logo

ҳуқуқ

МО БОЯД ОГОҲ БОШЕМ

ДАР БОБИ ШИНОХТИ ВИЖАГИҲО ВА РОҲИ ЭМИН БУДАН АЗ САВДОИ ОДАМОН

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишваре буд, ки соли 2004 «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» қонун қабул кард. Баъди даҳ сол дар кишвар Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон» ба амал ворид гардид.
Дар робита ба аҳамияти қабул ва татбиқи қонуни мазкур, инчунин мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон Абдуманон Холиқзода, муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо чунин гуфт:

- Мутаассифона, тамоюли афзоиши хариду фурӯши одамон дар тамоми олам ба мушоҳида мерасад, зеро ҷинояткорон аз ҳисоби савдои одамон суди зиёд ба даст оварда, тибқи гузоришҳо ин амали номатлуб аз рӯи даромаднокӣ дар ҷаҳон мақоми сеюмро ба худ ихтисос додааст.
Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули доктринаи ҳуқуқии миллӣ, дар ин соҳа соли 2003 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 1301 «Хариду фурӯши одамон» илова шуд, ки дар он ҷазоҳо барои хариду фурӯши одамон бо мақсадҳои истисмор (истисмори шаҳвонии шахсони дигар ва намудҳои дигари истисмори шаҳвонӣ, меҳнат ё хизматрасониҳои иҷборӣ, ғуломӣ ё одатҳои шабеҳи ғуломӣ, ҳолати ғайриихтиёрӣ ё гирифтани узв ё бофтаи бадан) бо роҳи таҳдид, зӯрӣ, фиреб, суистифодаи мансаб, суистифода аз осебпазирии шахс, ришвадиҳӣ барои гирифтани ризоият, ба мардикорӣ ҷалб намудан, интиқол, таҳвил, пинҳон кардани одамон муқаррар карда шуд.
Марҳалаи баъдӣ дар соли 2004 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» буд, ки ҷиҳати татбиқи он дар ду давра (солҳои 2006-2010 ва 2011-2013) барномаҳои вижа таҳия гардиданд.
Бояд гуфт, ки хариду фурӯши одамон масъалаи фаромиллист, ки дар он ҷинояткорони кишварҳои гуногун иштирок доранд. Бинобар ин, барои муқовимати муваффақона ба хариду фурӯши одамон ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла мутобиқати қонунҳои миллӣ бо қонунгузории байналмилалӣ, ниҳоят зарур аст.
Аз ин сабаб, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул намуд. Он бо назардошти воқеияти кишвар ва дар асоси қонуни намунавии Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ, ки тамоми ҷанбаҳои муосири муқовимат оид ба савдои одамонро инъикос менамояд, таҳия гардида буд.
Қонун ба таъсиси муассиса ё марказҳои махсусе  имкон медиҳад, ки ёрӣ ва дастгириро ба қурбониёни хариду фурӯши одамон амалӣ мегардонанд. Марказҳо метавонанд, ба қурбониён ба муҳлати муайян паноҳгоҳ диҳанд, онҳоро бо расмиёти маъмуриву судие, ки манфиаташонро ҳимоя мекунанд, шинос намоянд. Илова бар ин, ин санад бори аввал имконияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар соҳаи муқовимат ба хариду фурӯши одамон, аз ҷумла ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ, таъсиси марказҳои ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон, муқаррар кардааст.
Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ва тибқи қонунгузории кишвари будубошашон ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қурбонии хариду фурӯши одамон гардидаанд, амалӣ месозанд ва барои бозгашти онҳо ба мамлакат мусоидат мекунанд.
Дар қонун оид ба пешгирии хариду фурӯши одамон, ба сиёсати иттилоотию  маърифатӣ аҳамияти вижа дода шудааст. Давлат дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, вале зарур аст, ки сокинони Тоҷикистон аз ин корҳо бохабар бошанд, ба иттилооти огоҳкунанда диққат диҳанд ва ба кӯшишҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намоянд.
Бо истифода аз минбари «Ҷумҳурият», мехоҳам таъкид кунам, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд хатари хариду фурӯши одамон ва шаклҳои ин фаъолияти ҷиноятиро бидонанд. Агар азми сафари хориҷа доранд, новобаста аз мақсади сафар, доираи васеи хешон ва мақомоти давлатиро огоҳ созанд. Ҳангоми сафар ба хориҷа, бо худ нишонӣ ва телефонҳои боварии сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон, шуъбаҳои дар маҳал қарордоштаи Созмони байналмилалии муҳоҷират ва дигар созмонҳоро дошта бошанд. Қаблан, ваколатҳои миёнаравонро санҷиш ва дар бораи фаъолияти пешинаи онҳо маълумот ба даст оранд. Дар ягон маврид имкон надиҳанд, ки ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шиноснома, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи таваллуд ба дасти бегонагон афтад. Зеро агар аз ҳуҷҷатҳо маҳрум шаванд, дар ҳолати пайдо шудани вазъи хатарнок имконияти ба мақомоти маҳаллӣ барои ёрӣ муроҷиат карданро аз даст медиҳанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2016    №: 37    Мутолиа карданд: 349

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед