби миёнасолонаи дарё мутобиқ сохтан бештар манфиатовар  мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар вақти серобӣ обдарои онро пӯшида, дар вақти камобӣ кушоянд. Барои эмин сохтани  обтанзимкунак дар қисмати болоии он обгурез сохта мешавад, ки дар ҳолати ҳар гуна ҳодисаҳои табиӣ ҳавзи обтанзимкунак пур шуда (дар вақти селу обхезӣ) барои обро ба берун фаромаданаш шароит муҳайё мекунад (ба расми  иловакарда нигаред).
Агар сохтмони обтанзимкунакҳоро дар минтақаи Рашт татбиқ карданӣ бошем, дар шохаҳои дарёҳои Хингоб, Муксу (Воҷангдарё), Камаров ва Сурхоб якто ва ё шароит мавҷуд бошад, дутогӣ иншоотро сохта, ҷамъ 60 млрд м3 ва аз он зиёдтар обро  захира кардан мумкин,  ки ин  захира на фақат неругоҳҳои навбунёдёфтаро, балки неругоҳҳои амалкунанда аз дарёи Хингоб то Амударё сохташуда - Норак,  Бойғозӣ, Сангтӯда ва ғайра дар фасли  камоб шудани неругоҳҳои барқиро ҳал мекунад. Дар натиҷа миллиардҳо кВт/соат барқи иловагӣ истеҳсол кардан мумкин.
Сохтани обтанзимкунакҳо воридшавии муътадили оби мавҷудаи дарёҳоро дар давоми сол таъмин месозад. Об аз танзимкунакҳо сарпоён шуда, то неругоҳе, ки обро қабул мекунад, масофаи зиёдро тай  мекунад. Барои бунёди неругоҳ аз талу теппаҳои мавҷуда теппаеро интихоб  мекунем, ки:
1. Обро ба нуқтаи баланди теппача баровардан заҳмати зиёд талаб накунад (об бо ёрии шабака, нова ва лӯла) бароварда мешавад.
2. Аз фаромадани тарма эмин буда, хавфу хатари селу обхезӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
3. Нишебии он аз 25 дараҷа то 40 дараҷа иборат бошад.
4. Дарозиаш (тарафи нишебӣ) аз 300 то 500 метр ё аз он зиёдтар бошад.
Аз қонунҳои физика ба маълум аст, ки агар ба нова  60 м3 обро ворид карда,  ченаки новаро 2х2 сохта, нишебии  аз 30 дараҷа боло  бошад, тезии об аз 40 м/с зиёдтар мешавад (60м3: 40м=1,5м2) .
Ба расм эътибор дода, гуфта метавонем, ки бо ёрии ускунаи мазкур қувваи механикиро чӣ қадар талаб карда шавад, ҳамон қадар афзуда метавонем, чунки ченаки новаро калонтар сохта, оби воридмешударо, афзоем, нишебӣ зиёд шуда, қувваи механикӣ пурқувват мешавад.
Агар кормандони муҳандисию техникии корхонаи истеҳсолкунандаи генератор мувофиқи талабот генератор истеҳсол намуда, пайвастшавии тири чархаи кориро ба генератор ҳал кунанд, солҳои наздик на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мешаванд.
Қаблан бояд истгоҳе (ба расми иловакарда нигаред) сохта шавад, ки ҳавзи оби он 1500 м3 - 2000 м3 ғунҷоиш дошта бошад.  Насоси обкаш обро тахминан 50 - 60 м боло мебардорад. Ба  он   новаи дараҷаи нишебиаш 40 - 45 пайваста, 9 - 10 чархаи корӣ шинонда,  ба генераторҳо пайваст шавад ва генераторҳо дар навбати худ қувваи механикиро ба қувваи электрикӣ табдил дода, барқ истеҳсол мекунанд.
Як қисми барқи истеҳсолкардаро худи ҳамин неругоҳ истифода мебарад (тахминан барқи 3 генераторро).  Барқи истеҳсолкардаи 6 - 7 генератор ба хоҷагии халқ фиристода мешавад.

TАВЗЕҲОТ
 Дар боло фаъолияти 3 намуди неругоҳи ба таври силсилавӣ коркунанда зикр карда шуд:
1. НБО-и якҷоя бо водокамера коркунанда, ки  фишори обро аз ҳисоби вазни оби истифодамешуда таъмин мекунад. Чунин неругоҳҳо асосан бо генератор ва турбогенераторҳои пуриқтидор кор мекунанд ва онҳоро дар дарёҳои сероб истифода баранд, мувофиқи мақсад мешавад. Масалан, дар дарёи Панҷ дар минтақаи Даштиҷум якто обтанзимкунак сохта, бо воситаи шабака як қисми об (1000 - 1200м3)- ро ба теппачаҳои дар соҳил мавҷудбудаи баландиаш 80 - 100 м расонда, водокамера созем,  неругоҳ мунтазам фаъол мегардад. Оби  аз неругоҳ баромадаро бо ёрии шабака иловатан ба дигар теппачаҳо бурда, боз неругоҳ созем, мешавад.
2. Сохтмони неругоҳе, ки бо ёрии нова ва чархҳо фаъол шуда, генераторро чарх занонда, барқ истеҳсол  менамояд, ниҳоят одӣ аст. Ин неругоҳҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок мебошанд  ва арзиши аслии барқи истеҳсолшуда ниҳоят арзон хоҳад буд. Албатта, барои сохтмони як неругоҳи миёнаи иқтидораш  (3,0 - 3,5 млрд кВт/соат барқ) ҳамагӣ 300 - 500 м корҳои ҳамворкунӣ, 300 - 500 м нова, 30 - 50 адад чархи генератор ва 30 - 50 адад генератор лозим аст. Ғайр  аз он ускунаи пайвастсозии тири чарха ба тири генератор сохтан даркор аст. Мамлакатҳое, ки ба ин кор тезтар машғул шуда, неругоҳро аз рӯйи ғояи нав сохта ба истифода медиҳанд, яке аз омилҳои аз буҳрони иқтисодӣ баромаданро дарёфт мекунанд. Барои ба тафаккури хонанда равшан ворид намудани бунёди неругоҳ мехоҳам, ки бо ёрии рақамҳои ихтиёрӣ қабул карда (ин рақамҳо ба ҳақиқат ниҳоят наздик  аст), коркард ва истеҳсоли барқи неругоҳро таҳлил менамоям.
Бунёди  ин ускунаҳо азхуд карда шаванд, яъне неругоҳҳои тавсиякардаро бунёд намоянд, фикр мекунам, ки  ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аз танқисии барқ халос мешаванд. Азбаски сохтмони НБО-и пешниҳодшуда одӣ аст, ба муҳити зист зарар намерасонад ва арзиши барқи истеҳсолмешуда низ хеле паст мебошад. Дар ин ҳолат ба бунёди неругоҳҳои гаронарзиши ҳастаӣ ва аловӣ ҳоҷат намемонад. Аз ҳисоби афзудани чунин неругоҳҳо ва изофа шудани барқи арзон, албатта, ба ҷойи дегҳои гармидиҳӣ, ки бо нафту газу ангишт кор мекунанд, ба дегҳои гармидиҳии барқӣ иваз мешаванд.  Ин ду ҳолат ифлосшавии муҳитро ба ҳаҷми миллиардҳо тонна озод месозад.
Ман умед дорам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва мутахассисони соҳа пешниҳодро мавриди назар қарор медиҳанд, агар камбудие дошта бошад, ислоҳ намуда, онро дар амал татбиқ менамоянд.

Озодқул МАМАТҚУЛОВ,
нафақахӯр, шаҳри Истаравшан, деҳаи Чорбоғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16-17.02.2016    №: 32, 33    Мутолиа карданд: 835

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед