logo

сиёсат

ДАР МИЁНИ ОБУ ОТАШ

Вақтҳои охир як ҳолате ба мушоҳида мерасад, ки гумон меравад муттаҳид шудани аҳли масеҳӣ авҷ гирифтааст. Ин чиз худ ба худ бад нест ва воқеан ҳар неру, ҳар халқу миллат ё ҳар ҷараён чунин ҳуқуқро дорад. Аммо ин дар ҳолате ба амал меояд, ки дар заминааш муҳоҷиргурезаҳои араб, парастиши арабҳои масеҳӣ ва дигар гурӯҳҳои мусулмони араб, аз мусалмонон тарсондани халқи худ, ба назар мерасад.

Масалан, китоби Мишел Уелбек «Сархамӣ», ки соли гузашта нашр шуд, ҳовии мавзӯе аст, ки гӯё дар интихоботи соли 2023 дар Фаронса мусулмонҳо ҳукуматро ба даст мегиранд ва фаронсавиҳои масеҳӣ барои кор пайдо кардан маҷбур мешаванд ойинҳои исломиро риоя намоянд. Хаёли адиб, илҳоми ӯ ва бардошташ  аз зиндагии имрӯза дар дил ваҳм мекорад. Вохӯрии Папаи Рим ва роҳбари мазҳаби православӣ, ки дар Гавана 12-уми феврали соли 2016 бо мақсади муттаҳид кардани масеҳият ва масеҳиҳо сурат гирифт, зуҳуроти муҳимест. Зеро аз замони ба вуҷуд омадани ин мазҳабҳо (конфессияҳо) дар асри XVI, ин аввалин мулоқот мебошад ва он мақсади муттаҳид кардани неруҳоро доро аст.
Дар асри XVI аслан ба таври қатъӣ аҳли суннату шиа низ аз ҳам ҷудо шуданд ва имрӯз тавассути барномаҳои «висоли ҳақ» ва «аҳли байт», ки аз кишварҳои ғарбӣ садо медиҳад, ҳамдигаркӯбии аҳли ислом авҷ мегирад. Дар суханронии Дмитрий Медведев, раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар конфронси байналмилалии Мюнхен, ки 13 - уми феврали соли равон баргузор гардид, тезис дар бораи халифати умумиҷаҳонӣ ба миён гузошта шуд. Яъне, зикр гардид, ки агар пеши роҳи қувваҳои иртиҷоии ислом гирифта нашавад, аҷаб не ки ҳамаи мамлакатҳои имрӯзаи дунё дар зери ҳукмронии аҳли ислом монанд.
Ин тезис ба мақсади муттаҳид кардани қувваҳои ҷаҳонӣ дар муқобили неруҳои иртиҷоии исломӣ, монанди «Толибон», «Ҳизб - ут - таҳрир», «Давлати исломӣ», «Ал - қоида» ниҳоят муҳим аст. Аммо ин муносибат ва ин ҳақиқат оё боиси он намешуда бошад, ки аврупоиҳо, масеҳиҳо ҳар касеро, ки ба маданияти исломӣ тааллуқ мегирад, ҳамчун хилофатсоз қабул кунанд. Ин шубҳа барои он аст, ки дар байни гурезагони ба Аврупо рафта, ҳазорҳо нафар одамони бадзод, дузд, одамкуш, иғвогар, террорист, воқеан фанатикҳои исломӣ низ ҳастанд.
Таърих нишон медиҳад, ки махсусан ҷавонони аврупоӣ он садҳо ҳазор бечорагони ба мамлакаташон омадаро не, балки ҳамин чанд ҳазор ё чансад каси ифротиро мебинанду аз рӯйи онҳо ҳукм мекунанд. Мо мисолҳои инро дар воқеаҳои Фаронса, ки ба сабаби иғвогарии як гурӯҳ ҳукумат маҷбур шуд дар муқобили муҳоҷирони омада чораҳои фаврӣ андешад, дидем. Ҳамзамон, дар воқеаҳои Олмон, ки ба сабаби онҳо мардуми зарардидаи ин кишвар  зиддӣ мусулмонҳои омада эътироз карда, шадидан аз давлат талаб намуданд, ки онҳоро аз кишварашон бадар кунад; дар муносибати мардум ва ҳукумати Венгрия, Шветсия, Белгия ва минтақаҳои Югославияи собиқ, ки муҳоҷиронро дар ватанашон роҳ надоданд ва онҳоро «нонхӯри зиёдатӣ» эълон карданд; номзаде ба мақоми президентии ИМА изҳор кард, ки мусулмонон ба Амрико роҳ дода нашаванд; дар мисоли баста шудани сарҳадҳои байниҳамии мамлакатҳои Аврупо ва тағйири муваққатии системаи Шенген ва ғайра возеҳ дарк мекунем.
Дар ҳамаи коре, ки ба амал меояд, як чиз ниҳоят хатарнок аст. Аврупоиҳо байни давлатҳои исломӣ ва кишварҳои тамаддуни исломӣ сарҳад гузошта наметавонанд. Ҳар касе, ки ба дини онҳо шарик нест, дар назарашон исломӣ менамояд. Барои онҳо тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо, тоторҳо, озарҳо ва қавмҳои доғистонӣ ҳам, ки танҳо барандагони маданияти исломӣ мебошанд ва аксарияташон тақводор нестанд, ҳамон навъ мусулмоне менамоянд, ки террористони исломӣ мебошанд. Онҳо дарк намекунанд, ки аслан аз дасти террористони исломӣ мардуми ин кишварҳо, системаи давлатдориашон зиёдтар ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд. Онҳо воқеаҳоеро, ки дар Покистон, Афғонистон, Доғистон, Осиёи Миёна ба амал омадаанду меоянд, дуруст сарфаҳм намераванд. Барои он ки ҳақиқати тамаддуни исломӣ ва режими исломиро дарк карда бошем, донистан лозим аст, ки чаро ин селаи гурезаҳо ба сари Аврупо рехт? Аз куҷо рехт ва чӣ сабаб шуд? Ҷавоби ин андеша дар он аст, то дарк шавад, ки табаддулоти сиёсии Эрони соли 1979, воқеаҳои  Ироқ, Тунис, Яман, Либия, тағйироти исломӣ дар Миср чӣ гуна ба амал омаданд ва кӣ инро тадбиқ кард. Ин давлатҳо замоне дунявӣ буданд, иқтисоди тараққикарда доштанд. Шаҳрвандони ин кишварҳо ҳеҷ вақт барои суроғи зиндагии ором, ризқу рӯзӣ бо ин шиддати сели дарёи кӯҳӣ ба сари Аврупо нарехтаанд. Ин кишварҳои сохташон, роҳу равишашон дигаршуда, ҳама рӯҳияи исломӣ пайдо карданд. Ҳамин ҳолат ба сари Сурия ҳам меомад, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ садди роҳи онро гирифтан мехоҳад.
Ҳеҷ кас ихтиёран ва бо ташаббуси худ ватанро тарк намекунад. Қувваҳои зиёде ҳастанд, ки барои манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ин гурезогурезро авҷ медиҳанд. Аз барномаҳои телевизиони «Евро нюс» бармеояд, ки одамфурӯшоне дар Туркия ва Ироқ заминаи сафари мардумро аз Ироқу Сурия ба Аврупо фароҳам месозанд. Як ироқие дар суҳбат мегуфт: «Мо ба таблиғе, ки дар Ироқ роиҷ аст, бовар карда, ба Олмон омадем. Гуфта буданд, ки ба зудӣ ҷойи зисту кор пайдо мекунед, мо бовар карда омадем. Ҳар чизе, ки доштем, сарф кардем, на кулбае пайдо кардем ва на кораке. Бинобар ин охирин пуламонро барои бозгашт ба Ватан истифода намудем…».
Таваҷҷуҳи дунё ва вокуниши шадиди ВАО, ташвиши роҳбарияти давлатҳои аврупоӣ аз муҳоҷирон зоҳиран аз пайдо шудани ҷасади кӯдаке дар соҳили уқёнус, ки суратгире онро соли 2015 ба ВАО паҳн кардааст, шурӯъ мешавад. Аммо ҳақиқат он аст, ки гурезогурезу муҳоҷират ба сабаби вайронкории берунаҳо аз мамлакатҳои араб на камтар аз 15 сол боз давом дорад. Аз ин пеш зиёда аз 10 миллион эронӣ ва афғон маҷбур ба тарки ватан шуда буданд. Баҳонаи кӯдаки шаҳиди гурезогурезҳо вақте зарур шуд, ки ҷангандагон Сурияро бе одам ва мамлакатро пурра ғасб кардан хостанд. Аврупоиҳо аввал бо оғӯши кушода ин корро шурӯъ намуданд ва чун эҳсос карданд, ки «думи гурезаҳо дар хӯрҷин аст», хомӯш монданд. Кишварҳои аврупоӣ бо 1 миллион муҳоҷири омада «сари калобаашон»-ро гум карданд. Аз ин сабаб, имрӯз дар Аврупо ҳисси мазҳабпарастиву миллатпарастӣ хеле баланд аст. Як намунаи олии он азодории аҷибе ба он гурӯҳи журналистоне буд, ки барои таҳқири Расули акрам аз ҷониби фанатики исломӣ кушта шуданд.
Шукри онро дорам, ки халқи тоҷик дар давоми 1400 соли охир шарафи мусулмониашро ҳифз мекард. Дар асрҳои миёна халқи моро барои ҳимояи мазҳаб ба ҳамдигар ҷанг андохтанд ва мутаассифона, ин ҷанг тоҷиконро аз ҳам ҷудо кард. Тоҷики аҳли суннат ва шиа пайдо шуд. Бузургоне чун Низомулмулк, Ватвот ва Ҳилолӣ аз чунин ҷангҳо шарбати марг нӯшиданд. Ҳатто дар замони инқилоби Октябр иддае аз мардуми мо бо тавтеаи исломгароҳо ҷанги худро ба тарафдории амир ҳамчун ҳимояи ислом маънидод карданд. Дар замони шӯравӣ низ мардуми тақводору намозхон буданд, рӯза мегирифтанду фарзандони худро суннатӣ мекарданд ва ҳеҷ кас бе ҷаноза ба роҳи охират намерафт. Дар замони истиқлолият як идда маҳдудиятҳое, ки фаҳмидаю нафаҳмида дар оини исломдории мо пайдо шуда буд, бартараф гардид. Ин ислоҳотро соли 1992 худи ҳукумат ба вуҷуд овард ва донишмандони динӣ ба ин мусоидат карданд, яъне дар арафаи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ заминаҳое пайдо шуданд, ки ислом қудрати пурраи худро ҳамчун василаи танвири афкор эҳё кунад.
Аслан солҳои 80-уми асри XX  замони эҳёи афкори исломӣ дар мулки аҷам шуд. Воқеаҳои Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна далел бар ин мебошанд. Талоши халқ танҳо ба он буд, ки бояд дар адои оини исломӣ маҳдудияте пеш наояд ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ инро эҳё кард. Аммо неруҳое, ки сар аз солҳои 90-ум дар минтақаи мо фаъол шуданд, ҳамчун ҳизбу ҳаракат ё ҷабҳа намудор гардиданду кӯшиш карданд, ки раванди эҳё ва устуворшавии анъанаи диниро тезонанд. Ба вуҷуд омадани Ҳизби наҳзати исломӣ, соли 1990, Ҳаракати исломии Тоҷикистон, соли 1995, Ҳизби исломии Ӯзбекистон, соли 1996, Ҳизби таҳрир дар минтақаи Осиёи Миёна, соли 1990, ҳизбҳои зиёде дар Афғонистон, ки номи исломӣ доштанд, ба ин далолат медиҳанд. Ба назар менамояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои навпайдошуда, мисли «Толибон», «Ал-қоида», «Давлати исломӣ» аз худшиносии исломии мардум истифода бурдан мехоҳанд. Онҳо дар  Афғонистон, Ироқ, Либия ва Яману Сурия ба онҳое дасти ёрӣ дароз мекунанд, ки ба оромии ин мамлакатҳо эҳтиёҷ надоранд ва гуфтаи халқро, ки «гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад» тадбиқ кардан мехоҳанд. Исломхоҳии ин гурӯҳҳо хусусияти иғвогаронаро низ доро мебошад. Дуруст гуфтаанд, ки
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.
Дар замони ҷанги пештараи Афғонистон, яъне то пайдо шудани гурӯҳи «Толибон» ёдгориҳои Бомиён зарар надида буданд. «Толибон» омаданду онҳоро хароб карданд. Ёдгориҳои масеҳию тоисломии кишварҳои арабӣ, аз ҷумла дар Сурия, Ироқ, Миср ва Яман дар давраи дуру дарозе, ки ин давлатҳо сохти исломӣ ва демократӣ доштанд, хароб карда нашуданду танҳо дар замони «Давлати исломӣ» тахриб гардиданд. Гумон мекунам, ки ҳардуи ин зуҳурот як пуштибон, маблағгузор ва иғвоангез доранд.
Хушбахтона, ин гуна вайронкориҳои шадид дар минтақаи мо ба амал наомаданд, ҳарчанд заминаи онро иддае дар мо ба вуҷуд овардан мехостанд. Дар аввали асри XXI ман таҳқиқеро дар ин масъала дар мисоли водии Фарғона анҷом дода будам, ки як порчаи онро дар ин ҷо истифода мекунам:
«Ҳаракати исломгароӣ дар арсаи байналмилалӣ ривоҷ ёфт. Шиорҳои нобарҷои «ҷанги салибӣ», «бархӯрди тамаддунҳо», «ҷавонони атроф», «неруи хориҷии кор» кӯшишҳои ҷорӣ кардани режими демократӣ дар Ироқ Афғонистон ва Эрон, сарбардории скинхедҳо – натсионал - шовинистҳо, зарурати суроғи қувваи барои ҳамаи миллатҳо ягонаро ба вуҷуд овард ва ин ислом шуд. Зеро давлатҳои исломии Афғонистон, Эрон, Туркия ба ҳамнажодҳои худ ибрат шуданд.
Татбиқи хосторҳои  ин манбаъҳоро «Ҳизб - ут - таҳрир» ба дӯш гирифтан мехоҳад. Дар ин ҳолат шиори аввали он «ҳизби илоҳӣ» буда, метавонад, ки тибқи он ба ҳам муқобилгузории аҳли ислом аз нигоҳи насаб (этникӣ) гуноҳи бузург аст, зеро аҳли ислом бо ҳам бародару хоҳар бояд бошанд. Дар шароити Осиёи Миёна, аз ҷумла водии Фарғона, ин шиор мақсад ва маънои зеринро дарбар мегирад:
- Бо роҳи оштии динӣ хуносо кардани муносибати роҳбарони се кишвари ҳамсоя ва ба ин васила дар муқобили ҳукуматдорони хеш  қарор додани табааи ин кишварҳо.
- Истифодаи вазъи душвори иқтисодии аҳолии ҳар се кишвар (маоши муаллим ва духтур дар вилояти Суғд ба як халта орд намерасад, дар вилоятҳои Фарғонии Қирғизистон 1,5 халта орд ва Ӯзбекистон 3  халта орд мешавад ва оилаи ин гурӯҳи аҳолӣ маъмулан 5-6 кас мебошанд), муҳоҷирати меҳнатии онҳо (аз вилоятҳои Қирғизистон 15-20 фоизи қувваи кории мардона, Ӯзбекистон то 30  фоиз, Тоҷикистон беш аз нисф) бо мақсади ривоҷ додани мафкураи динӣ, бахусус фаҳмиши он ки Худованд ҳамаро баробар офаридааст ва хӯрдани ҳаққи мардум, ғорати мардум куфр аст. Ҳизби мазкур ба ҳайси ҳомии аҳли кор таборуз мекунад.
- Муттаҳид кардан дар муқобили куффор, ки ба он гурӯҳ коммунистони собиқ, яъне роҳбарони хурду калони ҳар се кишвар шомил карда мешаванд. Ин ақидаро ба ҳайси ақидаи қассос аз зимомдорон теъдоде аз аҳолӣ дастгирӣ карда метавонанд. Ба ин дар илова ба тадбирҳои таблиғотии роҳбарияти «Ҳизб - ут-таҳрир» баъзе хатоҳои ҳукуматҳо низ мусоидат менамояд. Масалан, дар байни онҳое, ки барои таблиғоти таҳрирӣ ҳабс шудаанд, шояд теъдоде бошанд, ки дар асл ба «Ҳизб - ут-таҳрир» иртиботе надоранд.
- Мубориза дар муқобили дурӯягии сиёсати динии давлатдорҳо. Дар таблиғи «Ҳизб - ут - таҳрир» ин масъала мубрам маҳсуб мешавад ва аз камбуде, ки дар ин соҳа мавҷуд аст, васеъ истифода мегардад. Мардумро бовар кунондан мехоҳад, ки ба ин давлатдорҳо итминон кардан мумкин нест, танҳо аҳли дин дар сухани худ устувор буда метавонанду халос.
Баъзеҳо «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро зодаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон мепиндоранд, ки ин асос надорад. Ҳаракати мазкур ду сифат дорад - аввалан вай ҳизби сиёсии зиддиҳукуматии Ӯзбекистон аст. Сониян, вай худро ҳомии мардуми туркнажод меҳисобад (номи наваш Ҷунбиши исломии Туркистон - ба ҳамин маъно аст). Аз ин нигоҳ ин ҳизб на танҳо ба Тоҷикистон назари нек надорад, балки дар муқобили тоҷикони Ӯзбекистон, аз ҷумла Намангон, Фарғона ва Андиҷон қарор дорад. Ин ҳизб ҳовии андешаи имрӯзаи пантуркизм аст.
- «Ҳизб - ут - таҳрир» ҳамчун ҳомии ҳамаи мардуми мусулмон, сарфи назар аз забони модариашон таборуз мекунад ва ҳамин ақидаро таблиғ менамояд. Эътирофи бештари он низ дар ҳамин аст.
Аммо фаъолияти ин ҳизб дар вилоятҳои фарғонии Қирғизистон қатъитар ва равшантар аст, шояд сабабаш ҳолати ноустувории сиёсии Қирғизистон ва вазъи давлатдории носомони он бошад. Дар акси ҳол муносибати ҳар се давлат - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ин ҳизб ҳамсон - манфӣ аст.
Ҷиҳати муҳими фаъолияти ҳизб дар шароити пинҳонкорӣ пайванди амиқи он бо исломи анъанавӣ аст. Пас, муассисаҳои динӣ, пешвоёни тариқат ва муллоҳо ба ҳайси мубаллиғони он таборуз карда метавонанд. Дар таблиғоти худ ва нашри он «Ҳизб - ут - таҳрир» ба майдатоҷирон, китобфурӯшон, мардикорони хориҷакор, мутахассисони соҳаи филология, таърих ва шарқшиносӣ такя мекунад ва аз занҳои хонашин истифода мебарад. Набудан ё кам будани муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳот, душвор шудани робитаи боҳамии мардуми Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, кам шудани аҳолии ғайримусулмон (бо истилоҳ русзабон) дар Фарғона, коста шудани фаъолияти муассисаҳои саноат ва нақлиёт, маҳдуд шудани фаъолияти чопӣ, авзои матбуот ва барномаҳои «фарҳанги озод» ҳама ба ривоҷи кори ин ҳизб мусоидат менамоянд.
Дар шароити байналмилалӣ мақсад ба вуҷуд овардани ҳолатест, ки дар нимаи аввали қарни ХХ Камол Отатурк барҳам дод. Яъне, мисли Ватикан маркази муттаҳидкунандаи аҳли дин будан. Дар шароити имрӯзаи байналмилалӣ, шиддатгирии муносибати байни давлатҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, аҳолии исломтабори аврупоӣ ва таҳҷоиёни он ҷо, имкони таваҷҷуҳ ба ин масъала меафзояд ва аҳзоби динии олам, ки яке аз онҳо «Ҳизб-ут-таҳрир» аст, метавонанд чунин ташаббус кунанд». Ин буд таҳқиқе, ки он замон анҷом дода будам.
Дар мақолаи консепсуалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» бо таҳлили ин авзо муносибати Тоҷикистон ба дини мубини ислом муайян карда шудааст:
«Мо ҳақ надорем ба он роҳ диҳем, ки ҳаёти халқи Тоҷикистон аввал ба як тараф ва баъд аз он раҳо ёфта, ба тарафи дигар моил шавад. Кафолати рушди устувори Тоҷикистон давлатдории дунявӣ, фарҳанг ва рӯҳонияти дунявӣ дар асоси озодии виҷдон мебошад, ки хилофи гуманизм, хирад ва ахлоқ нест…
Фарҳанги аврупоӣ яке аз бузургтарин офаридаҳои рӯҳияи инсон мебошад. Вале таърих собит сохт, ки он худ ба худ на аз авҷгирии фашизму нажодпарастӣ ва на аз иллатҳои бефарҳангӣ кафолат намедиҳад. Маҳз аз ҳамин рӯ, дар Ғарб усули мураккабтарини ҳифзи демократия ва фарҳанг эҷод шудааст, усуле, ки ба меъёр табдил ёфтани тазодҳои ҷомеаи солимро қабул надорад.
Мо ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун  ҷомеае мебинем, ки тобеи ду гурӯҳи ақида набошад, зеро онҳо моҳиятан рушди устувори мамлакатро халалдор менамоянд.
Гурӯҳи якуми ақидаҳо дастовардҳои асили навсозии асри XX-ро инкор намуда, ба барқарор намудани як навъ «типи миллии» одамон кӯшиш менамояд, ки таҳти онҳо таҷдиди сохти гузашта, ҳатто бозгашт ба хилофат дар назар дошта мешавад. Онҳо ақидаи эҳёи чунин диндореро, ки ба озодии виҷдон, яъне ба дастоварди муосири тамаддун ва демократияи ҷаҳонӣ, меъёрҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар роҳ намедиҳад, суистифода менамоянд.
Гурӯҳи дуюми ақидаҳо, ки барои ояндаи мо қобили қабул нестанд, аз кӯшишҳои баъзе қувваҳои манфиатдор иборатанд, ки мехоҳанд дар  ҷараёни мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ динро бадном созанд. Дар ҷустуҷӯи решаҳои терроризм онҳо омодаанд дини муқаддаси исломро гунаҳкор намоянд, ки беандоза ғайриодилона ва дур аз созандагист…
Бо ин ғояҳо кӯшиш мекунанд, ки моро ба роҳи ҷудоӣ аз ҷаҳони ислом талқин намоянд…
Мо дар сарҳади ҷаҳони ислом ва Аврупо қарор дорем. Ин воқеияти асри XXI тақозо мекунад, бо ҷаҳоне, ки моро иҳота мекунад, муносибати мутавозин барқарор намоем. Асри оянда аз мо истиқболи арзандаи ҳамкории мутақобиларо бо навгониҳои ҳазорсолаи сеюм талаб мекунад…». 
Муносибати воқеъбинона ба мавқеи дин дар ҷомеа, ки дар мақолаи зикршуда баён  гардидааст, чанд масъаларо ба миён мегузорад. Аз ҷумла, муайян кардани мавқеи дин дар ҷомеаи дунявии пасошӯравӣ ва он мамлакатҳои арабӣ, ки замоне демократияи иҷтимоиро ба сар бурдаанд. Мисли Миср, Ироқ, Либия, Сурия ва Яман. Дар ин гурӯҳи мамлакатҳо, ки Тоҷикистон яке аз онҳост, гумон намекунам, ки мавқеи исломро чун дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт ва Эрон муайян кардан мумкин мешуда бошад. Зеро дар ин давлатҳо мавқеи ислом ба сифати қудрати идоракунандаи ҷамъият ҳукми конститутсионӣ дорад.
Ҷойи исломро дар Осиёи Миёна мисли исломи аврупоӣ низ муайян карда намешавад. Зеро дар он ҷо ислом аз имконияте вобастагӣ дорад, ки давлатҳои аврупоии масеҳиасос барои ислом муайян кардаанд. Дар шароити мо бошад, ислом дини миллист, яъне одату муносибати зиндагии дунявии мо ин аслро бояд дар назар дошта бошад. Махсусияти Тоҷикистон ва дигар мардуми мусалмони кишварҳои пасошӯравӣ ба мамлакатҳои демократии зикршудаи араб дар он аст, ки инҳо ба зиндагӣ ва анъанаи дунявӣ унс гирифтаанд ва кӯшиши баргардондани онҳо ба қолабҳои асримиёнагӣ эътироз ва мухолифат ба вуҷуд меорад. Яъне динро ҳамчун неруи сиёсӣ не, балки ҳамчун неруи имонии ҳар шахс эҳтиром кардан лозим  мешавад.
Дар ҷомеаи мо вобаста ба ин пас аз истиқлолият мавзӯи идеологияи миллӣ ҳам ба миён меояд, ки баъзеҳо онро дар заминаи дин, бархе дар заминаи миллат, гурӯҳе дар заминаи ватанпарастӣ суроғ мекунанд. Аз ин се чиз муҳимтар он аст, ки ҳеҷ гуна ихтилофро ба амал наорад. Ба назари ман, ватанпарастӣ аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳо мебошад. Ватанпарастии миллии тоҷикистонӣ, яъне дӯст доштани хоке, ки дар он ба дунё омадааст ва ҳифз кардани арзишҳои он бояд асоси тарбияи насли ҷавонро ташкил диҳад. Аслан ин мафҳум  ҳамеша дар мадди назар буду ҳаст. Масалан, дар адабиёти классикии тоҷик гарчи калимаи «ватан» камтар истифода шудааст, аммо маъно ва ғояи бузургтарини адабиёти мост. Вай ғояи асосии равияи эҷодии бузургонамон мебошад:
«Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» бӯйи Ватан аст. Ҳимояи Эрону Тӯрон дар «Шоҳнома» ҳимояи Ватан аст, ёди Балху Бухорову Самарқанд дар «Маснавии маънавӣ» ёди Ватан аст. Он ки «Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб» мегӯяд, ғариби Ватан аст. Мушфиқӣ дар мисраи зерин ёди Ватан мекунад:
Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо.

Маъдан дар шеъри «Диёнат рафт, ё Раб, аз диёри мардуми Понғоз» ёди Ватани поймолшудаашро мекунад.
Халқ дар мақоли «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» бузургии Ватанро зикр мекунад. Ё дар гуфтаи «Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад, Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад» бузургии Ватан, қувваи зиндакунандаи Ватан, ифода меёбад. Зеро шахси баргашта ба Ватан мурдаи садсоларо зинда мекунад. Шояд дар он замон камтар истифода шудани калимаи «ватан» беканории худи ватан буд, ба забони шоире «сарҳади (ватани) тоҷик - забони тоҷик» буд.
Аммо дар замони шӯравӣ калимаи «ватан» ва ватанпарастӣ хеле бурро ва ҷиддӣ садо медод. Ватан ё Ватани советӣ дар он вақт ватани озод, ғояи зиндагиро ифода мекард. Дар таркиби «Ватанам такягаҳи сулҳи ҷаҳон» ифтихор аз Ватан, дар мисраи «Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳар ду» андеша дар бораи сарнавишти Ватан садо  медиҳад ва чунин мисраъҳо махсусан мисраъҳои ифтихоромез дар адабиёти мо зиёд буданд. Бо номи «Писари Ватан», «Ватан - Модар», «Як каф хоки Ватан», «Хоки Ватан» китобҳо ва асарҳои санъат таълиф мешуданд. Мафҳуми «Ватан - Модар» низ дар он замон пайдо шуд ва имрӯз низ қавӣ дар дилҳост.
Ин анъанаи некро адабиёту санъати имрӯзаи мо низ бо ифтихор идома медиҳанд. Дар солҳои душвори нимаи аввали соли 90-ум ба вуҷуд омадани радиёи «Хоки Ватан» дили гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро гарм нигоҳ медошт.
Мафҳуми зебои оини ватандорӣ, ки истифодаи он хоси каломи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, шукӯҳ ва рӯҳи тозае ба ин фаҳмиш додааст. Шукӯҳи Ватанро ҳамчун асли зиндагӣ қабул кардан, ифтихори Ватанро аз кӯдакӣ дар дили одамон ҷой додану парваридан якпорчагии аҳли Ватанро ба вуҷуд меоварад. Тоҷикистонӣ сарфи назар аз забони гуфтугӯӣ, ақидаи сиёсӣ ва этиқоди диниаш дар ғояи Ватан ба ҳам дӯст, иттифоқ ва бародар мешавад. Сулҳ ва ваҳдат тантана мекунад.
Дар понздаҳ соли асри XXI таблиғи одилонаи афкори динӣ дар Тоҷикистон хеле роиҷ буд. Ин корро аввал аҳли дин дар такя ба қонунҳои ҷории кишвар ба ҷо меоварданд. Ин амал ҳамчунон тавассути таваҷҷуҳи давлат ба арзишҳои исломӣ, шахсиятҳои маъруфи исломӣ ва ҷашни онҳо, аз ҷумла ҷашни Абуҳанифа, таҷлили Соли тамаддуни исломӣ, нашри тарҷумаи тоҷикии Қуръон шукӯҳе медод.
Ҳамчунин, воситаҳои ахбори омма хеле ҷиддӣ ва сареҳ ба масъалаҳои дину мазҳаб даст мезаданд. Яъне мусоҳибаҳо бо шахсиятҳои маъруфи дин, тафсирҳо ва ривоятҳои динӣ ба касрат дар саҳифаи матбуот пайдо мешуданд. Матбуот тадқиқоти сотсиологӣ бурда, даҳгонаи шахсиятҳои маъруфи диниро дар маҳалҳои Тоҷикистон муайян  кардан мехост. Дар ВАО дар хусуси мазҳабҳо ва равияҳои гуногуни динӣ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ зиёд матолиб нашр мешуд.
Албатта, нияти ин корҳо нек буд. Он костагиеро, ки аҳли дин дар замони шӯравӣ эҳсос карда буд, ислоҳ кардан мехостанд.  Воқеан ҳам, онҳое, ки ба дин бо ихлоси воқеӣ, бо рӯҳи тоза рӯ меоварданд, аз он озодона истифода мебурданд. Ҳар кас ин озодиро дар талоши мароми зиндагӣ, сулҳу салоҳ, таҳсил ва кору бор татбиқ мекард. Мардум аз ин неъмати пок истифода мекарданд ва онро ба муқобили касе равона намесохтанд. Аммо гурӯҳҳое ҳам буданд, ки вазъи баамаломадаро, яъне озодии виҷдонро барои татбиқи ғояҳои беасосу ғараздори худ кор мегирифтанд. Фикри ботили худро дар заминаи озодии виҷдон ба сохти дунявии озодӣ муқобил гузоштан ва ҳаракати ҷамъиятро, чархи гардунро ба қафо гардонданӣ буданд. Дар «амри маъруф» - и ин гуна касон, дар фитаҳое, ки онҳо сабт ва паҳн мекарданд, ҳатто дар гуфторҳои радиёиашон арзишҳоро ба миён мегузоштанд, ки иддае зарарнок ва иддае ҳақиқатношиносӣ буд. Ман аз ҳамин камтаринаш мисоле овардан мехоҳам.
 Дар як гуфтори радиёӣ донишманди исломие ифодаи «меҳмони Худо»-ро ба таври худ шарҳ медод. Меҳмони Худо, ки дар фаҳмиши динӣ ношиносесту ба хона ё масҷиде омадааст ва ғариб мебошаду дар ин мулк хешу таборе надорад, дар он гуфтор ба ҳадди гадо шиносонда мешуд. Яъне гадое, ки ба хонаи дорое омадааст. Олими дин насиҳат медод, ки гадоро навозиш кун ва ба вай ҷойи хоб деҳ, ки ӯ меҳмони Худост. Ин амал таблиғи меҳнатгурезӣ, бекорагӣ ва гадоӣ аст. Мисоли дигаре гуфтан мехоҳам. Нафаре бародари ҳамшираашро барои шаробнӯшӣ кофир хонда, куштааст ва дар ин роҳ исломро ба миён андохтааст. Дар деҳае писаре, ки имомати масҷиди панҷвақтаро доштааст, падарашро барои намоз нахондан «ради маърака» эълон кардааст. Ҷавонҳое ҳам пайдо шудаанд, ки бо мошинҳои боҳашамат ба масҷид омада, намози ҷомеа хонданро намунаи эътиқоди худ ба ислом донистанд. Дар он солҳо дар идораҳои давлатӣ ҳам одамоне буданд, ки кори ҳукуматро мекарданд ва намедонистанд, ки ба кадом самт майл кунанд. Дар дили ин қабил одамон тарс аз Худо не, балки тарс аз атрофиён, аз баъзе тақводорони тундзабон бештар эҳсос мешуд. Барои иддае аз ҷавонҳо ифтихор кардан аз гузаштагони худ, ки эшон, саид, халифа, хоҷа, муллои калон, фолбин, сӯфӣ буданд, як навъ одат шудааст. Ҳол он ки пештар мардум бо муаллим, духтур, олим, деҳқони асил, коргари асил будани худу ақрабои худ ифтихор мекарданд.
Дар ин мисолҳо истифодаи нодуруст ё ҳатто суистифода аз озодии виҷдон дар чанд соли пеш ифода меёбанд. Агар дар он вақт олимону донишмандони дунявӣ низ мақолаҳои динӣ навиштанро пеш гирифта бошанд, имрӯз баъзе донишмандон зуҳуроти таърихиро дар иртибот ба дин яктарафа маънидод мекунанд. Масалан, як донишманде дар бораи сӯфиёну дарвешон мақола навишта, ҳар он чизеро, ки ба қишрҳои бадахлоқи ҷомеаи гузашта тааллуқ дошт, ба сари ин гурӯҳ задааст. Аз як канор ба канори дигар паридан мардумро гумроҳ мекунад.
Аз роҳи террористӣ боз гардондани ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротгаро наздик намондани онҳо, қадр кардани Ватану волидайн, ҳаммиллату ҳамзамин, бо роҳи сиёҳ кардани чизе не, балки бо роҳи дастгирӣ кардани кирдори неке беҳтар ба амал меояд. Яъне мо арзишҳои исломиро эҳтиром карда, беҳтарини онҳоро, ки хислати умумиисломӣ доранд, на танҳо дастгирӣ, балки таблиғ ҳам бояд кунем. Барои мо мусулмонии ҳамдигаркушӣ, террористӣ, тафриқаангезӣ ва имтиёздиҳанда даркор нест. Хайём, ки дар меҳнату кӯшиш ва дар садоқат ба одамҳо мусулмониро шинохтааст, муллонамоиҳои худбинро масхара карда, мегӯяд:
Зоҳид ба карам туро чу мо нашносад,
Бегона туро чун ошно нашносад.
Гуфтӣ, ки гунаҳ кунӣ, ба дӯзах барамат,
Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад.

 Мавлоно мегӯяд:
Худовандо, ту медонӣ, маро аз аҳли имон кун,
Макун шайху макун сӯфӣ, макун мулло, мусулмон кун.

Ниҳоят рӯҳи воқеии мусулмонро халқ муайян кардааст: «Каъба чаро меравӣ, дили одамиро ёб».
Бо ин иқтибосҳо таъкид кардан мехоҳам, ки рӯҳи исломии мардуми кишвари моро дар шинохти озодонаи Худованд ва илми вай, дар шинохту азиз доштани Ватани худ, дар мукаррам доштани халқи хеш ва дар эҳтироми ҳамаи халқи дунё мубарро кардан мумкин аст. Барои он ки ба ин мақсад расем, мо маънои гуфтори бузургонамон «мақсуд зи ҷумла офариниш моем»- ро дарк кунем, яъне Худованд одамро офаридааст ва ҳамаи чизи дигарро барои хизмат ва ҳоҷати одам офаридааст. Ҳамин андеша ва риояи чунин андеша ҳам муқаддасии динро нишон медиҳад ва ҳам ободии давлатро.
Андешаҳо дар бораи истиқлолият, мусулмоният ва дину муҳоҷират барои он лозим буданд, то таъкид кунем: онҳое, ки зери дирафши «Давлати исломӣ» меҷанганд, ба ақидаи «Толибон» пайраванд, ҳизбро бо мақсади ҷангу террор истифода мекунанд, ҷавонҳои нохонда ва дар суроғи «қути лоямут» бударо бо фиребу найранг ба ҷанг чун «мардикор» мебаранд, ҷиноятпешаанд. Онҳое ҳам, ки ба некӣ бо бадӣ ҷавоб медиҳанд, дар сиёсат бо дами корду тири сиёҳ обрӯ ёфтан мехоҳанд, мусулмон нестанд. Мардикор - террорист ради маърака аст ва Ватан надорад.

Иброҳим УСМОНОВ,
доктори илми таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2016, 23.02.2016    №: 36, 37    Мутолиа карданд: 630

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед