logo

сиёсат

ХУРОСОН. БУНЁДИ БОҒИ БА НОМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ

23 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф овард ва бо ҳолати боғу токзори намунавӣ шинос шуда, дар маъракаи ҳашари умумӣ барои бунёди Боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар майдони 160 гектар иштирок кард.

Меҳнаткашони вилояти Хатлон соли 2015 беш аз 2 миллион тонна сабзавот, полезиҳо, картошка ва меваю ангур истеҳсол карданд ва нисбат ба соли 2014 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар афзоиш ёфт. Соли ҷорӣ дар вилоят 1147 гектар боғу токзори нав бунёд мегардад. Дар 5 соли оянда бошад, бунёди 5720 гектар боғу токзор ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар боғи навбунёд ниҳоли себ шинонд.
Барои саҳм гузоштан дар ин маъракаи муҳим, ки ташаббускори асосиаш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, сокинони ноҳияи Хуросон ва аъзои Хоҷагии фермерии "Асадулло" ҷамъ омаданд.
Дар ин хоҷагӣ давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди он, аз ҷумла Новелла, Даря, Эрлимак, Редфрӣ, Дейтон, Прима, Флорина, Либертӣ, Голдраш, Чемпион, Пинова, Фуджӣ, Грани Смит ва ғайра шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ боғу токзори хоҷагӣ 2017 гектарро ташкил медиҳад. Акнун бо бунёди боғи нав беш аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмӯъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ 114,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз 500 гектар боғ бунёд намоянд.
Дар ин ҷо бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд.
Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пеш бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд.
Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки Президенти мамлакат бо амалӣ кардани он ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд, бунёди ҳазорон гектар боғи нав ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ мебошад. Танҳо дар заминҳои Хоҷагии фермерии "Асадулло" солҳои охир бо афзоиши майдони боғу токзор зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин шудааст.
Хоҷагӣ дар ихтиёри худ ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд. Боғу токзор ва зироатҳои ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ мешаванд. Барои ин 2 миллиону 200 ҳазор метр лӯлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст.
Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии фермерии мазкур парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахӯд, зағир, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст.
Дар ҳашари умумӣ ҳазорҳо адад навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ шинонда шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва аҳамияти он маслиҳатҳои муфид дод. Бунёди боғҳои нави меваҳои содиротӣ барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум манфиатбахш маънидод гардид.
Ҳукумати мамлакат барномаи нави рушди  соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 -ро қабул намуда, мавриди амал қарор дод, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.
Таҷрибаи боғпарварони Хоҷагии фермерии "Асадулло" дар ҷумҳурӣ намунаи ибрат буда, он ба як мактаби хуби таҷрибавии олимону мутахассисони соҳа ва ҳунаромӯзии донишҷӯёну мактаббачагон табдил ёфтааст.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар аз ҳар рӯзи мусоид  пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти куҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 464

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед