logo

фарҳанг

ОСОРХОНАИ ГУРМИНҶ

Соли  2003  дар  рӯзномаи  «ASIA – PLUS»   мақолае  таҳти  унвони «Шопен Памира»  нашр  шуд.   Муаллифи  матлаб  нависанда  ва  сайёҳи  фаронсавӣ   Жак  Гаргошен  буд  ва  баъдан  он аз  ҷониби ҳамсараш Шарлин   ба  забони  англисӣ  тарҷума  шуд.  Нависандаи  фаронсавӣ  истеъдоду  маҳорати  ҳунарии  Гурминҷро  аз  нигоҳи  коршинос – воқеанигор  холисонаву  самимӣ  ба  қалам  ва нисбат  ба осорхонаи  муназзаму  муҷаҳҳаз  кардаи  ҳунарпешаи  шинохта  баҳои  баланд  додааст.

Баъдтар  ин  мақоларо  таърихшиноси  тоҷик  Камол Абдуллоев  ба  забони  русӣ  тарҷума  намуд.  
Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков на он  қадар калон,  аз  4 -  ҳуҷра  иборат буда, дар ҳуҷраи аввал китобҳо, дипломҳо, сипосномаҳо,  ҳуҷҷатҳо, аксҳо ва сафҳаҳо аз суханрониҳои  Гурминҷ гирд  оварда  шудаанд.
Дар  бахши  дигари  осорхона, ки  соли  1993  таъсис  ёфтааст,  асбобҳои  мусиқӣ,  аз  ҷумла  58 намуд рубоб, 32 намуд  най, 1 пионина, 6 навъи  асбоби  зарбӣ, 6 намуд аккордеон,  чилтору  ғижаку  дафҳои  гуногун,  ҷой  дода  шудаанд.  Ин ва дигар ашёи замонҳои гузашта   ба  ҳусни осорхона таровату зебоӣ  мебахшанд ва ҳангоми  тамошо гӯё  бесухан  дар  бораи дили  бузурги  Гурминҷ  Завқибеков  ҳарф  мезананд.
Ба осорхона  сайёҳони  хориҷӣ  низ  ташриф  меоранд.  Ҳангоми  боздид, мо бо  чанд  нафар  сайёҳ аз шаҳри  Анқараи Туркия вохӯрдем,  ки  бо завқ  ҳар  гӯшаи онро тамошо  мекарданд ва  баъзе  асбобҳои  мусиқиро ба даст  гирифта  менавохтанд.
Санъаткори  шинохта  Аҳмадбек  Давронов  арз  намуд,  ки  воқеан  ҳам  Рӯшонзамин  бисёр  санъаткорони  асилро  парваридааст ва  барои  рушду  такомули  санъати  тоҷик   хизмати  шоиста  намудаанд.  Гурминҷ  Завқибеков  нишонаи  барҷаста  ва  ситораи  пурҷилои  он  аст.    
Гурминҷ  Завқибеков аз мактаб - интернати  шаҳри  Хоруғ то Донишкадаи театрӣ - рассомии ба номи А. Островскийи шаҳри  Тошкент омӯхтаву нозукиҳои санъатро аз бар намудааст.
Ӯ дар бисёр филмҳо, ба монанди «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Ҳасани аробакаш», «Рустам ва Суҳроб», «Шаб ва  ситораҳо», «Салом, одами  хуб» ва  ғайра  нақш  бозида,  бо образҳои  ҷолиби  офаридаи  худ  дили  тамошобинонро  тасхир  карда,  чун  ҳунарманди  воло  аз  тарафи  коршиносону  мутахассисони  соҳа  баҳои  баланд  гирифтааст. 
Имрӯз ҷавонону наврасон дар осорхонаи Гурминҷ Завқибеков навохтани асбобҳои  мусиқиро ёд  мегиранду ба ташкилсозандаи он ташаккур  мегӯянд. 
Устод дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон  мебошад. 
Бо хоксорӣ ва ширинбаёниаш миёни мухлисон, дӯстон ва наздикон Гурминҷ Завқибеков  шуҳрат  дошт.  Гули  сари  сабади ҳар  маҳфил  буд. Осорхонаи ӯ ёдгории мондагорест аз  ниёкони  тамаддунофар  ва  нишоне аз ҳунарпешаи  зиндаёд.

 Маърифат РАҲМОНШОЕВА, 
 донишҷӯи факултаи 
журналистикаи ДМТ  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 593

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед