logo

фарҳанг

КИТОБХОНА ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Китоб на танҳо дар тарбияи  ҷавонон, балки  дар  пешгирии онҳо аз гароиш ба  ҳар гуна  ҳаракату  гурӯҳҳои  ифротӣ метавонад саҳми бориз дошта бошад.  Бо назардошти ин кормандони  Китобхонаи  вилоятии шаҳри Кӯлоб баҳри  тарғиби  ҳамаҷонибаи  сиёсати  бунёдкоронаву  созанда   ва  сулҳҷӯёнаи  Пешвои миллат, Президенти  мамлакат   Эмомалӣ  Раҳмон  чорабиниҳои  гуногун  гузаронда,  дар  тарбияи  худшиносиву  худогоҳии  миллии   хонандагон  ва  таҳкими  Ваҳдати  миллӣ   саҳми  арзанда  гузошта истодаанд. Аз  ҷумла,  намоишҳои  китоб  бо номи  «Шоири  равшанзамир»  бахшида  ба  75 – солагии шоир Шоҳмузафар  Ёдгорӣ,  «Он  ҷангро   дар  таърих  ҳамто  набуд»  бахшида  ба  70 - солагии  ҶБВ, «Васфи  туро  месароям,  Модар»  бахшида  ба  Рӯзи   Модар,  «Наврӯз - рамзи  пирӯзии  ақлу хирад»  ташкил  ва гузаронда шуд.
Бахшида ба  рӯзи   Артиши   миллӣ   вохӯрӣ бо  намояндагони   Комиссарияти  ҳарбии  шаҳри Кӯлоб   баргузор   гардид,   ки   дар  он  хонандагони  ҷавон  бо   шавқи   баланд  иштирок  намуда,  ба  саволҳои   худ  оид ба  даъвати   наваскарон  ба  хизмат  дар  сафи   Кувваҳои  Мусаллаҳи  Тоҷикистон посух  гирифтанд.  Меҳмонон зимни   суханронии  хеш  ҷавононро ба далерию, шуҷоатмандӣ даъват   намуданд.
Масъалаҳои маърифати   оиладорӣ, баланд бардоштани   масъулияти  падару  модар  дар  таълиму  тарбияи фарзандон, омода  кардани  фарзандон  ба ҳаёти  мустақилона проблемаҳое мебошанд, ки  диққати доимии  кулли  аъзои  ҷомеаро  тақозо  мекунанд. Вобаста   ба  ин,  дар  Паёми  порсолаи  хеш  Сарвари  давлат  соли  2015 - ро  «Соли  оила»    эълон  намуданд.  «Ин  даъвати   Сарвари  давлат  масъулияти   мо  китобдоронро   нисбат ба  ин  мавзӯи  муҳими   рӯз  боз ҳам   зиёд  гардонд.   Аз  ин  ҷост,  ки  маъмурияти  китобхона  барои  дар  сатҳи  баланди  фарҳангӣ  ташкил  намудани  чорабиниҳои   оммавӣ  бахшида  ба   Соли  оила  як қатор амалҳоро ба анҷом расонд. Дар  толори  хониш  намоиши  китоб бо  номи  «Оила -  ошёни  меҳру  вафо»   манзури  хонандагон  гардонда  шуд. Мавзӯи дигаре, ки ҳама вақт мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дорад, ин гирифтории баъзе ҷавонон ба нашъамандӣ мебошад. Дар ин мавзӯъ зери унвони «Нашъамандӣ ва зарари он», «Лаззатҳои  зиёновар»  намоишҳои  китоб ба таври доимӣ амал мекунад, ки дар онҳо беҳтарин китобу мақолаҳо дастрас ва барои омӯзиш тавсия дода мешаванд.
Ҷамъбасти   чорабиниҳои  оммавӣ  оид ба  тарғиби  китоб   ва  ҷалби хонандагон дар давоми  соли сипаришуда муайян   кард,  ки  нишондиҳандаҳои асосии  кор  дар  муқоиса  нисбат ба  солҳои қаблӣ афзуда, шавқу  завқи  хонандагон  нисбат  ба  китобу  китобхона  боло  рафта истодааст. «Ин нишондиҳандаи мусбат мо аҳли китобро боз ҳам вазифадор менамояд, ки дар иҷрои вазифаҳои пурмаҳсул, яъне китобхону китобдон намудани насли наву ояндасоз бештар аз пештар масъулиятшинос бошем. Худамон бештар хонем, то барои муштариёнамон воқеан намуна бошем», - хулоса менамояд Саодат Абдуллоева, корманди китобхонаи мазкур.

Сарвиноз ШОДМОНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2016    №: 33    Мутолиа карданд: 631

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед