logo

сиёсат

МО ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРЕМ ДӮСТТАР

Чунин ба назар менамояд, ки тамоми ҷомеаи башарият бо қатъият бар зидди маҳву нобуд кардани терроризм ва экстремизм бархостааст, вале ҳар як давлат ё гурӯҳи давлатҳо ба тарзи махсуси худ ин зуҳуроти номатлубро муайян мекунад ва бар зидди он мубориза мебарад. Гоҳо чунин иттифоқ меафтад, ки як созмон аз ҷониби давлатҳои шарик террористӣ дониста мешавад, дар ҳоле ки айни ҳамин созмонро давлатҳои дигар ниҳоди муътадил ва муборизи ормонҳои миллии худ мешуморанд.
Аз ҳамин ҷиҳат, дар матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ба назари мо, консепсияи муносибати бунёдӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муайян гардид.

Якум, Пешвои миллат дар пайгирӣ аз мавқеъгириҳои пешинаашон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бори дигар иброз намуданд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Баръакс, тамоми зуҳуроти нангини террористӣ, ки ба онҳо тобиши динию мазҳабӣ медиҳанд, аслан ба дини мубини ислом ҳеҷ иртиботе надорад. Зулмати асримиёнагиро болои мардум таҳмил кардан бар зарари кишварҳои исломӣ ва умуман мусулмонони дунё аст, ки аз ҷониби душманони манфиатҷӯ роҳандозӣ мегарданд. 

Дуюм, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас истифодаи «сиёсати дугона» дар мубориза бо экстремизм ва терроризм созгор нахоҳад буд, зеро он на танҳо самараи дилхоҳ намедиҳад, балки боиси пайдо шудани ихтилофу нофаҳмиҳои нав гардида, авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Аз ин рӯ, «мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». 

Сеюм, масъалаи ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористию ифротгаро аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо сабаби бад шудани шароити зиндагии мардум, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва тарки ҷою манзил карда, дар роҳи муҳоҷирату саргардонӣ ҳалок шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдакон, шуда истодааст. Таҷриба нишон дод, ки истифодаи қувва ва зӯрӣ дар масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳо бо кишварҳои гуногун, аз як тараф, боиси осебпазир шудани истиқлолияти онҳо шуда бошад, аз тарафи дигар, сабаби афзоиши шаклу намудҳои гуногуни экстремизму терроризм, аз ҷумла дар пӯшишии динию мазҳабӣ гардид.

Чаҳорум, Пешвои миллат бо камоли масъулият ва шиддати нигаронӣ иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти нангину даҳшатафкан қарор дорад, зеро «ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд». Пӯшида нест, ки ҳатто ёдовар шудани ваҳшонияти рӯйдодҳои на он қадар дури ҷумҳурии азизамон ниҳоят тоқатфарсо аст ва он ҳамчун як саҳифаи сиёҳ дар таърихи навини мо боқӣ мемонад. Аз ин ҷиҳат, барои ислоҳи ин вазъи ногувор дар миқёси ҷаҳонӣ, бахусус олами ислом пешниҳод гардид, ки «таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда» тақозо карда шавад.

Панҷум, сабақи рӯйдодҳои номатлуби моҳи сентябр ва хусусияти давомдор касб намудани буҳрони сиёсию идеологӣ ва иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон ва минтақа қотеъона талаб менамояд, ки дар ҳолати омодабоши ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизу маҳбубамон бошем.

Шашум, дар Паёми имсола мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун ҷузъи таркибии мубориза бо терроризм ва экстремизм дониста шуд. Бори дигар таъкид гардид, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба даҳҳо миллиард доллар мерасад ва он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ гардидааст. Дар баробари ин, афзоиши бемории нашъамандӣ таҳдиди ҷиддие ба генофонди миллӣ эҷод карда истодааст.

Ҳафтум, барои муборизаи беамон бурдан бо таҳдиду хатарҳои муосир, яъне экстремизм ва терроризм Тоҷикистон ҷонибдори дар як самти меҳварӣ муттаҳид сохтани саъю талошҳои байналмилалӣ мебошад, зеро  сиёсати хориҷии он сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз аст. Кишвари мо ба принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд бартарӣ дода, хоҳони он аст, ки ҷаҳон «аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад».

Ҳаштум, вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақа, воқеан, тақозо менамояд, ки мо ватанро беш аз ҳарвақта дӯсттар дорему масъулиятшинос бошем. Имрӯз мо дар марҳалаи таърихие қарор дорем, ки татбиқи се ҳадафи стратегии ормонӣ ба густариши беандозаи эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ сахт ниёз дорад. Азми дурусту саъйи комил ва заҳмати аҳлонаи қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа алорағми вазъияти буҳронии иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон метавонанд таҳкими давлату давлатдории миллӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагӣ, рушди устувори иқтисодиёт ва шукуфоии сарзамини аҷдодиамонро таъмин намоянд.
Дар сархати Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр гардидани масъалаи густариши зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - экстремизм ва терроризм моро вазифадор менамояд, ки дар масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ваҳдати эътиқодӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ рафто¬ри содиқона ва софдилона анҷом диҳем.

Файзулло Баротзода,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 598

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед