logo

иқтисод

ШАҲРОФАР. БИНОҲО БОЯД ЗЕБО ВА ЗАМОНАВӢ БОШАНД

Ҳар биною иншооте, ки дар шаҳру шаҳракҳои мамлакат қомат меафрозанд, пеш аз ҳама маҳсули ҳунари лоиҳакашу меъморон аст. Маҳз онҳоянд, ки шаҳрҳои моро биноҳои оростаю пероста зебу оро медиҳанд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» яке аз чунин муассисаҳоест, ки кормандонаш бо лоиҳаҳои замонавии худ шаҳрҳои ҷумҳуриро тарҳи наву тоза мебахшанд.
Бахтиёр Эшонов, сарвари ин корхонаи лоиҳакашӣ, аз фаъолияти мутахассисон ва корҳои анҷомдодаву тарбияи мутахассисони ҷавон чунин изҳори назар кард:
- Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин хотир, ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳои бинову иншоот, сарфи назар аз таъйиноти онҳо, барои кору фаъолият ва зиндагии шаҳрвандон шароити қулай доштанро ба назар мегирем. Ҳангоми кашидани лоиҳаҳо меъёрҳои махсуси миллӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудаанд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни лоиҳасозӣ шароити табиии маҳали ҳар  иншооти тарҳрезишаванда амиқ омӯхта шуда, аз ҷойгиршавии бино то ба масолеҳи борбардору ороишӣ бо минтақаи сохтмонӣ мутобиқ карда мешавад. Дар мавриди таҳияи лоиҳаҳои замонавӣ ба истифодаи васеи санъати меъмории миллӣ, масолеҳи баландсифати сохтмон диққати махсус зоҳир мешавад, ки ба намои шаҳру ноҳияҳо ҳусни тоза мебахшад.
Ҳангоми ҳисобҳои конструктивии бино ба зилзилатобоварию фурӯнишинии он диққати махсус дода мешавад. Дар ин маврид мо аз барномаҳои махсус барои ҳисобҳои муҳандисии биноҳо ба зилзилатобоварию фурӯнишинии Лира ва Etabs-и иҷозатномадор бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба истифода мебарем. 
Бояд зикр намуд, ки сарфаи энергия яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба сатҳи некуаҳволии шаҳрвардон мусоидат мекунад. Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои каммасраф бо роҳи кам кардани сарфаи энергия рақобатпазирии тиҷоратро таъмин намуда, барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарур мебошад.
Бинобар ин, пас аз ба тасвиб расидани Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи табдирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия»  мо онро дар иншооти хурду бузурги кишвар роҳандозӣ намуда истодаем.
Мо хуб медонем, ки амалҳои созандаву бунёдкорона ва эҷодкориву офарандагӣ фазилати муҳимтарину хосаи миллати тоҷик буда, ҳунару санъати шаҳрсозӣ аз умқи асрҳо сарчашма мегирад.
Масъалаи тайёр намудани меъморон, кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони дигар соҳаҳо барои кору фаъолият дар маркази таваҷҷуҳ буда, сафи кормандон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, донишгоҳҳои соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷалб намудани мутахассисони варзида зиёд мегардад. Бо ин мақсад то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои зарурӣ мавриди амал қарор доранд ва барои бо усули устод - шогирд тарбия кардани мутахассисон аз кормандони варзидаю таҷрибадор вобаста мебошанд.  
Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки соҳибкасбонро вобаста ба талаботи замон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ва дунявӣ тарбия намуда, барои иштироки онҳо дар иҷрои корҳои муҳими истеҳсолӣ шароити мусоид фароҳам оварем.

У. МУРОД,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 454

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед