logo

сиёсат

БАШОРАТ АЗ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар робита ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки бо таҷассуми муҳимтарин дастовардҳо барномаҳои минбаъдаи давлатиро фаро мегирад, ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз шаҳрвандони касбу кори гуногун номаҳои зиёди ҳамовозӣ мерасанд. Аз муҳтавои номаҳои воридшуда бармеояд, ки сокинон аз нишондодҳои ояндасози Паём истиқбол намуда, ин ҳуҷҷати барномавиро дастури кори худ қарор додаанд.

Ҳабибулло ВОҲИДОВ,
Прокурори вилояти Суғд,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва муҳимияти масъалаҳои баррасигардида,  барои таъмини рушди минбаъдаи мамлакат дорои аҳамияти хос аст. Дар он дар баробари баррасии масъалаҳои барои давлатдории миллӣ муҳиму мубрам оид ба мубориза бар зидди коррупсия, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба монанди терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастуру супоришҳои мушаххас ва қатъӣ баён гардидаанд.
Бо  назардошти  ин тасмим гирифта шуд, ки ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи замин, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, корхонаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ, буҷет, асъор, ҳифзи саломатии аҳолӣ, маориф, мубориза бар зидди экстремизму терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор дода, барои риояи дақиқи қонунгузориҳои фавқуззикр тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Барои иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баёншуда, кормандони мақомоти прокуратураи вилоят бо масъулияти том ва истифодаи пурраи неруи касбӣ саъю кӯшиш хоҳанд кард.               

Абдураҳим СОЛИЕВ,
мудири шуъбаи саноат
ва энергетикаи шаҳри Хуҷанд
- Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ин нукта дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардида, дар идома таъкид шуд, ки «Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидори саноатӣ ва афзоиши коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд».
Кормандони соҳаи саноати шаҳри Хуҷанд дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат соли 2015-ум 48 корхонаи нави саноатӣ бунёд намуданд, ки дар маҷмӯъ, шумораи коргоҳҳои калону миёнаи саноатӣ ба 167 адад расид. Танҳо дар натиҷаи бунёди коргоҳҳои нав соли гузашта 729 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Саноати сабук соҳаи ҳаётан муҳими шаҳр маҳсуб меёбад, зеро дар ҳама давру замон ин бахш давлатро аз буҳрони иқтисодӣ бароварда метавонад. Давоми соли 2015 аз ҷониби 18 корхонаи саноатии шаҳр ба кишварҳои узви ИДМ ва дигар давлатҳо маҳсулоти гуногун содир шуд, ки 96,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём баён гардиданд, дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла рушди саноат боз ҳам тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ хоҳанд шуд.
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 544

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед