logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРА. БОЯД КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ РОҲАНДОЗӢ ШАВАНД

Дар прокуратураи вилояти Хатлон лоиҳаи “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ”, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, дар ҳузури прокурорҳои шаҳру навоҳии вилоят ва доираи васеи алоқамандон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Прокурори вилоят Насрулло Маҳмудов дар рабт ба матни тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тазаккур дод, ки аз ном ва матни ин санади олии ҳуқуқӣ хориҷ кардани калимаи “сарқонун” аз нуқтаи назари истилоҳшиносии ҳуқуқӣ комилан дуруст аст. Азбаски вожаи “сарқонун” ҳамаи ҷанбаҳои санади мазкурро ба андозаи калимаи “конститутсия” ифода карда наметавонад, ногузир ҳоло зарурати аз ном ва матни Конститутсия хориҷ кардани он пеш омадааст. Яъне, дар ҳоле ки маънии луғавии “конститутсия” муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд, “сарқонун” ба маънои “қонуни волотарин” фаҳмида мешавад, ки ин, албатта, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ноқис мебошад.
 Дар қисми 4-уми моддаи 7 табдили ибораи “марзиву маъмурӣ” бо “маъмуриву ҳудудӣ” пешниҳод шудааст. Ин ҷо сухан дар бораи ба танзим даровардани масъалаҳои маъмуриву ҳудудӣ меравад. Аз лиҳози он ки калимаи “марз” бештар хати сарҳадро ифода мекунаду “ҳудуд” маънои васеътар дошта, тамоми ҳудуди давлат: хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро ифода карда метавонад, таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин ҷиҳати масъала бамаврид аст.
Пешниҳоди дар моддаи 8 иваз намудани калимаи “ташкилотҳои” ба “иттиҳодияҳои” ва ба моддаи мазкур илова гардидани қисми нав, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст, айни муддаост. Ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ин мазмун дар конститутсияҳои бисёр кишварҳо, амсоли Булғористон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон возеҳ дарҷ гардидааст, - афзуд Насрулло Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон.
Дар охир мавсуф таъкид кард, ки ҷиҳати шарҳи зарурати ворид намудани Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гарданд.

 Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2016    №: 35    Мутолиа карданд: 524
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед