logo

иқтисод

РУШДИ ЁВОН – 2015. РАҚАМҲОИ ГӮЁ

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2014-ум 190,8 миллион сомонӣ афзуда,  ба 1 миллиарду 492,9 миллион сомонӣ расид.
***
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 714 миллион ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 787,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс ба соли пешӣ мутаносибан 175,1 миллион ва  24,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

***
 Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет 123 дарсад таъмин гардид.

***
Деҳқонон дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 45 ҳазору 94 тонна ғалла, 10 ҳазору 258,8 тонна картошка, 68 ҳазору 340 тонна сабзавот, 35 ҳазору 680 тонна маҳсулоти полезӣ, 9243 тонна меваҷот ва 9290 тонна ангур истеҳсол намуданд, ки  101-109 дарсади иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

***
Пахтакорон хирмани иборат аз 25 ҳазору 454 тонна (баробари 101 дарсади дурнамо) “тиллои сафед” оростанд.
***
Хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 2 ҳазору 920 тонна маҳсули дастранҷи хешро ба хориҷи кишвар содир намуданд, ки  баробари 127 дарсади нақша мебошад.

***
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфуз аз 196 гармхона 160 тонна маҳсулоти барвақтӣ ва  сабзавоти тару тоза ба бозорҳо ворид карда шуд.

***
Вазъи мелиоративии 232 гектар замин беҳ гардонда шуд. Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ барои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои корами обии ноҳия бо харҷи 12 миллион сомонӣ корҳо оғоз меёбанд. Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ пас аз 50 соли истифода нақби обгузари ҳафтунимкилометраи Ёвон бори аввал таъмир гардид. 
***
Давоми солҳои охир бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ 24 корхонаи бузургу миёнаи саноатии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир бунёд ёфт. 
***
Корхонаи “Хуаксин Ғаюр Семент” 1 миллиону 84 ҳазор тонна сементи хушсифат истеҳсол намуд, ки нисбат ба соли гузашта ба маблағи 170 миллиону 443 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

***    
Бонувони  фабрикаи дӯзандагии “Ваҳдат” ба маблағи 2 миллиону 68 ҳазор сомонӣ 841,9 ҳазор ҷуфт ҷӯроби аълосифат истеҳсол намуданд. 
***
Ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 40 ҷойи кор, коргоҳи истеҳсоли хишти пухтаи “Ёсини Ёвон” бо 22 ҷойи кор ва корхонаи коркарди пахтаи “Сзинян Инхай Хуанфантсюй дар Тоҷикистон” бо иқтидори коркарди 20 ҳазор тонна пахта дар як сол бо 80 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

***
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар чор корхонаи нави саноатӣ - “Криолит” бо иқтидори истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 130 тонна кислотаи сулфат дар як сол (ба маблағи умумии 117 миллиону 70 ҳазор доллар) бо 500 ҷойи кор, “Джунгтсай Моҳир Семент” бо иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент бо таъсиси 800 ҷойи кор, навбати дуюми фабрикаи дӯзандагии “Ваҳдат” бо таъсиси 45 ҷойи кор ва корхонаи истеҳсоли гаҷкартони «Хаучиан Ғаюр Индостриал» бо таъсиси 150 ҷойи кор бомаром идома доранд.

Шуъбаи иқтисоди "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 368

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед