logo

иқтисод

САРИ ХОСОР. ЧӢ ТАВР ПАРВАРИШГОҲИ НОМИРО ИТТИҲОДИЯИ АГРОСАНОАТИИ ХОВАЛИНГ ФУРӮ БУРД?

Сари Хосор – яке аз мавзеъҳои зеботарини мамлакат аст, ки боигарии олами набототу ҳайвоноташ кайҳо диққати олимону муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст. Маҳз бо пешниҳоди олимон барои ҳифзи табиати мафтункунандаи ин диёр дар масоҳати 40 ҳазор гектар парваришгоҳи комплексии Сари Хосор таъсис ёфта буд.
Имрӯз ҳам набототи даббоғӣ, доруворӣ ва ороишӣ, дарахтони нодир, аз ҷумла бурсҳои (арчаҳои) азимҷусса чун ёдгории ботаникӣ ҷаҳониёнро ба ҳайрат мегузорад. Як бурси азимҷуссаи Сари Хосор бо баландии 30 метр ва ғафсии 7,12 метр беш аз 1000 сол умр дорад. Набототи ин мавзеъ хӯроки чорво, серғизо ва фаровон аст. Вобаста ба таъмин будани ғизо, махсусан ҳангоми пухтани меваҳо фаслҳои тобистону тирамоҳ дар ин мавзеъ намудҳои гуногуни ҳайвоноти нодир, ба монанди хирс, хуки ваҳшӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, (оҳу) силовсин, шерпаланг ва аз парандаҳо кабки дарӣ ва кафтар вомехӯранд. Мутаассифона, пешрафти техника ва технологияи навин, аз худ кардани замин ва афзоиши аҳолӣ таъсири манфии инсон ба хок (авҷ гирифтани эрозия), нобудшавии набототу ҳайвонот ба ин мавзеъ таъсири манфӣ расонд. Ҷамъоварии меваҳо минбаъд коҳиш ёфт. Дарахтшинонӣ ва густариши мевабоғҳо авҷ нагирифт. Мувофиқи нишондоди расмии давлатӣ, солҳои пешин Сари Хосор ба давлат зиёда аз 300 тонна чормағз ва даҳҳо тонна меваҳои дигар месупурд. Бо дархости мутахассисони дохилию хориҷӣ боигарии чарогоҳҳои табиии ин диёр барои густариши чорводорӣ мусоид дониста шуда, барои амалисозии ин дархост иттиҳоди агросаноатии Ховалинг дар масоҳати 400 ҳазор гектар ташкил ёфт, ки  чарогоҳҳои табиии Сари Хосорро низ дар бар гирифт. Роҳбарияти онвақатаи давлатӣ умед доштанд, ки рушди чорводорӣ боиси афзудани истеҳсоли гӯшт ва баландшавии сатҳи зиндагии мардуми кишвар мегардад. Ин орзу ҷомаи амал напӯшид ва танҳо боиси харобии мевабоғҳо ва нобудшавии чарогоҳҳои табиӣ гардид. Парваришгоҳи Сари Хосор ба коми иттиҳоди агросаноатии Ховалинг фурӯ рафт. Ин муассисаи илмӣ - таҷрибавӣ аз фаъолият бозмонд, нақшаҳои дурбинонаи парваришгоҳ «зери суми чорво»  монданд. Назоратчиёни табиат хомӯшӣ ва бетарафиро пеша карданд, парваришгоҳ амалан аз кор монд. Эҳёи Сари Хосор бенизом, бе нақшагирии пешакӣ, бидуни ба инобат гирифтани мушкилоти экологӣ сурат гирифт, ба ҷои деҳаҳои куҳна деҳаҳои нави бардавоми геоботаникӣ бунёд шуданд. Барои сохтмони манзили зист ва таъмини эҳтиёҷот ба сӯзишворӣ аз дарахту буттаҳои атроф васеъ истифода намуданд. Аксари парандаю ҳайвонҳо ва олами наботот аз тиру туфанг ва табари тези бархе аз шаҳрвандони бехирад несту нобуд шуданд. Шикорчиёни ғайриқонунӣ ба кормандони хоҷагии ҷангал эътибор надода, бо истифода аз сагони шикорӣ ва силоҳи оташфишон миқдори зиёди хук, хирс ва бузҳои ваҳширо шикор карда, гӯшти онҳоро ба бозор мебурданд.
Ҳамин тариқ, экосистемаи табиӣ рӯ ба харобӣ овард. Бо таассуф изҳор менамоем, ки минбаъд ташкили парваришгоҳ, мамнуъгоҳ ва иттиҳодияи агросаноатӣ на ба ҳифзи табиати ин мавзеъ ва на ба шароити иқтисодию иҷтимоии сокинон таъсири мусбат нарасонд.
Ба ҳар ҳол, ин мавзеъ чанде аз аломату хосиятҳои табиии худро маҳфуз нигоҳ доштааст. Аз ин рӯ, месазад, ки ин гӯшаи биҳиштосои  Тоҷикистонро ҳифз ва корҳои барқарорсозии онро вусъат бахшида, аз боигариҳои табиати он самаранок истифода барем. 
Алъон ҳудуди боғи табиӣ бо афзудани заминҳои киштшаванда торафт танг, масоҳати чарогоҳҳо маҳдуд, дарахт ва ҳайвоноти дохилии он кам мешаванд. Барои беҳбудӣ бахшидан ба вазъи ин гӯшаи нодири табиат ташкили сайрхатҳои сайёҳӣ, таҳияи нақша ва барномаи мушаххаси рушди боғот ва беҳтар намудани шароити кору таҳқиқоти кормандони он ба манфиат хоҳад буд. 
Боғи табиӣ бояд ба парваришгоҳ ва ҳатто мамнуъгоҳ табдил ёбад.
Умед аст, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаи туризми байналмилалӣ эълон намудани ҳудуди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи ин табиати нотакрор мусоидат хоҳад кард.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2016    №: 38    Мутолиа карданд: 630

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед