logo

фарҳанг

АЗ ХАЁЛОТИ РАНГИН ТО ТАРҲҲОИ ДИЛНИШИН

Сухан дар боби чеварони тоҷик меравад
Халқи тоҷик чун дигар мардуми соҳибтамаддуни дунё ба анъана ва расму ойинҳои худ эҳтиром мегузорад. Чунин арҷгузорӣ, аз ҷумла дар ороиш ва нақшу нигори сару либоси миллӣ баръало эҳсос мешавад, ки бешак дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли ҷавон ва эҳтиром ба санъату ҳунари аҷдодӣ метавонад саҳми бориз дошта бошад. Бахусус зардӯзӣ, санъати хос ва миллие, ки занҳои тоҷиконро на танҳо дар ороиши зардевориву қолинҳо, кафшу ҷома, тоқӣ ва болишту гаҳворапӯш, балки дар оро додани пироҳан хеле фаровон ва бо завқи том истифода мебаранд.
- Солҳои охири асри гузашта истифодаи зардӯзӣ дар ороиши пироҳанҳои занона ба авҷи аъло расида буд, - мегӯяд чевари чирадаст Шарифамо Назарова ва меафзояд, - барои як давраи муайян таваҷҷуҳ ба он қариб, ки аз байн рафт. Хушбахтона, аз оғози солҳои 2004 - 2006 дубора ин навъи санъат ҳаводорони зиёд пайдо намуд ва талабот ба маротиб афзуд. Фикр мекунам, сабаби эҳёи ҳунари зардӯзӣ ин аз як тараф агар хоҳиши худи бонувон бошад, аз ҷониби дигар таъмини фазои сулҳу субот ва беҳбуди зиндагии мардум аст, ки бо душвориҳои зиёд ба давлату Ҳукуматамон даст дод. Агар сатҳи зиндагӣ беҳ шавад, ҳисси зебопарастӣ дар бонувон зиёд мешавад, дар акси ҳол, не. Танҳо пешниҳоде дорам, ки зардӯзӣ бояд либоси маъмулии мо бошад, на мавсимӣ. Яъне, аксаран дар арафаи баҳор, хоса дар Наврӯз зардӯзиҳоро ба бар мекунанду ба қавле то баҳори дигар интизор менишинанд. Бояд тарроҳони касбӣ ҳамкории худро бо ҳунармандони тамоми манотиқи кишвар роҳандозӣ кунанд ва онҳоро барои ба ин пеша машғул шудан дилгарм созанд. То имрӯз аксар ҳунармандони зардӯз танҳо барои худу наздикон ва қариб, ки бе гирифтани ҳаққи хизмат заҳмат мекашанд. Бояд ба онҳо дуруст фаҳмонда шавад, ки ин ҳунари нодир сарчашмаи хуби даромад барои як оила низ шуда метавонад. Пеши роҳи ин ҳунармандро кушодан лозим аст, ки аз самтҳои сиёсати созандаи Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Мақомоти маҳаллӣ бояд масъул бошад, то бонувони чирадасти ин ё он ноҳияву деҳаро дар вилояту берун аз он шиносанд, зеро обрӯи ҳамин як ҳунарманд, обрӯи шаҳру ноҳия ва мардумони он низ ҳаст.
Намуди дигари ороишоти сарулибос гулпартоӣ дар гиребону остин ва шерозабандист, ки имрӯз бо номи «вишивка» мӯд шудааст.
- Ин намуди ороиш нисбатан тоза ба вуҷуд омада бошад ҳам, писанди занони тоҷик гардидаву ба табъи нозуки онҳо созгор афтодааст, - шарҳ медиҳад Ш.Назарова. Ин намуди ороиш аз тарроҳ истеъдоди баланду хаёлоти нозукро тақозо дорад. Алҳол духтарони зиёде ин касбро меомӯзанд, - меафзояд ӯ.
Аврупоиҳо тарзи ороиши сарулибоси миллати тоҷикро бо нақшу нигорҳои аҷиб баҳои баланд медиҳанд. Мо инро аз забони худи онҳо шунидаем. Зеро вақтҳои охир ба коргоҳи дӯзандагии мо меҳмонони хориҷӣ зиёд ташриф меоранд ва ба либосҳои мо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Онҳо мегӯянд,  ки либоси тоҷикӣ занонро ҳусн меафзояд. Бахусус, зардӯзӣ намунаи олии ҳунари чеварист.        
Пас чаро мо – соҳибони ин фарҳанги бойи аҷдодӣ онро дастгирӣ накунему таҳким набахшем?!

Сарвиноз ШОДМОНОВА,«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2016    №: 38    Мутолиа карданд: 503

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед