logo

иқтисод

ХУҶАНД. СОДИРОТ МЕАФЗОЯД

Раҷаббой АҲМАДЗОДА,
раиси шаҳри Хуҷанд

Сокинони шаҳри Хуҷанд Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи ояндасоз қабул ва сармашқи кори худ қарор доданд. Сарвари давлат бо таҳлили амиқи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамзамон роҳҳои расидан ба рушди минбаъдаро мушаххас намуданд. Зимни натиҷагирӣ аз дастовардҳои иқтисодӣ, зикр шуд, ки соли 2015, сарфи назар аз таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, ки бисёр кишварҳои ҷаҳонро фарогир мебошад, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди иқтисодӣ ва устувори нишондиҳандаҳои маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 дарсад баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 дарсадро ташкил кард.
Боиси қаноатмандист, ки кулли корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд сарфи назар аз шакли моликияташон дар афзун намудани нишондиҳандаҳо нақши арзанда доранд. Соли 2015 истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147 миллион сомонӣ ё 30 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 638,8 миллион сомонӣ расид. Аз ин миқдор ба маблағи 96,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки он тамоюли афзоиш дошта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Ҷиҳати татбиқи супоришҳои Сарвари давлат оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ соли гузашта дар шаҳр 48 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 167 адад расида, танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав дар шаҳр наздик ба 800 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Дар Паёми имсола Пешвои миллат таъкид бар он доштанд, ки ба хотири рушди иқтисодиёти кишвар масъулони корхонаҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳи бештаре ба содироти маҳсулот дошта бошанд. Хушбахтона, дар ин самт соҳибкорон низ қадами ҷиддие пеш мегузоранд. Феълан, маҳсулоти саноатии дар корхонаҳои шаҳр истеҳсолшаванда, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз қабили равғани маргарин, номгӯйи зиёди рангҳо, регпардозии минералӣ, лӯлаҳои пластикӣ, коркарди санг, либосҳои варзишӣ, ноқилҳои барқӣ, дару тирезаҳои муосири пластикӣ ба 14 давлати хориҷӣ содир мешаванд.
Қобили қайд аст, ки соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои истеҳсолии замонавӣ ба монанди ҶДММ “Порсои Хуҷанд”, Корхонаи ресандагию бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” ва корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча” дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Ко” ифтитоҳ гардида, ҳоло бо маром фаъолият доранд ва истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалиро ба роҳ мондаанд. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти ширӣ ва истеҳсоли 15 навъи маҳсулот аз он, коркарди солонаи 4,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ ба роҳ монда шудаанд.
Чораҳои андешидашуда барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаъҳои андоз ба буҷети давлатӣ мусоидат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, соли сипаришуда барои азнавсозии технология ва мудернсозии корхонаҳои саноатии навташкил зиёда аз 100 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб шудааст.
Мусаллам аст, ки татбиқи ҳамаи он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола инъикоси худро ёфтааст, бешубҳа, баҳри расидан ба рушди бемайлони иқтисодиёт, ободиву сарсабзии диёр ва албатта, рӯзгори шоистаи аҳолии мамлакат равона шудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро новобаста аз сатҳу мақом зарур аст, ки барои татбиқи босамари ҳамаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат самимона талош намоем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2016    №: 32    Мутолиа карданд: 633

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед