logo

иқтисод

АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАР ИСТИФОДАИ ОН ҲАНӮЗ ҲАМ КАМБУДИҲО ЗИЁДАНД
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ҳамчунин вазифадор аст, ки истифодаи дуруст ва  риояи тартиби  муқарраршудаи  амволи давлатиро дар корхонаю муассисаҳо назорат кунад.
Ин вазифаи пурмасъулиятро Хадамоти назорати давлатии истифодаи  амволи давлатӣ ба зимма дорад.
Саид Зуҳурзода, сардори хадамоти мазкур дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома аз бурду бохти он чунин гуфт:

- Истифодабарии моликияти дав-латӣ дар корхонаю муассисаҳо, таъмини иҷрои шартномаҳои иҷораи басташуда бо субъектҳои хоҷагидор, самаранок истифода бурдани  масоҳатҳои ишғолнамудаи вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлатӣ аз тарафи кормандони хадамот мавриди санҷиш ва таҳлил қарор мегиранд. Соли гузашта ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ, инчунин риояи тартиби ба иҷора додан ва аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ дар 440 субъекти хоҷагидор санҷида  шуда, дар 420 субъекти он санҷишҳо ба итмом расиданд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар баъзе корхона ва ташкилотҳо баҳисобгирии амволи давлатӣ аз рӯи рақамҳои инвентарӣ ташкил нашуда, барӯйхатгирии амволи давлатӣ (воситаҳои асосӣ) тибқи тартиби муқарраргардида гузаронда нашудааст. Чунин камбудиҳо дар Корхонаи воҳиди давлатии Аэрогеодезии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҳисор, Муассисаи давлатии зотпарварии ба номи Туйчӣ Эрйигитови ноҳияи Ашт, Мактаби муттаҳидаи техникии “Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Қайроққум, КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Литсейи касбӣ муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ошкор гардиданд.
Воситаҳои асосие, ки дар тавозуни корхонаҳо ба қайд гирифта нашуда буданд, мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” бо нархҳои бозорӣ арзёбӣ гардида, дар баланси корхонаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки номгӯйи онҳо 1238 адад ва арзиши умумиашон 14,7 миллион сомониро ташкил дод. Ҳамзамон муқаррар гардид, ки дар баланси корхонаҳои санҷидашуда амволи давлатӣ (воситаҳои асосӣ ва асбобҳои камарзишу тезхӯрдашаванда) аз рӯи таъйинот ва мазмуни иқтисодиашон нодуруст ба қайд гирифта шудаанд. Дар рафти санҷиш ин камбудиҳо бартараф  гардида, 6670 амволи давлатӣ ба маблағи зиёда аз 2,6 миллион сомонӣ ба гурӯҳи воситаҳои асосӣ гузаронда шуданд.
Чунончи ҳангоми гузарондани санҷиш дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” маълум гардид, ки 27 ҳолати фурӯши амволи ҷамъият бе розигии саҳмдорон амалӣ гардидааст ва бо мақсади ба танзим даровардани ҳолати фурӯши амволи ҷамъият, ки дар он ҳиссаи давлат мавҷуд аст, инчунин барои ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷет бо дастури хадамот фарқияти фурӯш ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби ғайриқонунӣ истифодабарии амволи давлатӣ 36,8 ҳазор сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда шуд.
Дар корхонаҳои санҷидашуда бо назардошти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳое, ки назорати онҳо мутобиқи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ ба зиммаи хадамот вогузор гардидааст, аз 50 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 46 парванда баррасӣ  гардида,  43960  сомонӣ ҷаримаи таъйиншуда аз ҳисоби ҳуқуқвайронкунандагон ба буҷети давлат интиқол гардид.
Имрӯз ҳам баҳри он саъю талош дорем, ки сиёсати давлатиро дар самти нигоҳдорӣ ва истифодаи пурсамари амволи давлатӣ хубтару беҳтар роҳандозӣ кунем.

М. УБАЙДУЛЛО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 466

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед