logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АФСАРОНИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОНА ТАҚДИМ КАРД

22 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 - юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дод.

Фармоишгари асосии бунёди бинои боҳашамат, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз гардида буд, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил - 2012” сохта шуд.
Баъди ифтитоҳи бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои аввал бо шароити зист шинос шуд.
Бинои истиқоматӣ аз 18 хонаи сеҳуҷрагӣ ва 27 дуҳуҷрагӣ иборат буда, бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ қариб 15 миллион сомониро ташкил дода, он дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи лоиҳаи бунёди бино, сифати кори сохтмончиён ва ороишу таҷҳизонидани ҳуҷраҳо бо ашёи рӯзгор баҳои арзанда дод.
Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуда, онро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлили 23 - юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ маънидод кард.
Имрӯз 45 оилаи муҳофизони сарбаланду сарфарози Ватан, ки аъзои он дар маҷмӯъ беш аз 240 нафарро ташкил мекунад, бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили зист шуд.
Афсарон ва кормандони Вазорати мудофиа дар ҷавоб ба ин иқдоми хайри Роҳбари хеш изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти он содиқона хизмат мекунанд.
Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ, шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар гардида, артиши кишвар баробари муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти ҷангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардидааст.
Таъмини афсарону дигар хизматчиёни низомӣ бо манзили зист яке аз тадбирҳои неки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии афсарон ва дигар хизматчиёни Артиши миллӣ аст, ки бо шарофати пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2016    №: 38    Мутолиа карданд: 449

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед