logo

фарҳанг

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ФОЛКЛОРШИНОСИИ МИЛЛӢ

Пас аз ба истиқлолият расидани кишвари мо орзуву ормонҳои  чандинасраи мардумони мо ҷомаи амал пӯшид. Тоҷикон, алалхусус, шоиру нависандагон ва олимони ҷумҳурӣ аз ин воқеаи фараҳбахш  рӯҳи тоза гирифта, ба эҷоди асарҳои бадеӣ ва корҳои илмии пажӯҳишӣ оғоз намуда, як силсила шеъру таронаҳо, рисолаҳои илмӣ ва асарҳои насрии ҷолиб офарида, аз он шодмонӣ намуданд, ки дигар кишварамон озоду мустақил аст ва баҳри гул - гулшукуфии он камари ҳиммат баста, кору фаъолият бояд намуд ва ба ин  рӯзи саид шукргузорӣ кард.
Фолклор ва фолклоршиносӣ як бахши муҳими фарҳанги миллати мо мебошад, ки мардумро ба орзуву омол ва маънавиёти гузаштагонамон ошно месозад ва ба қавли Максим Горкий ибтидои санъати сухан дар фолклор аст. Ва ақлу идрок, бинишу фаҳмиши гузаштагони мо тавассути жанрҳои гуногуни фолклорӣ: афсонаву нақлу ривоятҳо, достонҳои қаҳрамонӣ, байту рубоӣ, ғазалу мухаммас, таронаҳову аллаҳои модарон, мақолу зарбулмасал, чистону муаммо ва жанрҳои мухталифи назмиву насрии осори мардумӣ сарчашмаи илҳоми шоирони мутақаддим гардидаанд. Аз ин рӯ, аз даврони бостон шоиру нависандагони оламшумули форсу тоҷик ҳамеша аз эҷодиёти шифоҳии халқ истифода намудаанд. Шоҳасарҳои хешро ҷиҳати барҷаста баромадан аз фолклор шодоб кардаанд.
Хеле хушоянд аст, ки дар солҳои ба истиқлолият расидани Тоҷикистони азиз дар қатори рушду нумуи соҳаҳои дигари илму фаҳанг фолклоршиносӣ равнақи тоза гирифт. Кормандони шуъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи илмҳо бо роҳнамоӣ  ва ғамхории  равоншод Раҷаб Амонов 43 - ҷилд Куллиёти фолклори тоҷикро бо заҳмати афзун ба чоп омода намудаанд, ки 7 ҷилди он дар давраи истиқлол рӯйи чопро дид.
Дар ин солҳо ганҷинаи фолклори тоҷик ба низом дароварда шуд. Кормандони шуъба ба 8 гурӯҳ тақсим шуда, кори танзими феҳристи жанрҳои фолклориро бо сарварии Р. Амонов ва И. Левин, ки аз Ленинград даъват шуда буданд, оғоз намудаанд. Ин гурӯҳҳо бо жанрҳои рубоӣ, байт, дубайтӣ, суруд, чистон мақолу зарбулмасал ва латифа сару кор доштанд. Танзими феҳристҳо 5 сол идома дошт. Алъон феҳристҳои жанрҳои фолклорӣ дар байни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нодиртарин махзани пажӯҳиши осори шифоҳии мардум мебошад.
Ҳоло дар бойгонии фолклори тоҷик беш аз 225000 саҳифа маводи фолклории банизомовардашуда, аз ҷумла беш аз 21000 мақолу зарбулмасал, 8200 чистон, 30000 рубоӣ ва дубайтӣ, 28100 байт, 20000 тарона, 13200 суруд, 6100 афсона, 3200 латифа, 118 достони эпоси қаҳрамонии «Гӯрӯғлӣ» ва садҳо дафтари ёддошту рӯзномаҳои экспедитсияҳои фолклоршиносӣ ва матни тафсири маросимҳои мардумӣ маҳфуз мебошанд. Албомҳои аксҳои экспедитсияҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Махсусан, озмунгоҳ ва бойгонии сабти овозии институт хеле ғанӣ аст.
Маводи ганҷинаи фолклори ба номи Раҷаб Амонови Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ба се ҳуруф: ба хати ниёгон, лотинӣ ва расмулхати кунунӣ гирдоварӣ шуда, маҳфузанд. Маводи ин ганҷина ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қисме ба забони русӣ мебошанд. Дар ин ганҷина бахши фолклори тоҷикони Афғонистон ва Эрон низ нигаҳдорӣ мешавад. Инчунин, фонди профессор Загуров низ шомил аст, ки ӯ ин маводро солҳои 30 - юми асри  гузашта гирд овардааст.
Солҳои охир маводи бойгонии шодравон Муҳаммаднаим Раҳимов ва Ҳомид Зоҳидовро хешовандонашон ҷиҳати нигоҳдорӣ ва дар оянда ба истифодаи мутахассисони илмҳои мардумнигорӣ ва тибби халқӣ қарор гирифтанашон лутф намуда, ба ганҷинаи фолклори тоҷик супоридаанд, ки ин мавод моҳияти фолклоршиносӣ низ дорад.  Дар китоби «Хазинаи тибби қадим» муаллиф 3600 истилоҳро оварда, аз табобат то дорушиносиву дорусозӣ ва тарзу усули маъмули табобати бемориҳоро ба таври возеҳ нишон додааст. Маводи тибби мардумии Ҳомид Зоҳидовро роҳу усули табобати фолклории мардуми тоҷик номидан мумкин аст.
Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз - ин ҷашни мардумии мо аз ҷониби ЮНЕСКО ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин орзуи чандинҳазорсолаи мардумони эронитабор - тоҷикон ҷомаи амал пӯшид.
Олимони фолклоршиноси тоҷик дар як муддати кӯтоҳ чандин монографияву маҷмӯаҳои фолклориро ба табъ расониданд. Солҳои 1998 - 2000 Р. Қодиров се ҷилди фолклори тоҷикони вилояти Кешкрӯд (Қашқадарё) - ро ҳамроҳи банда ба чоп расонид. Дар ин ҷода Д. Обидов, Ф. Муродов ҳамроҳи фолклоршиносони варзида Равшан Раҳмонӣ, Салоҳиддин Фатҳуллоев ва Дилшод Раҳимов корҳои хубро анҷом дода, рисолаву маҷмӯаҳои зиёдеро ба чоп расонданд.
Дар даврони истиқлолият олимони фолклоршиноси тоҷик «Донишномаи фолклори тоҷик» - ро дар ҳаҷми 66 ҷузъи чопӣ ба нашр омода намуданд, ки он рӯзҳои наздик ба табъ мерасад. Фолклоршиносон ва донишмандони фарҳанги мардум ба ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба илҳом омада корҳои хуберо анҷом хоҳанд дод.  
Рӯзии АҲМАД,
Корманди шоистаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2016    №: 37    Мутолиа карданд: 707

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед