logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. ПЕШРАВИҲО НАТИҶАИ ҲАМКОРИҲОЯНД

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи тадбирҳои ҳадафманду уқдакушо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод пеш рафта, барои рушди маҳал шароити муносиб муҳайё гардидааст.

Дар натиҷаи камар бастан ба бунёдкорию созандагӣ дар соҳаи саноату соҳибкории хурду миёна, истифодаи усулҳои пешқадами агротехникӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи чораҳои дигари судманд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ батадриҷ меафзояд.
Дар ноҳия маркази хизматрасонии техникии КВДҶ “Тоҷикагролизинг” таъсис ёфтааст, ки он барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ ва инфиродӣ бо техникаҳои ҳамакораи муосир мусоидат менамояд.
Бо мақсади сари вақт ва босифат гузарондани киштукори баҳорӣ нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати хариди тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ қисмҳои эҳтиётии техникаҳо ва сӯзишворӣ таҳия шудааст.
Соли сипаришуда кишоварзон дар натиҷаи истифодаи тухмии хушсифат, васеъ намудани майдони кишт ва истифодаи усулҳои пешқадами нигоҳубини зироатҳо ҳосили баланд ба даст овардаанд. Истеҳсоли ғалла ва лӯбиё ба 5386, зироатҳои техникӣ 72, сабзавот 6965, мева 4134 ва хӯроки чорво ба 137114 тонна расонда шуд. Аз 908 гектар 21116 тонна картошка рӯёнида шуд, ки ба ҳар гектар 232,5 сентнер рост меояд. Дар 37 гектар боғи нав бунёд гардид.
Шумори оилаҳои занбӯри асал 300 адад афзуда, истеҳсоли асал, 93,5 тоннаро ташкил дод.
Барқарорсозии пули дарёчаи Шӯрак имкон дод, ки 50 гектар замини мавзеи Дашти Боқӣ обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид шавад.
Барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кору коҳиши сатҳи камбизоатӣ бунёди корхонаву коргоҳҳо ривоҷ ёфтааст. Соли гузашта аз ҳисоби соҳибкорон 5 иншоот, аз ҷумла корхонаи тунукасозӣ, коргоҳҳои чӯбу тахта, хишти сементӣ, ошхона ва мағоза ба истифода дода шуд. Аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Нилоб” ва созмони байналмилалии “Фидокор” ҷиҳати дастгирии оилаҳои муҳоҷир 6 лоиҳа, аз ҷумла таъсиси 2 коргоҳи қаннодӣ, хоҷагиҳои парвариши паранда ва чорвои хурду калон ба маблағи 153 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид.
Аз тарафи соҳибкорон 2 толори варзиш бунёд гардида, сохтмони корхонаҳои дару тирезаҳои пластикӣ, маҳсулоти нонӣ ва толори варзиш идома дорад. Барои таъсиси корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ таҷҳизот оварда шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар 12 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
 Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2016    №: 37    Мутолиа карданд: 449

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед