logo

фарҳанг

БА БЕНИЗОМӢ ДАР ИМЛО ХОТИМА БИГУЗОРЕМ!

Соли 2013 китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба табъ расид. Он шомили беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳот аст. Масъулаш Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.  Муҳаррир ва ҳайати таҳририя олимон ва шахсиятҳои маъруфи кишваранд. Дар пешгуфтори китоб, ки ба қалами доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов тааллуқ дорад, омадааст: «…бархе аз вожаҳо бар пояи имлои таърихии онҳо дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ислоҳ карда шуд… Ба таври намуна гулу бар ивази гулӯ, …кумак на кӯмак, … сода бар ивази содда, паша бар ивази пашша».
Муаллифи пешгуфтор таъкид доштааст, ки дар Фарҳанги мазкур иштибоҳоти ба ин монанд то ҷойе ислоҳ карда шудааст ва ин гуна бархурди1  илмӣ ва таърихӣ ба манфиати ҳифзи асолати забони миллист. Вобаста ба масъалаи мазкур мақолаи ин забоншинос ва дигарон дар матбуоти даврӣ низ ба табъ расиданд. Бо мутолиаи онҳо ва дастрасӣ ба ин Фарҳанг ман низ ба пешниҳод ва хулосаҳои онҳо ризо шудам. Аммо дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки дар аввали ин китоб ҷой додаанд, ба пиндорам, як ихтилофро мебинам. Он ҳам дар навиштани номҳои  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ аст. Ҳол он ки аз рӯи талаботи муқарраргардида бояд дар шакли «Абуабдулло», «Абуалӣ» ва «Абурайҳон» навишта шаванд.  Мақсад аз таълифи нома ба гӯшаи «Шаҳрванд» дигар аст. Ман ба шогирдон, ҳамкорон, дӯстон  муқаррароти ин Фарҳангро меомӯзонам. Худам ҳам ба ҳангоми таълифи нома, мақола, ариза, гузориш талаботро риоя мекунам. Ҳамзамон дигаронро ҳидоят мекунам, то бе ғалат, тибқи меъёри қабулгардида бинависанд. Ҳамеша ман ба як пурсиши онҳо посух гуфта наметавонам: «Чаро ин муқаррароту талаботро, маҷаллаҳо,  рӯзномаҳои даврӣ, ба истиснои «Ҷумҳурият»  ва чанд рӯзномаи дигар, нашриётҳое, ки китоб ба табъ мерасонанд, риоя намекунанд?».
Воқеан, набояд чунин бошад. Ба ин дарҳам - барҳамӣ ё худ бенизомӣ хотима гузоштан лозим аст. Заҳмати мо  дар ин ҳол барабас меравад, чунки бо хондани китобу маҷаллаву рӯзномаҳо дар зеҳнашон шакли нодурусти навишти калима сабт мегардад.
Аз таълифи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» се сол сипарӣ шудааст, аммо асолати забони миллӣ ҳамчунон ҳифз намешавад. Ба ин ҳоли ногувор набояд аз саводнокӣ ифтихор кард ва ё ҳарфи мусбат гуфт. Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд сол пеш ниҳоди нав – Кумитаи забон ва истилоҳотро таъсис дод, то камбудиҳои ҷойдошта рафъ бигарданд. Фикр мекунам, ки кумитаи мазкур дар ин маврид тасмими ҷиддӣ мегирад ва тадбирандешӣ мекунад. Ҳамчунин ба баҳсҳо бояд нуқтаи тамат гузошта шаваду шубҳаҳо рафъ бигарданд. Охир имло чун бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, зарур аст, ки пурра риоя бишавад.

Қурбоналӣ АБДУЛМАҶИДОВ, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2016    №: 35    Мутолиа карданд: 631

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед