logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ШУКӮҲИ ТОЗА МЕГИРАД

Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ба ҷашни Наврӯзи байналмилалии имсола дар кишвар шукӯҳи тоза мебахшад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин нахустин ҳамоиш маҳсуб меёбад. Он бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба нақшаи кории имсолаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ворид шуд.

Соли 1967 дар кишвари мо Симпозиуми байналмилалии шеъри форсӣ баргузор гардида буд, ки аз ин ҳамоиш, албатта, бо вижагиҳои худ тафовут дорад. Тавре аз номи ҳамоиши нав бармеояд, он ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иртибот дорад ва доираи фарогирии кишварҳо зиёд мебошад, албатта, бо шумори адибон низ.
Мусаллам аст, ки ин ҳамоиш на танҳо барои идомаи анъанаҳои нек, суҳбатҳои касбӣ, рушди шеъри кишвар имкони мусоид фароҳам меорад, балки дар муаррифии кишвари азизи мо дар хориҷ мусоидат менамояд. Ба ҷуз ин, ҳамоиши мазкур замина фароҳам меорад, ки чунин як чорабинии муҳими фарҳангию сиёсӣ дар дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯзи байналмилалӣ доир бигарданд. Бад - ин васила бисёре аз расму ойинҳои наврӯзӣ дар тамоми ин манотиқ рушду густариш меёбанд. Тараннуми Наврӯзи хуҷастапай дар ашъори шоирони қаламрави мазкур бештар мегардад.
Дар назар аст, ки 20 март дар Кохи Борбад ин ҳамоишро доир бикунанд. Маҳфилҳои шеъру адаб низ дар манотиқи гуногуни кишвар баргузор мешаванд. Ба ин муносибат нашри китобҳои адибони кишвар ва ашъори шоирони ҳавзаи Наврӯзро ҳам ба роҳ мемонанд.
Ба иттилои Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба таҷлили Наврӯзи кишвар ва ҳамоиши мазкур меҳмонон аз 22 мамлакат даъват шудаанд. Рӯзе пештар аз ин ҳамоиш дар Академияи илмҳо Симпозиуми байналмилалӣ оид ба Наврӯз баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар шинохти илмии иди миллӣ, яъне Наврӯз бештар мусоидат мекунад.
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ситоди ҳамоишро таъсис доданд ва он фаъолияти чашмрас дорад.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2016    №: 38    Мутолиа карданд: 523

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед