logo

маориф

У. Қурбон: «ОБОДИИ ДОНИШГОҲ АЗ ОБОДИИ ТОҶИКИСТОН АСТ»

Ҳанӯз даҳ сол қабл «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои солҳои 2006 - 2015» таҳия гардид, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006 тасдиқ шуд.
Мақсади асосии барнома фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани раванди босифати таълим, таҳкими базаи моддию техникӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муосир, дастрасӣ ба китобу дастурҳои илмиву таълимӣ, таҷҳизоти таълимиву озмоишӣ, таъмиру азнавсозии биноҳои таълимию маишӣ ва баланд бардоштани маоши омӯзгорон буд.
- Яке аз воқеаҳои муҳимтарини соли гузашта дар ҳаёти донишгоҳ ин ҷамъбасти бомуваффақияти барномаи мазкур маҳсуб меёбад. Зеро давоми солҳои зиёд баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ягона муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ, ки ҳамагӣ 4 ҳазор донишҷӯро ба таълим фаро мегирифт, барои касбомӯзии табибони оянда шароити мусоидро надошт. Ҳамчунин, воситаҳои таълимӣ намерасиданд, биноҳои таълимӣ таъмирталаб ва дар ҳолати ногувор қарор доштанд. Зарурати кушодани бахшу сохторҳои нави ҷавобгӯ ба замони муосир ба миён омада буд. Илова бар ин, донишгоҳ барои пурсамар гузарондани ҷараёни таълиму тайёр кардани кадрҳо ба теъдоди ҳадди ақал мизу курсӣ, тахтаи синф ва маводи зарурӣ барои гузарондани таҳқиқоти илмӣ, аз қабили реактивҳо, таҷҳизоти тиббӣ эҳтиёҷ дошт. Аз сабаби нарасидани маблағи зарурӣ онҳо дастрас намегардиданд. Аз ҳамин лиҳоз, корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар сатҳи паст қарор доштанд, - иброз дошт Убайдулло Қурбон, ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино зимни суҳбат.
Ба андешаи ӯ, маҳз баҳри ҳарчи зудтар ба низом даровардани масоили мазкур комиссияи бонуфузи давлатӣ таъсис ёфт ва роҳҳои ҳалли онҳоро, ки минбаъд боиси баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мегарданд, муайян намуд.
Афзун намудани маблағгузории донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои хусусӣ, сарпарастон, грантҳо ва дигар сарчашмаҳои  ғайрибуҷавӣ низ ҳадафҳои асосии барнома маҳсуб меёфт.
Дар ин марҳала маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет ва маблағҳои хусусии донишгоҳ нисбат ба давраи солҳои 1996-2005 43 маротиба зиёд гардида, ба 250 миллион сомонӣ расид. Агар дар соли 2005 музди миёнаи меҳнат ба як воҳиди корӣ ба 58 сомонӣ рост меомад, ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба 1173 сомонӣ расид.
Убайдулло Қурбон ёдовар шуд, ки бар асари нооромиҳои солҳои навадум аз нуҳ хобгоҳ фақат дутои он дар ихтиёри донишгоҳ монда буд ва бо сабаби таъмирталаб гаштанашон дар онҳо низ имкониятҳои  одитарини зист вуҷуд надошт.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар давоми солҳои 2008-2011 чор хобгоҳ баргардонда шуд, ки аз ҷониби донишгоҳ таъмир ва бо лавозимоти маишию таълимӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Ҳоло беш аз 1700 нафар бо ҷойи зист таъминанд. Дар натиҷаи беҳтар гаштани базаи моддию техникӣ ва дарёфти манбаъҳои нави маблағгузорӣ дар ин давра 27 марказ, аз ҷумла Маркази ягонаи тестӣ, таҳсилоти баъдидипломӣ, ташхисӣ - табобатӣ, тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ, омӯзиши малакаҳои амалӣ6 таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ карданд.
Моҳи сентябри соли 2008 донишгоҳ барои маҳорати баланди касбии ҳайати омӯзгорон аз тарафи Ассамблеяи бизнеси аврупоӣ ба гирифтани Ҷоизаи байналмилалии «Сифати аврупоӣ» сазовор гашт.
- Маҳз дар доираи амалисозии ин ҳуҷҷати муҳим тӯли даҳ соли охир донишгоҳ ба як қатор комёбиҳои назаррас муваффақ гашт. Имрӯз хатмкардагони донишгоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар муваффақона фаъолият доранд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки донишгоҳ он нуфузе, ки дар замони шӯравӣ дошт, барқарор кард, - иброз дошт Убайдулло Қурбон ва афзуд, ки соли 2009 донишгоҳ барои фаъолияти арзандааш дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2013 барои фаъолияти панҷсолаи пурмаҳсулаш бо Ҷоизаи Бонки Исломии Рушд қадршиносӣ шуд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2016    №: 38    Мутолиа карданд: 725
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед