logo

ҳуқуқ

ХАТАРИ МУХАДДИРОТ БАРОБАРИ САВДОИ СИЛОҲ ВА ҚОЧОҚИ ИНСОН АСТ

Хатароти марбут ба мухаддирот дар радифи таҳдидҳои дигар, ба мисли савдои силоҳ ва қочоқи инсон қарор дорад, ки аз сӯе барои ширкаткунандагонаш фоидаи калон оварда, аз ҷониби дигар барои ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар ин самт, дар вилояти Суғд корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда шуда, ҳаштод вохӯрӣ, чор мизи мудаввар ва биступанҷ чорабинии зиддинашъамандӣ ташкил ва гузаронда  шуд.
- Дар натиҷаи роҳандозии корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соли гузашта 44 ҷиноят ошкор гардид. Барои содир намудани ин ҷиноятҳо 73 нафар, аз ҷумла ҳафт шахси қаблан судшуда, ду зан, як ноболиғ ва як шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, - иброз дошт Музаффар Ҳотамӣ, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд. Бино ба иттилои ӯ, дар ҳудуди вилоят соли гузашта 151 килограмму 499 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст. Дар натиҷаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ фаъолияти се гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша дар ҳайати панҷ нафар қатъ шуда, аз онҳо 54 килограмму 262 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид.
Гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо фаъолияти ғайриқонунии худ метавонистанд зиндагии ширини чандин оилаҳоро заҳролуд намоянд. Барои чунин ашхоси манфиатхоҳ ба ҷуз аз қонеъ гардондани талаботу нафси худ саломативу ояндаи атрофиён арзише надорад. Махсусан, дар ду соли охир ба истеъмоли ҳабҳои синтетикӣ даст задани иддае аз ҷавонони ноогоҳ дар тарабхонаву марказҳои дилхушӣ боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст. Ин аст, ки соли сипаришуда аз тарафи кормандони раёсат 80 дона ҳаби синтетикии навъи метамфетамин мусодира гардид. Мувофиқи хулосаи табибону равоншиносон, истеъмоли чунин ҳабҳои сахттаъсир гардиши хун, ҳофиза ва худидоракунии организми зиндаро тағйир дода, рағбати шахсро ба амалҳои шаҳвонӣ ва девонагӣ бедор мекунад.
- Ҳамкории раёсат бо ҳамтоёни қирғизистонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо ба ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муштарак оид ба ошкор, коркард ва қатъ намудани масирҳои ғайриқонунии интиқоли маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи фаромарзӣ, ба роҳ мондани чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда ва таблиғотии зиддинашъамандӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ, ҳамчунин ҷараёни татбиқи нақшаи ҳамкориҳои байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2015-2016 мувофиқа ҳосил карданд, - изҳор дошт Шуҳратҷон Абдуллозода, нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд.
Муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояткориҳо, хосатан ҷиноятҳои марбут ба мухаддирот мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовар ва шуъбаҳои минтақавии онро ба масъулияти бештар водор месозад ва бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир карда, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъоварро мубориза бо терроризм хонд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 287

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед