logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "АЗ ҲАР РӮЗИ ҲАВОИ МУСОИД БОЯД ПУРСАМАР ИСТИФОДА БАРЕМ"

17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар атрофи Қасри миллат баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ин ҷойи хушобу ҳаво, ки бо қомат афрохтани навниҳолҳо ва дарахтони солманду калонҷуссаи сояафкану ороишӣ ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил ёфтааст, ниҳолҳои нодиру хушнамо шинонда шуданд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар як рӯзи ҳавои мусоид  бояд пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти куҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.
Тибқи супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир якчанд барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар кишвар татбиқ гардида, дар доираи онҳо дар майдони қариб 100 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд ёфта, боғоти куҳна барқарор гаштанд.
Ҳоло дар мамлакат барномаи нави рушди  соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд хоҳанд ёфт.
Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати Пешвои миллат аст, ки солҳои охир беш аз пеш рӯй овардани мардум ба боғутокпарварӣ, афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот ва аз ин ҳисоб афзудани қудрати содиротии кишвар ва ҳам зиёдшавии шарикони хориҷии вобаста ба ин соҳа ба назар мерасад. Аз ҷумла, бори нахуст дар таърихи Тоҷикистони навин гелоси Тоҷикистон ба бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳ ёфт ва умед  аст, ки  солҳои  наздик  барои хушкмева ва навъҳои дигари меваю сабзавоти тару тозаи кишвари офтобрӯяи мо ба ин ҳамсоякишвари бузург ва дигар давлатҳои дуру наздик роҳи васеъ боз мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2016    №: 35    Мутолиа карданд: 407

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед