logo

мулоқотҳо

Дар Тоҷикистон баробарҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ риоя мешавад

2 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкории  Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ  Кнутт Воллебекро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон баррасӣ ёфтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон дар баробари миллати таҳҷоӣ – тоҷикон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, намояндагони қариб 120 миллату халқият зиндагӣ доранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки меъёрҳои баробарҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ дар ҷомеа пурра риоя мешаванд ва ба   маҳдудкунӣ аз рӯи мансубият ба миллату нажод  роҳ дода намешавад.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи пурсиши иҷтимоии  Маркази иттилоотию таҳлилии «Ҷамъият дар пешрафт» оид ба ин мавзӯъ ёдоварӣ шуд, ки мутобиқи он 81,6 дар сади мусоҳибон муносибатҳои миёни тоҷикон ва ақаллиятҳои миллии Тоҷикистонро дӯстона номидаанд.
Кнутт Воллебек изҳор дошт, ки Комиссариати олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ  омодааст, ба намояндагони миллатҳои камшумори Тоҷикистон баҳри дастрасии бештарашон ба таҳсилот ба забони модарӣ, ҳамчунин барои хубтар омӯхтани забони давлатӣ кӯмак расонад.
Ба гуфти Кнутт Воллебек, Комиссариати олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамчунин вазъи риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои намояндагони миллати тоҷикро дар дигар кишварҳо мавриди омӯзиш қарор додааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 482

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед