logo

ҳуқуқ

САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ: ОҚИБАТҲОИ МАРГОВАР БЕШТАРАНД

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар қатори корхонаву муассисаҳои  давлатӣ ҷамъияту ширкатҳои  хусусии нақлиётӣ ба фаъолият пардохтанд.
Ин раванд агар  аз як тараф мушкилоти мусофиронро   осон намояд, аз ҷониби дигар боиси афзудани садамаҳои нақлиётӣ гардидааст. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Бобур Олимов, прокурори раёсати Прокуратураи генералӣ оид ба назорати  иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар, мушовири адлияи дараҷаи III сари ҳамин мавзӯъ сурат гирифт:
- Раёсат вазъи содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳқиқу тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дар ин самтро мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод. Муайян гардид, ки дар соли сипаришуда содиршавии садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ  1457 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 39 - то кам мебошад. Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ риоя нагардидани меъёрҳои мавҷуда аз ҷониби ронандагон, баланд кардани суръат ва баромадан ба самти муқобили ҳаракат, вайрон намудани қоидаҳои манёвркунӣ, гузаштан аз чорроҳа, идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, итоат накардан ба талаботи аломати роҳ, риоя нашудани талаботи асосии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи пиёдагардон ва баъзан ғайриқаноатбахш будани ҳолати роҳҳо ба шумор мераванд.
 Новобаста аз он ки дар соли гузашта фаъолияти мақомоти дахлдор вобаста ба пешгирии садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дуруст ба роҳ монда шуда бошад  ҳам, садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои марговар рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар 374  садама  449  нафар вафот намуда, 1576  нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.  Мутаассифона, шумораи садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои марговар нисбат ба соли 2014-ум 12 адад зиёд мебошад.
Ҳарчанд дар ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  содиршавии садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёд шудааст. Чунончи, дар шаҳри Душанбе 294  садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин 38 - тоаш бо оқибатҳои марговар анҷом ёфта, дар натиҷа 40  нафар вафот кард, ки нисбат бо соли 2014 15 нафар  зиёд аст. Ё ин ки дар вилояти Хатлон дар 439 садамаи нақлиётӣ 154  нафар ба ҳалокат расида, 450  нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст, ки нисбат ба соли 2014 шумораи ҳалокшудагон 9 нафар зиёд мебошад.
Ба ҳамин монанд, дар вилояти Суғд 346 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 137  нафар вафот намуда, 363  нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Ҳарчанд шумораи садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба соли 2014 - ум 12 адад  кам бошад ҳам, теъдоди садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои марговар шаш адад  ва шумораи ҳалокшудагон 12 нафар  зиёд шудааст.
Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2016    №: 35    Мутолиа карданд: 439

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед