logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - ШИНОСНОМАИ МО БА ҶАҲОНИЁН

Дар тӯли таърих басо марҳилаҳое буданд, ки барои наҷоти халқе, қавме ва ё миллате ба пешвои дурандешу соҳибтадбир ниёз пайдо шудааст. Чунин зарурати таърих аввали солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати куҳанбунёди мо низ пеш омад.
Марҳилае буд, ки миллати мо дар вартаи пошхӯрӣ ва Тоҷикистони азиз дар ҳолати тақсимшавӣ қарор дошт. Дар чунин марҳилаи тақдирсоз, таърих барои миллати мо шахси тавонгар - Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд. Ин танҳо бозёфти Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии ҷумҳурӣ набуд, балки тақозои сарнавишт буд. Бузургтарин коре, ки нахуст Эмомалӣ Раҳмон анҷом дод, садоқату вафодорӣ нисбат ба савганде буд, ки дар Иҷлосияи таърихӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд карда буд. Ин аст, ки имрӯз аз баракати талошҳои хастанопазири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо дар кишвари орому осуда зиндагӣ мекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мардум қабул намуд, дар ҳақиқат як амри таърихӣ буд. Вале бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвон кайҳо сазовор гардида, мардуми кишвар бидуни қонун ҳам, ин шахсияти таърихиро ба сифати пешво ва доҳии миллат кайҳо пазируфтаву эътироф карда буданд.
Ҳама шоҳиди онем, ки маҳз ба туфайли талошу суботкориҳои Эмомалӣ Раҳмон нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон, ки орзуи чандинсолаи халқ буд, боз шуда, робитаи доимии самтҳои ҷанубу шимоли кишварро таъмин намуд. Бо сохта ба истифода додани нақбҳои Чормағзаку Шаршар низ рафтуои мардум дар айёми зимистону баҳор хеле осон шуд. Бунёди неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба татбиқи барномаҳои энергетикӣ мусоидат кард.
Дар ҳақиқат, нишондоду гуфтаҳои Президент ҳамеша сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони дастгоҳи кории Комиссия буданд. Воқеан ҳам, то солҳои 2003 - 2004 роҳбарони баъзе ташкилоту корхонаҳо ба санҷишҳои нақшавии кормандони дастгоҳи кории Комиссия монеа эҷод карда, ба ҷорӣ кардани забони давлатӣ дар коргузориашон розӣ намешуданд, баҳонаву далелҳо пеш меоварданд. Воқеан, дар ин гуна ҳолатҳо на фақат ба бандҳои қонуни забон, балки ба гуфтаҳои Президент низ такя менамудем. Сарвари фарҳангпарвари мо дар ҳар мулоқот бо ҷавонон, занон, зиёиён ва ҳатто ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи посдории мақоми забон пешниҳодҳои муфид ироа мекард.
Кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз ба ҷаҳониён маҳз бо забони тоҷикӣ ва адабиёти мондагор муаррифӣ мешавад. Суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ва кишварҳои олам бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф задаву мақоми онро баланд бардоштааст. Ин боис шуда, ки майлу рағбати хориҷиён ба омӯхтану донистани забони тоҷикӣ рӯз ба рӯз зиёд гашта, забони тоҷикӣ дар чандин донишгоҳҳои Амрико, Олмон ва Русия таълим дода мешавад. Дар марказҳое, ки назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дигар ассотсиатсияҳо амал мекунанд, даҳҳо нафар шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои Амрико, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва ғайра забони тоҷикӣ меомӯзанд. Забони тоҷикӣ дар ҳамбастагӣ бо форсии Эрону дарии Афғонистон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад ва дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мебозад, ки дар ин бобат хидмати Сарвари давлат хеле бузург аст.

Ғаффор ҶӮРАЕВ,
сарходими илмии Институти
забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2016    №: 34    Мутолиа карданд: 607

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед