logo

порлумон

АВРУПО - ТОҶИКИСТОН: ҲАЛҚАИ НАВИ ПАЙВАНД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлия, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ, ба тасвиб расид.

Ҳамчунин, Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА байни ҳукуматҳои тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо - Кавказ - Осиё аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, иброз дошт, ки он бо ташаббуси давлатҳои Арманистон, Булғория, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон соли 1993 дар ҷаласаи вазирон дар Белгия таъсис дода шуда, дар асоси Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо - Кавказ - Осиё, ки 8 сентябри соли 1998 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расидааст, то ин ҷониб фаъолият мекунад. Мақсади асосии созишномаи мазкур пайваст кардани шабакаи роҳҳои Аврупо - Кавказ - Осиё ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии кишварҳои аъзо баҳри сабук гардондани раванди интиқоли байналмилалии борҳо мебошад, ки ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон пурра ҷавобгӯ мебошад.
Имрӯз 13 кишвар узви ин созишнома буда, барои муайян намудани самти фаъолият соли 2003 комиссияи байниҳукуматии он таъсис дода шудааст. Мақомоти олии комиссияи мазкур Котиботи доимии ТРАСЕКА мебошад, ки дар шаҳри Боку воқеъ гардидааст.
Назар ба гуфтаи вазири нақлиёт, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар комиссияи мазкур муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид ба ҳайси Раиси миллӣ ва Муминзода Солеҳ ба ҳайси котиб муаррифӣ менамоянд. Маблағгузории лоиҳаҳо дар барномаи мазкур аз ҷониби Комиссияи Аврупо таъмин мешавад. Айни замон, ҳаҷми аъзоҳаққии Тоҷикистон 60 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Манфиатҳои ҷумҳурӣ аз аъзогӣ дар доираи барнома ба комиссияи мазкур иштирок дар татбиқи ёриҳои техникӣ мебошад, ки ба омӯзиши кадрҳо ва рушди нақлиёти автомобилӣ, авиатсияи гражданӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо равона шудааст. Бо назардошти таваҷҷуҳи бештари Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзогӣ дар созмони мазкур ва тасдиқи созишнома барои рушди соҳаи нақлиёти кишвар ва татбиқи лоиҳаи нави сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2016    №: 33    Мутолиа карданд: 10233

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед