logo

порлумон

68 ҲАВЗА БАРОИ РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ ТАШКИЛ ШУД

15 феврал дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия, ҷаласаи навбатӣ баргузор гашт. Дар он масъалаҳои омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22 майи соли 2016 доир мегардад, баррасӣ шуд.

Бахтиёр Худоёрзода зикр кард, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа, пешрафти минбаъдаи равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати риоя ва ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Дар ҷаласаи комиссия нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он тамоми паҳлуҳои тайёрӣ ва баргузории раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Аз ҷумла, комиссия бо мақсади иҷрои моддаи 17 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ташкили ҳавзаҳои раъйпурсӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд. Дар асоси қарори қабулшуда, дар қаламрави ҷумҳурӣ барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ 68 ҳавзаи раъйпурсӣ ташкил шуд. Ҳамзамон, намудҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар давраи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ истифода мешаванд, муайян гардиданд.
Бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории маъракаи муҳими дарпешистода Маркази иттилоотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ҳамзамон доир ба ҳаллу фасли саривақтии арзу шикоятҳо гурӯҳи кории дахлдори комиссия таъсис ёфтанд.
Бо қарори комиссия аз 4 феврали соли 2016 интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ № 1 ва Ҷаббор Расулов № 16 ба таърихи 10 апрели соли 2016 таъйин гардида, ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил ва бо қарори комиссия барои баргузории интихоботҳои зикршуда комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ таъсис дода шуданд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2016    №: 33    Мутолиа карданд: 10631
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед