logo

иқтисод

БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ АКНУН БО УСУЛИ НАВ БУНЁД МЕШАВАНД

Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати бунёди боғҳои интенсивӣ бо истифода аз навгониҳои илму техника дар мавзеи Сомғор ба 110 нафар соҳибкори маҳаллӣ аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 765 гектар қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Тибқи барномаи таҳияшудаи вилоятӣ « Оид ба обёрии қатравӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ» дар ин ҷо бояд боғҳои нави зардолуву олу, шафтолу ва ангур бунёд гашта, нашъунамо ва парвариши ниҳолҳо бо истифода аз таҷрибаи мамолики пешрафтаи Аврупову Амрико ва обёрӣ бо усули қатравӣ ба роҳ монда шавад.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ҳини ширкат дар ин маросим аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки аз қитъаҳои замин самаранок истифода бурда, муваффақ шаванд, ки аллакай дар соли панҷуми нашъунамо ниҳолҳо ба ҳосил дароянд.
- Гузаштан ба шаклу усулҳои ҷадиду муосир дар ҷодаи бунёди боғу токзор, рӯёндани ҳосили фаровон ва дар баробари таъмини бозори дохиливу коркарди маҳсулоти ниҳоӣ содироти онро ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ мондан талаботи рӯз ва аз муҳимтарин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти ғизоии мамлакат маҳсуб меёбад. Баъдан шароити низоми бозоргонӣ низ инро ҷиддан тақозо мекунад. Бо назардошти манфиати муҳими иқтисодии ҷумҳурӣ, бо мушоҳида аз он ки талаботи бозори ҷаҳонӣ ба меваҳои хушку тару аз лиҳози экологӣ тоза, аз қабили зардолу, шафтолу, махсусан олуи сиёҳ сол то сол меафзояду барои рушди иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ аз имкониятҳои хеле мувофиқу дастрас арзёбӣ мешавад, мо бунёди чунин боғҳои интенсивиро дар мавзеи Сомғор шурӯъ кардем, - гуфт Абдураҳмон Қодирӣ.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилоят, иттилоъ дод, ки татбиқи барномаи мазкур барои сокинони вилояти Суғд аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, зеро ба ин восита ҳам дар ин мавзеъ шаҳри нави замонавии Сайҳун бунёд меёбаду ҳам ҳазорҳо гектар дашти асрҳои аср бекорхобида ба гулистон табдил меёбад, муҳимтар аз ҳама, дар ояндаи начандон дур ҳазорҳо нафар сокинони вилоят соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Дар марҳилаи нахуст, яъне то 1 марти соли равон дар ин мавзеъ зиёда аз 1000 гектар боғҳои нави интенсивӣ бунёд ва бо оби доимӣ таъмин шуда, мутахассисон ба заминагузории моддиву техникии навбати дувуми обёрии даштҳои мавзеъ ва сохтмони ҳавзи замонавӣ шурӯъ мекунанд.
Умедҷон Шарифов, директори ширкати «Қатра», оид ба бартариҳои усули нави обёрии қатравӣ иброз дошт, ки дар шароити имрӯза аз ин усул аз ҳама хубтар бо технологияи пешқадам дар Исроил, Амрико, Олмон ва Хитой самаранок баҳрабардорӣ мекунанд. Дар Исроил баъди ҳар панҷ сол тамоми лӯлаҳои обравро ҷиҳати аз лою рег тоза шудан иваз мекунанд. Дар шабакаҳои имрӯзаи мо чунин нест, зеро аз таҷрибаи Олмону Амрико истифода бурда мешавад, яъне ҷумакҳои обрезиро худи деҳқон бо осонӣ аз регу лой тоза мекунад. Албатта, бартарии нахустини усули обёрии қатравӣ, ин сарфаи об аст, ки дар шароити Тоҷикистон басо муҳим мебошад. Бо ин усули парваришу обёрии зироату боғу токдорӣ об то панҷ маротиба сарфа мешавад. Табиист, ки дар масъалаи сарфаи неруи барқ низ бартарии обёрии қатравӣ ба мушоҳида мерасад, дар як сол барои як гектар 16 сомонӣ сарф мешавад, барои обёрии ҷӯйборӣ бошад, 69 сомонӣ.
Дурнамои рушди боғдорӣ дар даштҳои беканор, талу теппаҳои ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Мастчоҳу Бобоҷон Ғафуров маҳз ба татбиқи ҳамин усули обёрӣ вобаста аст.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2016    №: 33    Мутолиа карданд: 506

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед