logo

иқтисод

САРБАНД. ОШЁН ГАР МЕГУЗОРӢ ДАР БАЛАНДИҲО ГУЗОР

Шаҳри Сарбанд зодаи даврони истиқлолият аст. Он соли 1996 бар пояи шаҳрак ва дар қисмате аз ҳудуди ноҳияҳои Бохтару Ҷомӣ таъсис ёфт.
М. Юсуфов, сармеъмори шаҳр, дар бораи симои ояндаи Сарбанди навбунёд изҳор дошт:
- Нақшаи генералии шаҳри Сарбанд дар асоси шартнома байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҶСП «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе ба маблағи 127 ҳазор сомонӣ таҳия гардида, аз ҷониби вакилони халқи шаҳри Сарбанд ва вилояти Хатлон тасдиқ гардидааст. Масоҳати умумии шаҳр ба 275,41 гектар расидааст.
Нақшаи нави генералии шаҳр бо назардошти рушди иқтисодиёти шаҳр ва афзоиши аҳолӣ барои то соли 2032 таҳия шуда, имконияти фароҳамсозии шароити мусоид барои 25 ҳазор аҳолиро дорад.
Ҳоло бунёди 15 бинои истиқоматии нуҳошёна, 26 чорошёна, 25 панҷошёна, 7 бинои маъмурӣ, як муассисаи замонавии таълимӣ барои 664 хонанда дар кӯчаи Борбад, як боғчаи бачагона ва барқарорсозии ду боғчаи бачагона дар кӯчаи Зебунисо, се майдони варзишӣ ва чандин биноҳои хизмати маишӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар кӯчаи Борбад аллакай сохтмони ду бинои истиқоматии баландошёна оғоз гардид.
Дар сурати пурра амалӣ гардидани нақшаи нави генералӣ Сарбанди оянда ба таври шинохтанашаванда симои худро дигар карда, аз ҷиҳати меъморӣ ба шаҳрҳои мутараққӣ шабоҳат пайдо менамояд. Барои расидан ба ин рӯзи нек аз ҳар яки мо зимни адои вазифа танҳо дасту дили гарм ва дӯстдории Ватан зарур асту бас.
Нуринисо ИБОДУЛЛОЕВА, шаҳри Сарбанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2016    №: 34    Мутолиа карданд: 542

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед