logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ БАРҲАМ ДОДАНИ МЕҲНАТИ КӮДАК

Истифодаи меҳнати кӯдакон, хусусан шаклҳои бадтарини он, кулли мардуми соҳибхиради сайёраро нигарон намудааст. Ҳамин аст, ки сохтори махсуси Созмони Милали Муттаҳид - Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон, хусусан шаклҳои бадтарини онро дар сархати фаъолияти худ ҷой додааст. Конвенсияҳои ТБМ «Дар бораи ҳадди ақалли синни қабул ба кор» (соли 1973, № 138), «Дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» (соли 1999, № 182), санад «Дар бораи ҷалб накардани кӯдакон ба муноқишаҳои мусаллаҳона» (соли 2000) ва конвенсияи СММ «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (соли 1989) аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаканд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ба конвенсияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (аз ҷумла 26 октябри соли 1993 ба конвенсияи СММ, 26 ноябри соли 1993 ба конвенсияи № 138,  8 июни соли 2005 ба конвенсияи № 182) ҳамроҳ гардид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории дар сатҳи миллӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои барҳам додани  меҳнати кӯдакро бар дӯш гирифт. Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон модарон ва кӯдакон зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ҳамчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», Кодекси меҳнат, Кодекси оила ва Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон таъмини  ҳуқуқи кӯдакро ба таҳсил, таълиму тарбия, ғамхорӣ, ҳимояи махсуси онҳо аз зуҳуроти номатлуб, зиндагӣ дар хавфу хатар, киро барои истисмор, фурӯхтан ва ҷалб намудан ба ҷиноятро кафолат  додаанд. Соли 2007 дар кишвар Гурӯҳи  миллии корӣ оид ба барҳам  додани меҳнати кӯдак ба фаъолият пардохт. Минбаъд дар пояи он Шӯрои  ҳамоҳангсози байниидорӣ оид ба барҳам  додани шаклҳои бадтарини меҳнати  кӯдак (с. 2012) таъсис ёфт, ки фаъолияти худро бар асоси сиёсати миллӣ ва муқаррароти  конвенсияҳои ТБМ (№ 138 ва 182) ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон бо ТБМ, бавижа Барномаи байналмилалии ТБМ оид ба  барҳам додани  меҳнати кӯдак (ТБМ -  ИПЕК) соли 2005 оғоз гардиданд. Тайи 10 соли ҳамкории муваффақ нақшаю стратегияҳои  алоҳидаи миллию минтақавӣ оид ба барҳам додани  меҳнати кӯдак таҳия  ва татбиқ гардидаанд. Натиҷаи ҳамкориҳои  босамари шарикони сеҷониба – Ҳукумати мамлакат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳоди корфармоёни Тоҷикистон бо ТБМ буд, ки 31 октябри соли 2014 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии  шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» ба тасвиб расид. Аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, ки яке аз самтҳои  афзали сиёсати давлат ба шумор  меравад, фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини зиндагии босаодат ва саломатии кӯдакону  наврасон, пешгирӣ намудани осебпазирии  истеҳсолӣ, беморӣ ва хатарҳои касбӣ ҳадафҳои асосии ин  барномаанд.
Раванди татбиқи  барнома тайи соли аввал, мушкилоту проблемаҳое, ки   амалисозии  барномаро душвор месозанд, ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳои босамари ҳамкории шарикони иҷтимоӣ бо ТБМ ва созмонҳои дигари байналмилалию ҷамъиятӣ мавзӯи меҳварии мизи гирд, ки дар  толори намояндагии ТБМ дар Тоҷикистон баргузор гардид, қарор гирифт. Зикр шуд, ки тайи 10 соли  амалисозии Барномаи  байналмилалии ТБМ оид ба барҳам додани меҳнати кӯдак аз ҷониби шарикони иҷтимоӣ, мақомоти мутасаддӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ТБМ ва сохторҳои  марбутаи СММ корҳои зиёде ба сомон расонда шудаанд, ки таҳия ва татбиқсозии «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2015 – 2020» муҳимтарини онҳо  маҳсуб меёбад. Ҳалли мушкилоти меҳнати кӯдакон дар доираи таҳия ва амалисозии сиёсати  миллӣ, васеъ намудани дараҷаи  дониши  корфармоён, кормандони масъули бахш ва созмонҳои ҷамъиятӣ оид ба ин масъала, таҳкими иқтидори  мақомоти давлатӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти иттилоотонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ва хизматрасонӣ ба кӯдакони коргар ҳадафи асосии  ин барнома мебошад. Татбиқи босамари  барномаи миллӣ барои солҳои 2015 – 2020 ба решакан кардани  шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва рушди иҷтимоию иқтисодии  кишвар мусоидат намуда, ояндаи  хушбахтонаи кӯдаконро  таъмин месозад.

Сайвалӣ АЗИЗОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2016    №: 33    Мутолиа карданд: 455

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед