logo

сиёсат

ДАРВОЗ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Дар асоси  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 19 декабри соли 2015 «Дар бораи баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ин  ҷашни фархунда ва муборак дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои  Бадахшон  баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳоло  дар ноҳияи Дарвоз низ  ба ин рӯзи муборак омодагиҳои комил  ҷараён доранд.  Мардуми ин диёри бостонӣ хуб дарк менамоянд, ки баргузории ҷашни ҷумҳуриявии 19 - солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба хотири ободии сарзамини зебо ва пурасрори ВМКБ  ва аз он ҷумла як гӯшаи дар 25 соли  соҳибистиқлолии кишвар рушду нумӯънамудаи он - Дарвози бостонӣ мебошад.
Раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома баён дошт, ки:

- Нишондодҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба иҷро расонда, имрӯзҳо дар ноҳия  ба истиқболи  ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ амалҳои зиёди ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ҷо оварда мешаванд. Дар баробари ободонии маркази ноҳия - шаҳраки Қалъаи Хумб дар деҳот низ сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ  оғоз гардидааст. Аз он ҷумла  дар Ҷамоати деҳоти Нулванд сохтмони бинои нави беморхона ба маблағи 1 миллиону 725 ҳазор сомонӣ идома дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт ба бунёди бинои шуъбаи «Амонатбонк», варзишгоҳи замонавӣ,   иморати дуошёнаи муассисаи  таълимии таҳсилоти умумии рақами 2 ва инчунин корхонаи  хишти сементӣ оғоз кардаанд. Корҳои азнавсозӣ дар бинои таълимгоҳи деҳаи Рузвайи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб низ  сар шудааст.
 Мардуми ВМКБ барои фардои дурахшони худ бунёд гардидани шоҳроҳи  Душанбе - Кӯлоб – Дарвоз - Хоруғ - Қулмаро, ки меъмори асосии он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бузургтарин ҳадя дар асри навин, бебаҳотарин дастоварди  даврони истиқлолияти кишвар медонанд.  Ба истиқболи ҷашни фархундаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз сохтмон ва азнавсозии  беш аз 20 иншоот тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар аксарияташон оғоз шудаанд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 395

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед