logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Убайди ЗОКОНӢ
       ҲИКОЁТ

Қазвинӣ бо сипаре бузург ба ҷанги малоҳида рафта буд. Аз қалъа санге бар сараш заданд ва бишкастанд. Биранҷид ва гуфт:
- Эй мардак, кӯрӣ, сипаре ба-д-ин бузургӣ намебинӣ, санг бар сари ман мезанӣ?!


Султон Маҳмуд пире заифро дид, ки пушторае хор мекашад. Бар ӯ раҳмаш омад. Гуфт:
- Эй пир, ду-се динор зар мехоҳӣ, ё дарозгӯше, ё ду-се гӯсфанд, ё боғе, ки ба ту бидҳам, то (ки) аз ин заҳмат халос ёбӣ?
Пир гуфт:
- Зар бидеҳ то (ки) дар миён бандам ва бар дарозгӯше бинишинам ва гӯсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам ва ба давлати ту дар боқии умр он ҷо биёсоям.
Султонро хуш омад ва фармуд чунон карданд.
Таҳияи Умар АЛӢ

 

Обанбори «Баҳри тоҷик» 55 километр дарозӣ, 20 километр паҳноӣ дошта, чуқуриаш 25 метр аст.
Обанбори «Норак» бошад 70 километр дарозӣ, 1 километр паҳноӣ ва 107 метр чуқурӣ дорад.

 

РӮЗИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН
23 феврал дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳофизони Ватан ҷашн гирифта мешавад.
Таърихи ин рӯзи фархундаро метавон барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле ҷавон арзёбӣ кард. 23 феврали соли 1993 бори нахуст дар шаҳри Душанбе баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гашт. Қаблан тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ин санаро таҷлил мекарданд. Ба ҳамин далел ин рӯз чун санаи ташкилёбии Артиши нави Ҷумҳурии Тоҷикистони эълон гардид.
Дар Русия ва ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Украина, Белорусия, Приднестрове ин рӯз истироҳатӣ эълон шуда, ҳамвора сарбозон собиқадорони ҷангро низ табрик менамоянд.
Аммо дар аксари ҷумҳуриҳо санаҳои дигар низ вобаста ба ин ҷашн ба вуҷуд омаданд. Барои мисол дар Абхазия 11 октябр рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва 14 август рӯзи муҳофизони ватанро ҷашн мегиранд. Дар Украина низ ду ҷашн вуҷуд дорад. 6 - декабр рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва 23 феврал рӯзи муҳофизон.
Дар Осетияи Ҷанубӣ онро бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса ва тӯли як ҳафта таҷлил менамоянд. Дар Ӯзбекистон онро ба 14 январ гузарондаанд. Дар Арманистон 28 январ, дар Гурҷистон 30 апрел ва дар Қазоқистон 7 май ҷашн мегиранд.
Ин ҷашнро дар кадом сана ва дар куҷое, ки ҷашн гиранд, онро ҳамчун рӯзи мардони шуҷоъ ва ватанпарвар муаррифӣ менамоянд.
Хуб мешуд, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ 23 феврал барои мардони воқеан шуҷоу ватандӯст рӯзи истироҳат эълон карда шавад.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»


Ғалаба сад падар дорад, фақат мағлубият ятим аст.
Наполеон

Манфиати тамоми ғалабаҳо назди оне ки дар як мағлубият аз даст медиҳем, ночиз аст.
    Сезар

 


Аз таърихи муҳорибаҳои бузург
АТТИЛ КӢ БУД?
Дар охири асри IV ба империяи Рим, ки дар он замон аллакай ба ду ҳисса - Ғарбӣ ва Шарқӣ тақсим шуда буд, душмани басо қавӣ: кӯчманчиёни Осиёи Марказӣ - гунҳо таҳдид мекарданд. Ҳанӯз дар соли 377 гунҳо қаламрави Паннония (Маҷористони имрӯза) – ро забт намуда буданд, вале ба назар ором метофтанд ва Рим онҳоро душмани ҷиддию хавфнок намеҳисобид. Дар оғози соли 440 Аттил, саркардаи ҷасуру фармондеҳи модарзод, пешвои қабилаи гунҳо шуду фишори онҳо ба Рими Шарқӣ афзуд. Аз рӯи ривоятҳо даҳмардае аз саҳро шамшери зангзадае ёфта, онро ба Аттил туҳфа намуд. Аттил шамшерро ба даст гирифт ва гуфт: «Зиёд ин шамшер дар зери замин ниҳон буд, акнун осмон онро ба ман бахшид, баҳри ғолибият бар ҳама халқҳо!»   
Дарвоқеъ, баъди чанд соле ӯро дар Аврупои Ғарбӣ ҳамчун «Балои Худо» ном мегирифтанд. Ба ақидаи олимон империяи гунҳо аз Алп ва баҳри Балтик дар ғарб то баҳри Каспӣ дар шарқ тӯл мекашид. Аттил қаламравашро аз соҳилҳои дарёи Дон то ба дарёи Одер расонд. Кишварро ба вилоятҳо тақсим намуд ва дӯстонаш онҳоро идора мекарданд. Дар шоҳигарии вай мақомоти андоз ва ҳокимияти судӣ набуданд. Ҳама чиз азони зӯр буд. Аттил дар солҳои 435 – 439 бо скифҳо, мидийҳо ва форсҳо ҷангид ва баъд ба Рими Шарқӣ лашкар кашид.
«Ин одам барои ба изтироб овардану моту мабҳут кардани халқҳо ва тарсондани мардуми кишварҳо ба дунё омад», - навиштааст дар бораи ӯ таърихнигор Иордан. 
Дар солҳои 441 – 445 бисёр шаҳру ноҳияҳои Рими Шарқиро забт кард. Аммо Аттил бисёр мехост, ки Константинопол (Истанбули имрӯза) – ро ғасб намояд. Аз ин рӯ соли 447 юриши навбатиро оғоз бахшид. Ҳоли римиҳоро ба танг овард. Танҳо дар Юнон Аттил таваққуф намуд ва ба паси мизи гуфтушунид нишаст. Сулҳ баста шуд. Қаламрави зиёди римиҳо зери тасарруфи гунҳо монд ва ба онҳо ҳамасола боҷу хироҷи гарон  медоданд. Баъди 5 сол императори нави Византия Марсиан шартномаи сулҳро шикаст, вай гуфт, ки туҳфа танҳо барои дӯстон асту барои душман шамшер дорад. Аҷоибии кор дар он аст, ки Аттил бо ӯ наҷангид. Баръакс ба Рими Ғарбӣ ҳуҷум намуда, ҳолати император Валентиниани III – ро ба танг овард. Ровиёни ахбор қисса мекунанд, ки хоҳари император Гонорияи соҳибҷамол ба пешвои гунҳо ангуштарин фиристода, хоҳиш намудааст, ки ӯро аз арӯсии маҷбурӣ раҳоӣ бахшад. Аттил бо артиши 500 ҳазора қад – қади болооби Дунай ба юриш баромад ва ба соҳили дарёи Рейн расид. Даҳҳо шаҳру садҳо деҳаро ғорат кард. Ҳазорҳо мардуми бегуноҳро кушт, сарсону саргардон ва бесарпаноҳ намуд.
Дар дашти Каталаун ҷанге сурат гирифт, ки дар таърих бо номи «муҳорибаи халқҳо» зикр ёфтааст. Ба ёрии римиҳо якчанд шоҳони кишварҳои Аврупо омаданд ва дар ин ҳарбу зарб аз ду тараф ба як қавле 165 ҳазор, ба маълумоти дигар 300 ҳазор ҷангӣ кушта шуд.  Дар таърих шояд ин яке аз муҳорибаҳои хунинтарин буд.
Дар соли 452 гунҳо Италияро забт карданд, вале зуд аз шаҳр баромаданд. Зеро дар ин кишвар бар замми гуруснагӣ боз вабо доман зад.
Дар соли 453 Аттил хост ба Рими Шарқӣ лашкар кашад, вале дар шаби хобаш ҷон ба ҷонофарин супурд. Таърихнигорон овардаанд, ки шаби домодиаш арӯс Илдекаи олмонӣ бар қасди кишвари торуморшудааш ӯро куштааст. Дар соли 455 вандалҳо, яке аз қабилаҳои Олмони қадим, шаҳри Римро хароб карданд.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият».
Тарҷума аз русӣ 

 


Андозаи пойи Ҷорҷ Вашингтон (аввалин президенти ИМА) 46 буд.

 

ҲУНАРПЕШАҲОИ ХАЛҚИИ СССР
Муҳаммадҷон Қосимов
Яке аз саромадони театри касбии тоҷик. Дар оилаи саҳҳоф ба дунё омада, дар мактаби куҳна, сипас дар интернат, муддате дар Техникуми педагогии Қӯқанд ва Техникуми кооперативии Тошканд таҳсил кардааст.
Соли 1929 дар Риштон гурӯҳи драмавӣ ташкил кард. Аз ибтидои соли 1931 то рӯзҳои вопасини ҳаёташ артисти Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Маълумоти касбӣ надошт, худомӯз буд.
Вай пеш аз ҳама ба иҷрои нақшҳои калони драмавию фоҷиавӣ комёб шудааст. Симоҳои барҷастаи офаридаи ӯ: Раҳимбек («Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода), Отелло ва Лир («Отелло» ва «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир), ҳокими шаҳр («Ревизор»-и Н. Гогол), Муравёв («Ғолибон»-и Б. Чирсков), Ҳусайн Бойқаро («Алишери Навоӣ»-и А. Уйғун ва И. Султон), Арслон («Номуси оила»-и Ҳ. Мухторов), Таҳмос («Таҳмоси Хуҷандӣ»-и М. Қосимов ва С. Саидмуродов), Солеҳбой («Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ), Амир Темур («Қиссаи модар», дар асоси ҳикояҳои М. Горкий), Мадаминбек («Ҳуррият»-и  Ғ. Абдулло) мебошад.
Ӯ дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ низ ҳамто надошт. Менго («Чашмаи   гӯсфандон»-и  Лопе де Вега),  Каримов  («Шодиёна»-и  М. Зокиров), Таърифхӯҷаев  («Таърифхӯҷаев»-и А. Лоҳутӣ ва Б. Раҳимзода), Мавлон («Сӯзании шоҳӣ» - и А. Қаҳҳор) ва ғайра, аз ҳамин қабиланд.
Аз соли 1942 дар кино як силсила нақшҳои барҷаста офаридааст. Ҳофиз  («Писари Тоҷикистон»),  Исмоилбек («Застава дар кӯҳҳо»), Азимшоҳ («Дохунда»), Бобониёз («Вазифаи олӣ»), Саҳл ибни Мансур («Қисмати шоир»), Кова («Байрақи оҳангар»), Саидов («Бо амри дил»), Зол («Достони Рустам») беҳтарини онҳо шуморида мешавад.
Чун режиссёр низ қувваозмоӣ намуда, пйесаҳои «Дар оташ»-и С. Улуғзода (ҳамроҳи Ҳ. Раҳматуллоев), «Овози Америка»-и  Б. Лавренев    (ҳамроҳи А.  Раҳматов) ва «Отелло»-и У. Шекспирро таҳия кардааст. Муаллифи пйесаҳои «Таҳмоси Хуҷандӣ» (бо ҳамқаламии С. Саидмуродов), «Роҳи бахт» (бо ҳамқаламии Ҷ. Икромӣ), «Ба доно – ишора, ба нодон – калтак» мебошад, ки дар саҳнаи Театри давлатии  академии драмаи тоҷик  ба номи А. Лоҳутӣ намоиш дода шудаанд.
Бо ду ордени Ленин, ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудааст.
Таҳияи Умар АЛӢ

 


БАРОМАДУ ДАРОМАД
Мирзо Файзалӣ аз Ашӯр Сафар мепурсад:
- Устод, чаро ин вақтҳо камнамоед, ягон ҷо баромад ҳам намекунед?
- Вақти баромади мо гузашт, - мегӯяд Ашӯр Сафар. – Акнун ба қисми даромад гузаштем.


ГУЛДАСТА
Вақти гусел дар фурудгоҳ меҳмони олиқадре аз Ашӯр Сафар мепурсад:
- Домулло, ёд доред, дафъаи гузашта ба ман гулдаста тақдим карда будед?
- Набошад чӣ? Аз пули худам – меҳнати ҳаққу ҳалолам гулдаста харида диҳаму боз фаромӯш кунам?
- Гӯед, ки чаро шумо вақти пешвоз нею вақти гусел гулдаста додед?
- Дар мо вақти хурсандӣ туҳфа медиҳанд на баръакс, - гуфт Ашӯр Сафар.
Гурез САФАР

 


Хурдтарин дарёи ҷаҳон бо номи «Д» дар иёлоти Орегони ИМА мебошад. Он ҳамагӣ 36 метр дарозӣ дошта, аз кули Девил-Лейк ба уқёнуси Ором мерезад.

 

ҚАЛЪАИ БЕЛВЕДЕР – ЗЕБОТАРИН КӮШКИ АВСТРИЯ
Қалъаи Белведер яке аз кӯшкҳои зеботарини Аврупо буда, дар пойтахти Австрия – шаҳри Вена қомат афрохтааст. Қалъа бо супориши сарлашкари барҷастаи асри XVII – XVIII Австрия шоҳзода Евгений  Савойский, ки дар таърих бар урдуи туркон яке аз ғалабаҳои дурахшонтаринро ба даст овардааст, бунёд мегардад.
Тарроҳ ва меъмори  Қалъаи Белведер Лукас Ҳилдебрандт мебошад. Сохтмони он соли 1714 оғоз гашта, соли 1725 ба поён мерасад. Кушк ба шакли маҷмаа бунёд гашта, аз ду қаср – Белведери Боло ва Белведери Поён, инчунин боғи афсонавӣ иборат мебошад.
Қасри Белведери Поён соли 1716 бунёд ёфта, қароргоҳи шоҳзода Евгений  Савойский ба шумор мерафт. Сохтмони қасри Белведери Боло соли 1723 ба анҷом мерасад. Ҳарчанд намуди он ба Белведери Поён шабоҳат дошта бошад ҳам, аммо аз ҷиҳати шукӯҳу шаҳомат ҳамто надорад. Дар он маъракаҳои идона, вохӯриҳои дипломатҳо ва ашхоси баландмартаба баргузор мегаштанд. Байни ду қаср боғи фаронсавӣ, ки соли 1717 аз ҷониби меъмор Доминик Жирар бунёд мегардад, доман густурда, бо ҳавз, фаввораҳо ва ҳайкалҳои қарамонҳои афсонавиву асотирӣ оро ёфтааст.
Ба хотири шукӯҳу шаҳомат ва зебоии беҳамтояш Қалъаи Белведер соли 2001 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун Мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф мегардад.
 
Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият», тарҷума аз русӣ

 

Назари дигар
ИСБОТИ 10 ОМИЛИ ФОИДАНОКИИ ҚАҲВА
Қаҳва аз замонҳои пеш ба қатори маҳсулоти на он қадар фоидаовар ворид шудааст. Онро бо мушкилоти фишорбаландӣ, таъсири манфӣ ба узвҳои ҳозима, ҳатто ба пайдоиши саратон мансуб медонанд. Вале ин ҷо номгӯйи даҳ хусусияти қаҳваро меорем, ки олимони гуногуни ҷаҳон дар асоси таҳқиқоти дар солҳои охир анҷомдода исбот сохтаанд, ки истеъмоли бомеъёри он ба организм муфид мебошад.
1. Пешгирии пайдоиши санги талхадон
2. Ҳифз аз афсурдаҳолӣ
3. Мустаҳкамсозии ҳофиза
4. Коҳиши хавфи гирифторшавӣ ба диабет
5. Коҳиши хавфи пайдоиши саратон
6. Муътадилии мубодилаи моддаҳо
7. Коҳиши хавфи бемории паркинсон
8. Хусусиятҳои антиоксидантӣ
9. Афзоиши маҳсулнокӣ
10. Пешгирӣ аз падагра
Исботи ин омилҳо дар рӯзномаву маҷалла ва ҳисоботи омории давлатҳои гуногун дарҷ гардидаанд. 

PS. Бояд дар хотир дошт, ки шакар ва шир дар қаҳва баъзан ҷиҳатҳои мусбат ва аксаран таъсири манфии нӯшокиро коҳиш медиҳанд.
Шаҳнози ҚУРБОН, "Ҷумҳурият"

 

25 дарсади ҷангалзори ҷаҳон дар Сибир ҷойгир аст.

 

ХУРӮСИ БЕСАР
Дар шаҳри Фруитаи иёлати Колорадо хурӯсе бо номи Майк 18 моҳ бесар зиндагӣ кард. Дар ин вақт ба ҷойи лоғар шудан, баръакс дуюним килограмм фарбеҳ шуд. Ин ҳодиса соли 1945 ҳамаро ба ҳайрат оварда буд.
10 сентябри соли 1945 фермер Ллойд Олсен  аз гардани хурӯс хост хӯроки шом тайёр намояд. Ӯ бегоҳӣ хурӯси ҷавонеро  дошта, гарданашро бо табар зад. Ҳарчанд табар ба ҷойи лозима нарасида бошад ҳам, вале хурӯс бесар монд. Ҷонвар худро ба ҳар тараф мезад…
Субҳ Олсен дар қатори мурғҳо хурӯси бесарро дид, ки гардани худро ба замин мезанад, бечора мехост дон хӯрад. Ӯ хурӯсро дуюмбора куштан нахост, бигзор зиндагӣ кунад, - гуфт ба худ. Нигоҳубин ва хӯрондану нӯшондани хурӯсро ба уҳда гирифт. Бо қатрачакон (пипетка) ба гулӯяш об мерехт, роҳи нафасашро аз гарду чанг тоза мекард, дон медод.
Вақте хурӯсро ба Донишгоҳи Юта, шаҳри Солт - Лейк - Сити барои тадқиқот оварданд, маълум шуд, ки табар аз паҳлӯи шоҳраги хоб гузаштааст, ва пеши роҳи хунравиро лахти хун маҳкам кардааст. Сар набошад ҳам, вале як гӯшу қисме аз майнаи сар боқӣ монда буд.
Ллойд Олсенро ҳамроҳи хурӯсаш ба тамоми намоишгоҳҳои хоҷагии халқ даъват мекарданд. Ҳар моҳе фермер аз 4 то 10 ҳазор доллар фоида ба даст меовард.
Баъди якуним соли бесар зиндагӣ кардан, умри Майк фоҷианок ба охир расид. Дар яке аз сафарҳо дар иёлати Аризона шаб роҳи нафаси хурӯс маҳкам шуду Олсен натавонист онро сари вақт тоза кунад.
Баъди ин ҳодиса нафарони зиёд хурӯсҳои худро сар заданд, вале ҳамааш бенатиҷа буд. Ин муъҷиза дигар такрор нашуд.
Таҳияи Ф. НЕМОНОВ, «Ҷумҳурият»

 


ДАР ДУБАЙ ТОҶМАҲАЛ МЕСОЗАНД
То соли 2020 дар Дубай амсилаи Тоҷмаҳали ҳиндӣ қомат меафрозад. Татбиқи лоиҳаи сохтмони маҷмааи сайёҳии "Тоҷи Арабия" соли равон шурӯъ мешавад.
Иншоот дар боғи фароғатии «Dubailand» дар масоҳати 8 гектар доман паҳн карда, аз меҳмонсарои панҷситора бо 400 ҳуҷра, 300 хонаи истиқоматӣ, мағозаю дӯконҳо ва толори зиёфат барои ду ҳазор одам иборат хоҳад шуд. Муаллифони лоиҳа бар онанд, ки "Тоҷи Арабия" на танҳо азимтарин лоиҳаи бинокорӣ дар таърихи Амороти Муттаҳидаи Араб аз замони бунёди Бурҷи Халифа (баландтарин бинои дунё), ҳамчунин "Маккаи сайёҳӣ" ҳангоми гузарондани "Экспо - 2020" дар Дубай мегардад.
Тоҷмаҳал машҳуртарин иншооти меъмории Ҳиндустон аст. Ин мақбара – масҷид дар шаҳри Агра соли 1653 бо амри султон Шоҳи Ҷаҳон ба хотири ҳамсараш Мумтоз - Маҳал, ки ҳангоми тавлиди фарзанди чаҳордаҳум фавтида буд, сохта шудааст. Соли 1983 Тоҷмаҳал ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД,
“Ҷумҳурият”

 

«ПУЛИ КОЛХОЗ»
Идораи байнихоҷагии сохт-мони ноҳия дар хоҷагии «Москва» қариб як сол кор мекунаду ба ҳуҷҷатҳои бонкиаш Абдӣ Авазов имзову муҳр намегузорад. Сардор, хусусан сармуҳандиси ташкилот аз баҳри дигар корҳо гузашта, дар пайи раис меафтад. Зораву тавалло мекунанд, ки коргарон чанд моҳ маош намегиранд, хонаву дар, кӯдаку санг доранд… Ниҳоят раисро дар кӯча қапида, сабаб мепурсанд:
- Раис корҳоро кайҳо анҷом додем, сифаташ бад нест. Чаро имзои ҳуҷҷатҳои моро кашол медиҳед?
- Ман мутахассиси соҳаи шумо нестам, сифатнокии корро ҳам хуб намедонам, вале то лулаҳои зеризаминию рӯизаминии хобондаатонро аз дарун краска (ранг) накунед, ба ягон ҳуҷҷат имзо намекунам! Пули колхоз санги сангов нест!
- Охир Раис трубаҳо дарозиашон дувоздаҳ метр, андозаашон шонздаҳ миллиметр аст. Берунашонро ранг кардем, лекин дарунашонро ҳеҷ мумкин нест ва дар лоиҳа низ ин кор нишон дода нашудааст.
- Ман ба лоиҳа кор надорам, вале пули колхозро ҳисоб карда метавонам. Ва медонам, ки агар аз дарун ранг накунед, об трубаҳоро мепӯсонад, баъди як моҳ пӯсида мераванду пули колхоз месӯзад. Карозия, эрозияро нахондаед?! Ғами  фоидаи худро не, ғами пули колхозро хӯреду трубаҳоро аз дарун ранг кунед, пас нафуромада мегӯяд Раис.
Карим ДАВЛАТ


Саргузашти ибратомӯз
ГАБРИЭЛ ЧӢ ТАВР САРВАТМАНД ШУД?
ГАБРИЕЛ ШАНЕЛ
Мегӯянд, ки айёми бачагии Габриел чандон осуда нагузаштааст. Ӯ то синни 18 - солагиаш дар ятимхона парвариш ёфтааст. Умуман, тамоми ҳаёти ӯ аз мушкилиҳои доимӣ, эҳтиёҷ ва маҳрумият иборат буд. Бинобар ин, аллакай дар синни хурдсолӣ дарк карда буд, ки ҳамаи мушкилот аз набудани пул сар мезанад. Эҳтимол ҳамин мушкилиҳо дар тафаккури ин духтар хоҳиши ба комёбӣ расидан ва сарватманд шуданро ба вуҷуд оварда бошанд.
Вақте ки  Габриел бузург шуд, ба кори аввалини худ дар мағозаи либосфӯрушӣ шурӯъ кард. Ӯ дар як вақт дар тарабхонаи хурди эстрададор суруд мехонд. Ин ба вай имкон дод, ки даромади иловагӣ дошта бошад. Дар бизнеси моделӣ таҷрибаи кофӣ ҳосил намуда, соли 1910 ба умеди амалӣ кардани орзуи худ - соҳиби мағоза шудан ба шаҳри Париж меояд. Надоштани пул ҳам духтарро аз нияташ боздошта натавонист, ӯ боварии қатъӣ дошт, ки дар ҳоли доштани хоҳиш пулро метавон пайдо кард. Ниҳоят бо дастгирии ҳаводораш ӯ аввалин мағозаи худ «Шанел»-ро боз мекунад, ки дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ дар байни олуфтаҳои мӯдпарасти маҳаллӣ шуҳрат меёбад.
 «Сирри асосии муваффақият»-и Габриел ҳамон либосҳое гардиданд, ки худи ӯ онҳоро медӯхт. Он замон занон пӯшидани домани дароз, корсет ва дигар либосҳоро авлотар медонистанд, ки комилан нофораму бероҳат буданд. Дар мағозаи ӯ коллексияи нави либосҳо пешниҳод шуд, ки тамоман ба тасаввуроти занони ҳамон давра дар бораи мӯд мувофиқат намекард. Ҳамаи либосҳо аз он чизҳое, ки занон мепӯшиданд, ба назар беҳтар ва хушдӯхт намуда, зуд ба савдо мерафтанд.
Қадами муҳими минбаъдаи Габриел Шанел тасмим ба шуғли атриёт буд, ки сабаби пайдоиши силсилаи атрҳои машҳур гардид. Шанел барои амалӣ намудани нақшаҳои худ ба аттори машҳур Эрнесто Бо, ки падараш солҳои зиёде дар қасри император кор карда буд, ошно гардида, ӯро ба кор даъват мекунад. Ин шахс мутахассиси хеле боистеъдод буд ва ҳамаи сирру асрори ҳунари атториро хуб медонист.
Дар он солҳо атрҳои занона қариб ҳама якранг буданд, ҳамаашон бӯйи гул мекарданд. Ҳеҷ кас дар истеҳсоли онҳо хушбӯиҳоро истифода намекард. Атре бо номи «Лаванда» хеле машҳур буд, ки бӯйи гули сурх ва ёсуман мекард. Аммо касе якҷоя истифода бурдани накҳатҳои гуногунро насанҷида буд.
Эрнесто Бо як соли дароз кор карда, ба Коко чанд намунаи атрҳоро пешниҳод кард, ки ба қавли ӯ «барои заноне, ки чун зан бӯй мекунанд» таҳия шуда буд. Шанел намунаи  панҷумро интихоб кард. Ҳамин тавр атри машҳури «Chanel № 5» пайдо гашт, ки 80 хушбӯиро дорад. Ин атр ба бӯйи  ягон гули машҳур монанд набуд. Махсус барои ин атр шишаи булӯрин тайёр карда шуд, ки баъдтар ба як ашёи парастиши занон табдил ёфт. Ороиши хоксорона ва дар шишааш тамғакоғази начандон калон бо навиштаҷоти «Chanel № 5» мавҷуд буд. Аз ҳамон вақт ин атр машҳур гардида, имрӯз ҳам яке аз серхаридортарин маҳсулоти атторӣ ба шумор меравад. Ҳамин тавр, Габриел Бонхеер Шанел асосгузори яке аз  ширкатҳои машҳуртарини ҷаҳон гардид. Мушкилиҳое, ки дар бачагӣ ба дӯши ӯ афтода буд, ӯро обу тоб дода, дар тафаккури ӯ орзуи комёбиро тавлид кард. Ва ӯ ин орзуашро амалӣ карда тавонист.
Ӯ барои чун дигарон будан сабабҳои зиёде дошт. Аммо бар хилофи ҳолати мавҷуда ӯ муваффақ шуд. «То он замоне, ки ҷаҳон вуҷуд дорад, одамон аз намунаи либосҳо ва атриёти Шанел  истифода бурда, бо арзи эҳтиром аз ӯ ёд мекунанд», - мегӯянд мухлисони ашадии Шанел. Ӯ дари фараҳу шодмониро ба миллионҳо занон боз карда, рӯҳияи романтикиро туҳфа кард ва ин корро ҳатто баъди фавташ низ идома медиҳад. Амали нек оғоз дораду интиҳо не.
Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 


Дунёи варзиш
СТЭНЛИ - НАХУСТИН "БОЗИНГАРИ СОЛ"

Футболбоз ҳангоме сазовори ҷоиза мегардад, ки дастаи ӯ дар мусобиқаҳои гуногун ба натиҷаҳои баланд мушарраф гардад. Мухлисон низ аз ин нигоҳ ба ҳунарнамоии бозигар баҳо медиҳанд ва бар ин асос ҷоизаи маҷаллаи «France Football» супурда мешуд. Вале, Стэнли Матюз ҳеҷ  гуна унвони баланди дастаиро  надошт ва нахуст соли 1956 ба гирифтани  «Тӯби тиллоӣ» мушарраф гашт. Гузашта аз ин, дар замоне ки ин ҷоизаро ба ӯ тақдим намуданд, 41 – сола буд. Ӯ дар дастаи шаҳри азизаш қаҳрамони мусобиқоти дивизиони  дуюми Англия шуд.
Стэнли аввалин футболбозе буд, ки соли 1948 унвони бозигари беҳтарини соли Англияро (унвон бори нахуст дар таърихи футболи Англия роҳандозӣ шуда буд) ба даст овард ва онро баъд аз 15  сол боз дубора дарёфт. Бояд гуфт, ки Стэнли  ҳеҷ гоҳ   корти зард ва сурх нагирифтааст.
Муддати як сол бинобар ҷароҳати зону ӯ ба майдон набаромад ва 6 феврали соли 1965 панҷ рӯз қабл аз 50 – солагӣ охирин бор  вориди майдон гардид. Дастаи «Сток Сити» бар «Фулхэм» бо натиҷаи 3 : 1 пирӯз шуд ва Стэнли дар ин дидор як гол зад.
Дар бозии хайрбодии ӯ бо футбол, ки  дар варзишгоҳи «Виктория Граунд» - и Сток Сити доир гардид, ситораҳои футболи ҷаҳон – Ди Стефано,  Масопуст, Пушкаш ва Яшин ширкат  доштанд. Шоҳзода Елизавета II ба Стэнли унвони баҳодуриро сазовор донист, ки он бори нахуст ба футболбоз дода шуд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2016    №: 36    Мутолиа карданд: 626

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед