logo

фарҳанг

АЗ АМР ТО АМАЛ

СУХАН АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ МЕРАВАД
Сухан дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нишастҳои матбуотӣ меравад, ки  дар таҷрибаи давлатҳои ИДМ воқеан падидаи тоза ва нодир буд. То қабули ин амр роҳбарияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба сухани журналистон чандон эътибор намедоданд, матлаби матбуотиро «боди гузарон» мепиндоштанд.
Ҳуҷҷати мазкур ин фикрҳои ғалат, рафтори каммасъулиятона ва аз ҳама муҳимаш ғаразҳои баъзе гурӯҳҳоро нисбати воситаҳои ахбори озод аз байн бурд. Бо баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки дар аввал ҳар семоҳа ва баъд соле ду маротиба гузаронда мешавад, имкон ба вуҷуд омад, ки рӯзноманигорон, хусусан рӯзноманигорони ҷавон бо шахсони мансабдор рӯ ба рӯ шаванд, аз вазъи  кору  фаъолияти онҳо воқиф гарданд, аз таҷрибаи ҳамкасбони худ баҳра бардоранд, мубодилаи афкор ба вуҷуд оранд. Иҷрои ин нақш амали саҳл нест, балки донишу ҷаҳонбинӣ ва малакаву маҳорат мехоҳад. Баргузории нишастҳои матбуотӣ ва инъикоси онҳо дар ВАО, хоса матбуоти даврӣ аз омода набудани баъзе рӯзноманигорон, ҳамчунин  роҳ-барони бархе аз мақомот ва тобеини онҳо дарак медиҳад. Шакли ташкили нишастҳои матбуотӣ ва бозтоби онҳо дар ВАО  нишон медиҳад, ки мо ҳанӯз ба моҳият ва мақсади асосии ин амр пурра сарфаҳм нарафтаем ва ё дидаву дониста ба он эътибор намедиҳем. Аз ин амр 10 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар ташкили нишастҳои матбуотӣ  дигаргунии сифатӣ ба вуҷуд наомад, балки он ба қолаби маъмулии расмиятчигӣ мубаддал гардид, ки баъзе ниҳодҳо танҳо ба хотири иҷрои амр нишастҳо ташкил менамоянд. Раванди иҷрои ин амр нишон медиҳад, ки то ҳанӯз ҳам  дар ин самт камбудиҳо зиёданд. Ин камбудиҳо ҳам ба роҳбарияти ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ҳам  ВАО алоқамандӣ дорад.
Аввалан, эҳсос мешавад, ки дар баргузории нишастҳои матбуотӣ мувофиқакунонии  ҳамдигарӣ (ягона) вуҷуд надорад. Баъзан дар як рӯз то 6 ва  ҳатто аз ин зиёд вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо нишастҳои матбуотӣ ташкил мекунанд, ки бархе аз онҳо мувозӣ меафтад. Ин ҳолат барои иштироки фаъоли рӯзноманигорон имкон намедиҳад. Агар реҷаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар ин ё он ниҳод масалан, Иттифоқи журналистони кишвар  мувофиқ кунонида шавад, ин ноҷуриҳо аз байн меравад.
Дуюм, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксари рӯзноманигорон дар ин нишастҳо ноогоҳона меоянд, дар бораи мундариҷаи нишастҳо  маълумот ва таассуроти  комил  надоранд, ки боиси хомӯшӣ ва ё ироаи  саволи ба иборае «тарошаи аз бом афтода» мегардад. Дар ин бахш тамоми ташкилкунандагони нишастҳои матбуотӣ, хоса масъулини хадамотҳои матбуотии ниҳодҳоро зарур аст, ки  на камтар аз 3 рӯз қабл аз баргузории чунин чорабиниҳо ба идораҳои ВАО варақаҳои иттилоотиро дастрас намоянд ва ё дар сомонаҳои интернетии худ ҷой диҳанд. Ҳамчунин роҳбарияти идораҳои ВАО - ро мебояд, намояндаи худро пешакӣ вазифадор кунанд, то бо маълумотномаи дастрасшуда  шинос гардида, бо тайёрии хуб ба нишастҳои матбуотӣ равад.
Сеюм, ба чи сабаб аст, ки дар нишастҳои матбуотӣ ағлаб рӯзноманигорони ҷавони камтаҷриба ва камогоҳ иштирок мекунанд.  Баъзе роҳбарон аз ин ноогоҳӣ ва ё камогоҳии журналистон истифода намуда, лаҷоми суханро пурра ба ихтиёри худ мегиранд ва ҳатто баъзан рӯзноманигоронро дар дуруст дарк накардани аҳдофу афкорашон айбдор ҳам мекунанд ва ба насиҳати онҳо мепардозанд.
Чорум, бардошти рӯзноманигорон аз нишастҳои матбуотӣ бештар дар сатҳи шарҳу тавзеҳ ва доираи жанрҳои хабарӣ, хоса хабару ҳисобот зери рубрикаи «Нишастҳои матбуотӣ» мунъакис мегардад.  Баъзе рӯзноманигорон иттилооти аз нишастҳои матбуотӣ дасрасшударо коркард накарда, ҷараёни ҷаласаҳоро бо тамоми ҷузъиёт: кай сар шуд, кӣ гузаронид, чӣ хел гузаронид, кӣ савол дод, посухҳо чӣ гуна буданд, кӣ ҷаҳл шуд, кӣ хандид ва амсоли ин нақл мекунанд. Дар тӯли таҷрибаи ин чорабинӣ ҳолатеро ба мушоҳида нагирифтаем, ки дар заминаи ин нишастҳо ғояи эҷоди матолиби таҳқиқӣ ва ё танқидӣ дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ ва ё публитсистию бадеӣ тавлид шуда бошад. Тавлид нашудани чунин ҳолат шубҳаи дуҷонибаро ҳосил меамояд: ё масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо корнамоиҳои коллективи худро ба таври воқеӣ тавзеҳ ва муаррифӣ карда наметавонанд ва ё рӯзноманигорон моҳияти нишастҳои матбуотиро танҳо дар инъикоси ахбории он донистаанд. Нишастҳои матбуотӣ бояд ба таҳқиқҳои минбаъдаи журналистӣ боис гардад.
Аз нуқтаи назари моҳият ва мақсад нишастҳои матбуотӣ танҳо ироаи ҳисоботи нимсола ва дастрасии иттилооти расмӣ нест. Рисолати он болотар аст. Чунин нишастҳо ҳам аз масъулони ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ҳам аз роҳбарияти ВАО, минҷумла рӯзноманигорон масъулияти ҷиддии касбиро мехоҳад. Барои рӯйпӯш нагардидани ҳақиқати ҳол дар ташкили нишастҳо ҳар ду ҷониб бояд омодагии ҷиддӣ бинанд, дар баргузории онҳо фазои озодро таъмин намоянд, мубодилаи табииро ба вуҷуд оранд. Дар ин нишастҳо агар вазифаи манбаъ пешниҳоди иттилооти воқеӣ, санҷидашуда ва холис бошад, вазифаи рӯзноманигорон маърифати дурусти иттилоот, коркард ва ба омма расондани он аст. Гумон мекунам, агар ин ду ҷониб рисолати худро дар дараҷаи касбӣ иҷро кунанд, ҳосили нишастҳои матбуотӣ ҳам барои ВАО ва ҳам барои аудиторияи он манфиати зиёд хоҳад овард.
М. МУРОДӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2016    №: 35    Мутолиа карданд: 539

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед