logo

сиёсат

Ӯ, ВОҚЕАН, АРЗАНДА АСТ

Пешвоёни асили миллатҳои ҷаҳонро истеъдодҳои фитрие ниҳон аст, ки дарку фаҳми он на ҳамаро даст медиҳад. Ҳамзамон онҳо бо фарогирии тамоми соҳаҳо ва ҳалли муаммову мушкилоти мавҷуда дар рушди кишвар, беҳбудии зиндагии шаҳрвандон, бешак, саҳми чашмрас мегиранд. Ин ҳама то ҷое сурат мегирад, ки нигоҳҳо ва фаҳмҳо ба нуқтаи ниҳоии он намерасанд. Аз ин рӯст, ки бархе дар ҳоли тааҷҷубу ҳайрат мепурсанд: «Оқибати ин иқдому корҳо ба чӣ меанҷомад?».

Агар ба гузаштаи начандон дури ин кишвари ҷангзадаву хароб бинигарем ва аз фаъолияти густурдаву ғамхоронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дуруст бияндешему онро мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор бидиҳем, ҳароина маълум мегардад, ки ӯ, воқеан, Пешвои арзандаи ин миллат аст. Ин унвону мақоми баланду шоиста танҳо бар ӯ созгор мебошад.
Дар он рӯзгори басо вазнин аксар шаҳрвандон ҳатто наметавонистанд ба ояндаи нек умед бубанданд. Аҳли ҷоҳ ва бисёре аз сарварон ба барқарории  сулҳу шукуфоии кишвар ҳеҷ бовар надоштанд. Ҳатто бархе мепиндоштанд, ки кишваре бо номи Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон маҳв мегардад. Бо тасаввуру ба ёд овардани ин ҳолатҳои ногувор қимати суханону раҳнамоиҳои дурусту хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боз бештар аз пештар ва беҳтар дарк мешавад.
Дар ҳоле ки ба хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, даъвати гурезаҳо, рафъи кинаву адоват ва дигар корҳои басо муҳим машғул буду тамоми неруву донишашро сарф мекард, бемориҳои гуногуни сироятиву хуруҷкунанда дар мамлакат доман паҳн карданд. Ин ҳама, албатта, хусусияти ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ҳар кишвар аст. Аммо дар мамлакати мо баъзе аз ин бемориҳои сироятӣ чун ҷанги шаҳрвандӣ таҳмилӣ буданд. Чӣ бояд кард? Мо – мутахассисон бояд рӯирост иқрор бишавем, ки ба ин пурсиш ҷавоб надоштем. Ба ҷуз ин бовар намекардем, ки дар он рӯзгор бе мавҷудияти маблағҳои зиёд бо ин бемориҳои паҳнгардида дар як вақт мубориза бурда метавонем. Роҳҳову усулҳои табобати баъзе аз онҳо барои аксар мутахассисон як муддати муайян маълум набуд. Ба ҷуз ин доруву ваксинаҳои зарурӣ намерасиданд. Даҳшати ин ҳама аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ камтар маҳсуб намеёфт. Бемороне, ки зуд ба табобат фаро гиифта намешуданд, фавҷ - фавҷ аз дунё дармегузаштанд. Хавфи қатъи робитаҳо вуҷуд дошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ низ дар он вазъи душвору мураккаб таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Бо дастгирӣ, дастуру роҳнамоиҳои ӯ тавонистем, ки аз мушкилоту ҳолати ногувор раҳоӣ биёбем ва соҳаро ба соҳаи пешрафта табдил бидиҳем.
Президенти мамлакат аз оғози фаъолияти пурсамараш ҳамасола барои рушди соҳаи тандурустӣ маблағҳои заруриро ҷудо месозад. Ҳолиё дигар ҳатто он бузургтарину пешрафтатарин муассисаҳои тандурустиро, ки танҳо дар замони сарварии ӯ бунёд ёфтаанд, бо ангушт шумурдан мумкин нест. Ин муассисаҳо бо технологияи ҳозиразамон ва мутахассисон таъминанд.
Бо тамоми масъулият ва ҳамзамон ба шукргузорӣ мо – табибон гуфта метавонем, ки дар ин пеш аз ҳама ҳиссаи бузургу бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Воқеан, солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид мешавад. Ин имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар гардад. Аз ҷумла, чанде пеш дар пажӯҳишгоҳи мо бо таъсиси шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй чунин таҷҳизотро ворид намудем ва он мавриди истифода қарор гирифт.
Мувофиқи раҳнамоии Сарвари давлат яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Дар баробари ин, Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳанӯз ҳам мутахассисони таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода мебурда хеле каманд. Барои рафъи ин мушкилот моро зарур аст, ки дуруст ва сари вақт бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва сипосгузорӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат тадбирҳо бияндешем.

Маҳмадулло ҚОСИМОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи
илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй,
Сафовиддин ҲАҚНАЗАРОВ,
табиб – ортопед-импантолог


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2016    №: 38    Мутолиа карданд: 380

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед