logo

ҳуқуқ

МЕҲНАТИ КӮДАК ШУБҲАЕ НЕСТ, КИ ОН АЗ БАЙН МЕРАВАД

Тавре дар шумораи қаблӣ хабар дода будем, дар толори намояндагии  Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) дар Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз 10 соли татбиқи «Барномаи байналмилалии ТБМ оид ба барҳам  додани меҳнати кӯдак» ва соли аввали  амалисозии «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» мизи мудаввар баргузор гардид. Чанде аз ширкатдорон андешаҳои худро ҷиҳати роҳҳои  босамари татбиқи  барнома ва барҳам додани меҳнати кӯдакон, хусусан шаклҳои бадтарини он,  ба хабарнигори рӯзнома чунин баён доштанд:

Раҷабалӣ РАҶАБОВ,
сардори раёсати робитаҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:
Ба заҳмати  аъзои Шӯрои  ҳамоҳангсози байниидорӣ оид ба  барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар ҳамкорӣ бо  кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олӣ,  вазорату идораҳо ва созмонҳои  ҷамъиятӣ барнома ва Рӯйхати  шаклҳои  бадтарини  меҳнати кӯдак ба тасвиб расиданд. Ба ин рӯйхат беш аз 1800 намуди корҳо дохил гардидаанд.

Азизбек ШАРИФОВ,
раиси Иттиҳоди корфармоёни Тоҷикистон:
- Барои  барҳам додани меҳнати кӯдакон, хусусан шаклҳои  бадтарини он  баланд бардоштани  савияи дониши  корфармоён, падару модарон ва омӯзгоронро хеле зарур мешуморам. Бо назардошти ин, мо дар  ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Тавилдара марказҳои омӯзишии корфармоён ва падару  модаронро таъсис додем. Рӯзҳои аввал хусусан падару модарон аз амалҳои фаҳмондадиҳии мо оид ба барҳам додани меҳнати  кӯдак сахт нигарон буданд. «Фарзанди  худамро дар меҳнат обутоб медиҳам, то ин ки дайду ва коргурез нашавад» мегуфтанд. Аксари падару модарон  ва ҳатто баъзе муаллимон дар бораи фарқи байни корҳои хонагӣ ва шаклҳои бадтарини  меҳнати кӯдакон тасаввуроте надоштанд.

Файзизода Исмоил НАЗРӢ,
муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақил:
- Зарур аст, ки дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ ба беҳтар намудани вазъи кӯдакон афзалият диҳем. Курсҳои таълимӣ дар мавзӯи «Барҳам додани меҳнати кӯдак дар бахши кишоварзӣ», ки дар якҷоягӣ бо мутахассисони ТБМ барои кормандони иттифоқҳои касаба гузаронда шуданд, семинарҳои таълимӣ барои аъзои  кумитаҳои  падару модарон, ки дар онҳо беш аз 300 нафар раисону аъзои кумитаҳо аз 100 мактаби  таҳсилоти умумии вилояти Хатлон ширкат варзиданд,  бозомӯзии беш аз 180  раиси кумитаи  иттифоқҳои касабаи  комплекси агросаноатӣ, роҳандозии тадбирҳо дар байни  фаъолони  иттифоқҳои касабаи бозорҳои «Корвон», «Шоҳмансур», «Саховат», «Баракат», «Деҳқон» ва «Қарияи Боло» натиҷаҳои хуб  ба бор оварданд.

Абдувалӣ ҚУЛОВ,
сардори раёсати демография, шуғли аҳолӣ ва омори  иҷтимоии Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Натиҷаи  ҳамкории хуби Агентии омор бо ТБМ буд, ки «Натиҷаҳои  тадқиқоти меҳнати кӯдакон дар солҳои  2012 - 2013» ба табъ расид. Ин иқдом на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар байни кишварҳои пасошӯравӣ нахустин аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги меҳнатист, зеро беш аз нисфи аҳолии мамлакатро кӯдакону ҷавонон ташкил медиҳанд. 23,4 дарсади  кӯдакони 5 – 17 – сола ягон намуди  фаъолияти меҳнатӣ ё корҳои хонагиро  анҷом медиҳанд. 2,3% - и кӯдакон (аз ҳамин 23,4 %) ба корҳои вазнин ё зиёновар ҷалб гардидаанд, дигарон ба корҳои беарзиш ва хонагӣ машғуланд.
*  *  *
Кӯдакон дар Тоҷикистон таҳти ғамхории хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Президенти Тоҷикистон дар муаррифии шабакаи мониторинги  меҳнати кӯдак дар Маркази миллии омӯзиши калонсолон ширкат  варзида, бо наврасони коргар вохӯрӣ кард,  барои самаранокии раванди  пешгирии меҳнати кӯдак   дастурҳои мушаххас дод ва роҳбарону масъулони соҳаро ба ҳамкориҳои фарогир бо ТБМ – ИПЕК ҳидоят намуд. Соли 2015 дар Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи  махсуси ҳимояи ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфт. Ҳукумат самти дурусти  мубориза барои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакро муайян намуд ва шубҳае нест, дар ин ҷода гомҳои устувор ниҳода, ба муваффақият ноил мегардад.
 

Сайвалӣ АЗИЗОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2016    №: 35    Мутолиа карданд: 495

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед