logo

ҳуқуқ

СУДЯҲО БОЯД РОБИТАРО БО ҶОМЕА ТАҚВИЯТ БАХШАНД

Ҳамасола аҳли ҷомеаи судяҳои кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳбаландии бузург истиқбол менамоянд.
Зеро Сарвари давлат дар баробари зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро низ  таҳлил намуда, дар назди онҳо вазифаҳои муҳим - таъмини суботу амнияти миллӣ ва пурзӯр намудани мубориза ба муқобили ҷинояткориро мегузоранд.

Дар Паёми имсола Сарвари давлат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро бори дигар ҳушдор доданд, ки «Дар шароити авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад». Аз ин хотир, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, махсусан доман паҳн кардани терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мо - кормандони мақомоти судиро водор месозад, ки робитаро бо ҷомеа тақвият бахшем. Барои иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат дар наздамон гузоштаанд, содиқона хизмат намуда, баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.
Пас аз нашри Паёми Сарвари кишвар роҳбарияти суди шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки пеш аз ҳама, омӯзиши ин санади муҳими барномавиро ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳоро ба тасвиб расонад. Дар ин замина, судяҳо вазифадор шуданд, ки баробари дар доираи қонунҳои мурофиавӣ ва дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонун моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ,  дар ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқоту вохӯриҳо ташкил намоянд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мурофиаҳои сайёри судӣ гузаронанд.
Судяҳои суди шаҳри Душанбе барои иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти кишвар пайваста саъю талош намуда, дар мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккил, экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши чашмраси худро мегузоранд.

Муҳаммадҷон РАҲМОНЗОДА,
Тоирбек МУСОБЕКЗОДА,
судяҳои суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2016    №: 33    Мутолиа карданд: 338

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед